Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хидматгузори мардум" ё "Қассоби Теҳрон"? Иброҳим Раисӣ кӣ буд?


Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон дар садамаи чархбол ҳалок шуд.
Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон дар садамаи чархбол ҳалок шуд.

Иброҳим Раисӣ, президенти муҳофизакори тундрави Эрон, ки бисёриҳо ӯро раҳбари рӯҳонии ояндаи Эрон меномиданд, дар 63-солагӣ даргузашт.

Чархболе, ки Раисӣ ва вазири корҳои хориҷии ҳукуматаш савори он буданд, рӯзи 19-уми май дар баландкӯҳҳои шимолу ғарби Эрон ҳангоми бозгашт аз вилояти Озарбойҷон сарнагун шуд ва ҳама мусофиронаш кушта шуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷи Эрон ӯро як раҳбари саркубгар ва золим медонанд, ҳарчанд тарафдоронаш дар дохили кишвар ӯро раҳбари мардумӣ ва хидматгузори халқ унвон мекунанд.

Раисӣ ва Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аксаран аз замони раҳбарии ӯ ба хубӣ ёд мекунанд, чун бисёриҳо бар ин боваранд, ки маҳз пас аз президент интихоб шудани Раисӣ дар соли 2021 муносибати Душанбе бо Теҳрон хуб шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ дар номаи ҳамдардиаш ба мардуми Эрон Раисиро “шахсияти барҷаста”-е номидааст, ки дар густариши ҳамкориҳо ва муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст.

Соли 2015 Душанбе Теҳронро дар пуштибонӣ аз Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки он замон дар Тоҷикистон террористӣ эълон шуда буд, айбдор кард. Ҳарчанд, Теҳрон ва ҲНИТ ин иттиҳоми мақомоти тоҷикро беасос номида буданд, вале муносибатҳои ду кишвар ба поинтарин сатҳ расид. Ҳамчунин президенти вақти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бештар гирифтори гуфтушуниди ҳастаии Эрон бо Ғарб буд ва қазияи 2,5 миллиард доллари Бобаки Занҷонӣ, ки гуфта мешавад, дар Тоҷикистон монд, фазоро тира карда буд.

Дар замони президентии Раисӣ бар пояи масъалаҳои амниятӣ равобити ду кишвар дубора беҳбуд ёфт. Моҳи ноябри соли 2023 Иброҳим Раисӣ бо ҳамсараш Ҷамила Аламулҳудо ба Тоҷикистон омад. Муҳимтарин ҳосили сафари ӯ созиши бекор кардани сафари бидуни раводид миёни Эрону Тоҷикистон буд. Ҳеч гоҳ миёни Тоҷикистону Эрон чунин низом вуҷуд надошт, аз ин рӯ, коршиносон инро баландтарин сатҳи ҳамкорӣ миёни ду кишвар номида буданд.

Садоқат ба раҳбари Рӯҳонӣ

Дар дохили Эрон нигоҳ ба шахсияти ӯ гуногун аст. Раисӣ, ки аз ҳимояти раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманайӣ бурхӯрдор буд, дар низоми додситонӣ ва додгоҳии ин кишвар солҳои тӯлонӣ кор кардааст ва замони корашро аз сиёҳтарин саҳифаи таърихӣ ҷумҳурии исломӣ медонанд.

Дар низоми ҳукумати ҷумҳурии исломии Эрон амалан ин кишварро раҳбари рӯҳонӣ идора мекунад ва президент бе розигии ӯ тасмим гирифта наметавонад.

Ин рӯҳонии муҳофизакор дар таъқиби эътирозҳои зиддидавлатии соли 2022-юм ва тақвияти нақши қонунҳои шариат дар Эрон саҳми бузург доштааст.

Эътирози саросарӣ дар Эрон дар соли 2022-юм пояҳои ҳукумати ҷумҳурии исломиро, ки 43-соли пеш таъсис ёфта буд, ларзонд.

