1) Ш. Зуҳуров...Оғози пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ

Акс аз бойгонӣ

Аз 30 декабр дар Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ расман шурӯъ шуд. Пешбарии номзадҳо 15 рӯз давом мекунад.

Дар нахустин рӯзи пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ Шукурҷон Зуҳуров, раиси кунунии Маҷлиси намояндагон барои боз як давра ба вакилии ин маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон пешбарӣ шудааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон гуфт, Зуҳуровро дар анҷумани муштараки созмонҳои маҳаллии ҳизби ҳокими халқии демократӣ бо ширкати намояндагон аз навоҳии Рашту Нурободов, Ҷиргатолу Тоҷикобод ва Тавилдара пешбарӣ кардаанд. Ин анҷуман дар шаҳраки Ғарм, маркази ноҳияи Рашт доир шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров дар интихоботи соли 2010 низ аз ҳамин ҳавзаи Рашт вакил ва баъдан раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Ӯ акнун барои давраи дуюм мехоҳад курсии вакилиро аз ин ҳавза ба даст биорад.

Тибқи қонуни интихоботи порлумони Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ 60 рӯз пеш аз интихобот шурӯъ шуда, 15 рӯз давом мекунад. Интихоботи навбатии маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1 март таъин шудааст ва ба ин далел, пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ 30 декабр оғоз ёфт.

Ҳаққи пешбарии номзадҳо асосан ба аҳзоби сиёсӣ дода шудааст, вале шаҳрвандони алоҳида низ метавоннад аз тариқи худпешбарӣ барои курсии вакилии порлумон вориди мубориза шаванд. Барои номзадҳои мустақил супурдани имзои дастикам 500 интихобкуннада аз ҳавзае, ки мехоҳад худро номзад кунад, шарт аст. Аммо барои номзадҳои аҳзоби сиёсӣ танҳо шарт баргузории анҷумани созмонҳои маҳаллии ҳизбест, ки ӯро пешбарӣ мекунад. Ҳамин тавр, ҳамаи номзадҳо бояд 4000 сомонӣ гаравпулӣ бисупоранд, ки дар сурати шикасташон дар интихобот ба хазинаи давлат меравад.

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон иборат аз 63 курсист. 22 курсии он ба аҳзоби сиёсӣ ихтисос дода шудааст, ки аксар рӯйхатҳои номзадҳои худро ба ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ алакай таҳия ва бо баргузории анҷуманҳои худ пешбарӣ кардаанд. 41 вакили дигари ин маҷлиси порлумон аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд. Ба ин манзур дар кишвар 41 ҳавза ва беш аз 3000 қитъаҳои интихоботӣ ташкил шудааст. 35 нуқтаи дигаори овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот дар назди намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Амрикову Аврупо ва Русия кор хоҳанд кард.

Ҳамзамон бо 63 вакили Маҷлиси намояндагон рӯзи 1 март интихобкунандагон дар Тоҷикистон вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва маҷлисҳои ҷамоатиро низ интихоб мекунанд. Баъдан маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ бояд як бахши вакилони Маҷлиси мимллӣ – маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистонро интихоб кунанд. 10 вакили дигари Маҷлиси миллиро раисиҷумҳури Тоҷикистон пешбарӣ мекунад ва Қаҳҳор Маҳкамов ба унвони раисиҷумҳури собиқ вакили умрбоди ин маҷлиси порлумон мебошад.

То кунун ягон интихобот дар Тоҷикистон, аз ҷумла ягон интихоботи порлумониаш, аз сӯи нозирони байналмилалӣ, бавижа аз тарафи нозирони САҲА озоду одилона ва ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи демократӣ эътироф нашудааст. Дар пешорӯи интихоботи порлумонии соли 2015 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти давлаташ даъват кард, то монеъи муборизаи воқеъии номзадҳо барои курсиҳои вакилӣ нашаванд. Оқои Раҳмон дар як ҷаласаи ҳукумат аз ҷумла аз ширкати худаш дар интихоботи порлумонии соли 1990, ки ҳанӯз Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, ёд овард ва гуфт, агар шароит барои як муборизаи озодона фароҳам намебуд, ӯ, ки он замони раиси як колхоз буд, наметавонист дар рақобат бар номзадҳои пурнуфузе, чун додситони вақти ноҳияи Данғара пирӯз шавад.

Ба дунболи ин даъват, мақомоти Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфтанд, ки баргузории як интихоботи аз нигоҳи озодӣ ва шаффофияташ бесобиқаеро дар соли 2015 кафолат медиҳанд.

Аммо намояндагони аҳзоби мухолиф ба ин ваъда чандон бовар намекунанд. Онҳо мегӯянд, агар ҳукумат барои доир кардани як интихоботи дар воқеъ демократӣ иродаи кофии сиёсӣ медошт, монеъи таҳрири ҷиддии қонуни интихобот намешуд. Қабл аз интихоботи соли 2015 порлумони Тоҷикистон қонуни интихоботро бозбинӣ кард ва аз ҷумла ҳаҷми гаравпулӣ барои номзадҳоро ду баробар кам кард, вале пешниҳодҳои ҷиддитари мухолифин, аз ҷумла пешниҳоди танҳо аз ҳисоби намояндагии баробари аҳзоби сиёсӣ ташкил додани кумиссиюнҳои интихоботиро напазируфт.