Аз 30-юми май дар Эрон сабти номи довталабон сар шуд ва рӯзи 3-юми июн ба поён мерасад. Ба далели марги Иброҳим Раисӣ 28-уми июн бояд дар ин кишвар интихоботи зудҳангом баргузор шавад. Дар ҳоле ки Теҳрон дар ҳоли омода шудан ба ин рухдоди муҳими сиёсист, расонаҳои кишварҳои шарик ҳамчунон дар мавриди тадовуми раванди сиёсии Раисӣ гумоназанӣ мекунанд.
Коршиносон яке аз вижагиҳои ин равандро “сиёсати шарқӣ”, бартарият додан ба тақвияти муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, меноманд. Дар чаҳорчӯби ин сиёсат Теҳрон дар замони раёсати Иброҳим Раисӣ робитаро бо Душанбе хуб кард, ки шурӯъ аз соли 2015 ба поинтарин сатҳ расида буд
Саҳифаи нав бо омадани Раисӣ?
"Дар даврони ҳукумати Сайид Иброҳим Раисӣ Тоҷикистон ва Эрон робитаи худро аз саҳифаи тоза шурӯъ карданд ва бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои солҳои охир таърифи қоидаҳои бозиро мушаххас карданд, ки риоят шудани онҳо ва ба вуҷуд наомадани мушкилот замонат дода шуд," -- гуфтааст рӯзноманигор Қосими Бекмуҳаммад дар мусоҳиба бо "Азия-Плюс".
Ӯ таъкид кардааст, ки дар даврони раёсати Раисӣ муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ низ байни ду кишвар беҳбуд ёфт (270 миллион доллар дар соли гузашта) ва заминаҳои нав барои ҳамкорӣ шакл гирифт, ки дар дарозмуддат натиҷаҳои мусбат хоҳад дошт.
Темур Умаров, пажуҳишгари Маркази Карнегӣ дар Берлин, ҳадс мезанад, ки наздикии Тоҷикистон ва Эрон дар даврони раёсати Раисӣ тавъам уфтод ва ба шахсияташ рабт надорад.
“Ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон дар пасманзари ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон барои тақвияти робитаи худ бо кишварҳои ҳамсоя исрор дошт. Илова бар ин, омилҳои тарсноки қаблии ҳимоят аз ҲНИТ ва фаъолони мухолифи тоҷик аз сӯи Эрон дигар қобили таваҷҷуҳ нестанд, чун Эмомалӣ Раҳмон амалан ҳамаи садоҳои мухолифро дар дохил нобуд кард. Аз ин рӯ, наздикшавӣ бо Эрон аз нигоҳи амнияти низом дигар хатарнок ба назар намерасад”, - мегӯяд Умаров.
Гарм шудани равобит
Наздикии Тоҷикистон ва Эрон соли 2019 пас аз имзо шудани протокол дар бораи ҳамкорӣ шурӯъ шуд. Тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон Эрон омодагии худро барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти аъзои созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро дар ин кишвар эълон кард. Коршиносон он замон мегуфтанд, Душанбе ба дунболи ин буд, ки Эрон аз ҳимояти Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст бикашад.
Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон моҳи сентябри соли 2021 барои иштирок дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе омад. Моҳи майи соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон низ бо як сафари ҷавобӣ ба Эрон рафт. Ин сафар як ҳафта пас аз он сурат гирифт, ки Эрон расман ифтитоҳи корхонаи тавлиди паҳбоди "Абобил-2" дар Тоҷикистонро эълом кард.
Бо таваҷҷуҳ ба даргирии мусаллаҳонаи Душанбе ва Бишкек ва ҳимояти низомӣ-фаннии Туркия аз Қирғизистон ин амалкарди Теҳрон ба маънии ҳимояти мустақим аз Тоҷикистон ба назар мерасид. Моҳи июли соли 2023 Эрон узви комили Созмони ҳамкории Шанхай шуд. Ин амр танҳо пас аз он имконпазир шуд, ки Тоҷикистон на танҳо мухолифташаро пас гирифт, балки талабгори увзияти Эрон дар ин созмон шуд.
Ояндаи муносибат
Дар тӯли як соли охир тамосҳои расмӣ байни роҳбарони сиёсии Тоҷикистон ва Эрон дар сутуҳи мухталиф дар ҳоли густариш аст. Моҳи ноябри соли 2023 ин ду кишвар дар мавриди лағви низоми раводид тавофуқнома имзо карданд, ки то ҳоло иҷро нашудааст. Моҳи январи соли ҷорӣ Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ба Эрон сафар кард. Дар натиҷаи ин сафар 15 санади байнипорлумонӣ дар заминаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва башардӯстӣ имзо шуданд.
Қаблан коршиносон ба он ишора доштанд, ки Эрон дар пасманзари фаъол шудани Туркия дар Осиёи Марказӣ новобаста аз камбуди манобеъ ба ташдиди ҳузури худ дар ин минтақа идома медиҳад. Бандари Чобаҳор яке аз абзорҳои муҳим гуфта мешавад, ки Теҳрон мехоҳад онро ба маркази бузурги ҳамлу нақли коло табдил бидиҳад.
“Ман фикр мекунам, ки ҷонишини Раисӣ талош хоҳад кард, ки муносибатро бо Тоҷикистон таҳким бахшад. Эрон ба дӯстон ниёз дорад ва нигарониаш аз вазъи Афғонистон бо Тоҷикистон яке аст. Гармшавии равобит идома хоҳад дошт”, - мегӯяд пажуҳишгари амрикоӣ Брюс Панниер.
Ба гуфтаи Қосим Бекмуҳаммад, набуди Раисӣ ба сиёсати хориҷии Эрон таъсири назаррас нахоҳад дошт, чун масири роҳбурдии сиёсати хориҷии Теҳрон аз сӯи роҳбари Эрон таъйин мешавад, ки чанд муддат қабл аз тағйир наёфтани он гуфт.
Темур Умаров мегӯяд байни кишварҳо (Эрон-Тоҷикистон-Руссия) самти нави ҳамкорӣ дар заминаи тавлиди паҳбод ба вуҷуд меояд, ки нишондиҳандаи тағйир наёфтани муносибат пас аз марги Раисӣ аст.
Робитаи ин ду кишвар соли 2015 ба поинтарин сатҳ расид. Душанбе Эронро дар ҳимоят аз Ҳизби наҳзати исломӣ, талош барои табадуллоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам кард. Расонаҳои Эрон мақомоти Тоҷикистонро ба дуздидани пули тоҷири эронӣ Бобак Занҷонӣ, ки дар Эрон ба хотири дуздии пули Вазорати нафт боздошт шуда буд, муттаҳам карданд.
Ба ҷуз аз масъалаи ҲНИТ ва Занҷонӣ мавзӯи қарзи ҳудуди 800 миллион доллари Тоҷикистон дар назди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда” дар дастури кори робитаи ду кишвар қарор дорад.