Ҳукумат садҳо эътирозгарро ба қатл расонда, ҳазорҳо нафари дигарро ба ҳабс гирифт, аммо Раисӣ аз таъқиби хунин пуштибонӣ карда, исрор меварзид, ки гирдиҳамоиҳо бо ташаббуси нерӯҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои мухолифи ҷумҳурии исломӣ ташкил шудаанд.

Алӣ Воиз, таҳлилгари аршади эронӣ дар Гурӯҳи Байнулмилалии Бӯҳроншиносӣ мегӯяд, замони президентии Раисӣ бо зиёд шудани ихтилофҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва бад шудани робитаҳои Эрон бо кишварҳои ғарбӣ дар зеҳнҳо нақш хоҳад баст.

“Қассоби Теҳрон”

Раиси соли 1960 дар шаҳри Машҳад ба дунё омада, ибтидо дар ҳамон ҷо ва сипас дар мадрасаи Қум зери сарпарастии Оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ва дигар рӯҳониёни маъруфи Эрон улуми динӣ ва ҳуқуқи исломиро аз бар кардааст.

Раисӣ дар соли 1988 вақте дар низоми додгоҳии Теҳрон тасмимгиранда буд, ҳукмҳои қатли дастаҷамъии мухолифини сиёсиро содир кард, ки баъдан мардум ба ӯ лақаби "Қассоби Теҳрон"-ро доданд. Дар соли 1989 Оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ба мақоми валии фақиҳ ва ё раҳбари рӯҳонии Эрон интихоб шуд. Ҳамон сол Хоманайӣ Раисиро додситони Теҳрон таъйин кард.

Раисӣ дар соли 1988 баъди судури ҳукмҳои қатли дастаҷамъии мухолифини сиёсӣ лақаби "Қассоби Теҳрон"-ро касб кардааст. Дар соли 1989 оятуллоҳ Алии Хоманайӣ ба мақоми валии фақиҳ ва ё раҳбари рӯҳонии Эрон интихоб шуд. Ҳамон сол Хоманайӣ Раисиро додситони Теҳрон таъйин кард.

Ӯ солҳои тӯлонӣ дар мансабҳои калидӣ дар низоми додгоҳу додситонии Эрон кор кард. Соли 2014-ум Раиси додситони кулли Эрон интихоб шуд, вале баъди ду сол бо дастури Хоманайӣ раҳбари Бунёди "Остони қудси разавӣ", яке аз муассиртарин ва сарватмандтарин хазинаҳои хайрияи Эрон таъин гардид.

Дар интихоботи президентии соли 2017-ум Раисӣ ҳамчун номзади нерӯҳои муҳофизакор дар интихоботи президенти иштирок кард, вале бо 38 дарсади раъйҳо аз Ҳасани Рӯҳонӣ шикаст хӯрд.

Ҷойнишини эҳтимолии раҳбари олӣ

Баъди ду сол ӯ раҳбари ҳукми қазоӣ ё худ додгоҳи олии Эрон интихоб шуд. Соли 2021-ум рӯҳониёни муҳофизакор даҳҳо номзади муътадил ва ҷонибдори ислоҳотро аз сабқати президентӣ дур карда, роҳро барои пирӯзии Раисӣ боз намуданд.

Ҳамин тариқ ҳар се шохаи ҳукуматдории Эрон ба зери назорати рӯҳониёни мутаассибу муҳофизакор гузашт.

Дар замони раёсатҷумҳурии Раисӣ Эрон бо Чину Русия наздик шуда, душмании ҷумҳурии исломӣ бо ИМА ва Исроил амиқтар шуд.

Дар интихоботи моҳи март Раисӣ курсиаш дар Маҷлиси Хибрагони раҳбарии Эронро ҳифз намуд. Тибқи Сарқонуни ин кишвар раҳбари рӯҳонӣ маҳз аз тарафи ҳамин маҷлис интихоб мешавад. Коршиносон пешбинӣ мекарданд, ки Раисӣ раҳбари ояндаи рӯҳонӣ дар Эрон интихоб мешавад. Зоҳиран, марги нобаҳангоми ӯ талош барои қудрат дар ҷумҳурии исломиро ба вуҷуд хоҳад овард.

Аз Иброҳим Раисӣ ду духтар монд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG