Рӯзи 20 декабри дар шаҳри Душанбе Анҷумани 13-уми Ҳизби демократии Тоҷикистон бо ширкати 72 вакил доир шуд ва феҳрасти номзадҳои ин ҳизб ба ҳавзаи умумиҷумҳурияӣ эълон шуд, ки чаҳор – Саидҷаъфар Исмонов, Маҳмудҷон Холов, Таваралӣ Зиёев, Аҳмадшоҳ Комилзода шомили он мебошанд. Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳоли ҳози 4980 аъзо доранд ва раҳбарияи ин ҳизб мегӯянд, ки ҳамакнун 18 ҳазор нафар барои узвият ариза пешниҳод кардаанд, ки мавриди омӯзиш қарор доранд.
Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии кишвар аст, ки дар парлумони феълии кишвар намояндаи худро надорад. Дар парлумони кунунии Тоҷикистон аксарияти курсиҳо ба Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ тааллуқ доранд ва ба Ҳизбҳои наҳзати исломӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, аграрӣ ва коммунистӣ дутои курсӣ насиб шудааст. Аммо талошҳои се ҳизб -- ҲСТ, ҲДТ ва ҲСДУ барои шомили парлумон шуданд, то кунун бенатиҷа будааст.
То ба ҳол шаш ҳизби сиёсӣ дар анҷуманҳои худ феҳрасти номзадҳои худро ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардаанд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1-уми марти соли оянда баргузор мешавад.
Хабарнигори Озодӣ дар поёни анҷуман аз раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов пурсид, ки чаро чеҳраҳои нав ва номзадҳо аз ҳисоби ҷавонон набуданд?
Исмонов: Дар парлумон бояд шахсони кордида ва мутахассис бошанд. мо номзади илм ва коршинос интихоб кардем. Ману Маҳмудҷон Холов фикр мекунам он қадар пир ҳам нестем. Агар дар нигоҳи шумо пир шуда бошем, аммо дили мо ҷавон аст. Лекин ҳамон ҷавоне, ки мутобиқат кунад ба парлумон дар диди мо набуд. Пайдо накардем. Мо мехоҳем дар парлумон нафарони кордида бошанд, ки дар як соҳа хуб фаъолият карда бошанд. Қонунгузорӣ ва аз ҳама асос сиёсатро дуруст фаҳманд.
Дар тамоми навоҳии кишвар ҳизби мо кор карда истодаанд. Дар қатори мо боз дигар ҳизбҳо низ ҳастанд, ки нуфузи бештар доранд. Ҳизби ҳокими халқи демократӣ, ки хело нуфузи баланд дорад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҷонибдорӣ зиёд дорад. Дигар аҳзоб низ, ки 5 соли охир мо фаъолият накарда будем, онҳо фаъолият карданд. Нуфузу таҷрибаи дигар низ доранд. Мо рақибони худро нодида намегирем. Рӯйхатро 20 нафар ҳам кардан мумкин буд, аммо мо қувваи реалии худро нигоҳ кардем. Қабл аз он, ки мо вориди майдони сиёсат мешавем, бояд ба инобат гирем, ки то чӣ андоза нуфуз дорем.
Озодӣ: Чаро ҳизб ҳадди ақал як номзади зан пешниҳод накард?
Исмонов: Ҳизби демократ дар парокандагӣ қарор дошт. Мо соли 2012 ҳизбро қариб аз нав эҳё кардем. Бо ин далел онҳоеро, ки медонем ва пешниҳод кардем, синну соли нафақа буданд. Масалан Зуҳро Мирзоева гуфтанд, ки “хоҳиш мекунам маро пешниҳод накунед. Ман дар нафақа ҳастам вакили порлумон ва ҳатто агар вазир ҳам гӯед кор карда наметавонам.” Мо ку наметавонем онҳоро маҷбур кунем. Гулнора Ғозиева, ки ҷавон ҳам ҳаст гуфт: “Ман муаллим ҳастам ва касби худамро дӯст медорам.” Ҷайчиева бошад ду сол мешавад ҳатто ба дафтари ҳизб наомадааст."
Аммо дар ҳамин ҳол Зуҳро Мирзоева, раиси Ҳизби демократи дар шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳизбашон занҳои фаъол зиёданд, аммо ягон нафари онҳо пешниҳод нашуданд. Дар ин масъала пештар чизе гуфта нашуд. Яку якбора шӯрои ҳизб шуд ва тасмими пешниҳод шудани 4 касро гирифтанд. Аммо тасмим ҳаст, ки аз ҳисоби занҳо барои вакили шаҳру ноҳия шудан номзадҳо пешниҳод шаванд.
ТАЪРИХЧАИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН
Ҳизби демократии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, то оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз аҳзоби пурнуфуз ба шумор мерафт. Вале аз миёнаҳои солҳои 90 ба ин сӯ ин ҳизб пайваста дар чанги кашмакашҳои дохилӣ қарор дошт ва нуфузи қаблиашро аз даст дод. Нахустин раиси ин ҳизб Шодмон Юсуф ва раҳбарии кунунии ин ҳизбро Саидҷаъфар Усмонов ба дӯш доранд. Саидҷаъфар Исмонов моҳи декабри соли 2012 дар натиҷаи як “кашмакаш”-и дохили ҳизбӣ, раиси ҲДТ интихоб шуд.
Нахустин “тарафкашӣ” дар ҲДТ ҳанӯз ба солҳои аввали фаъолияташ бармегардад. Вақте дар интихоботи поёни соли 1991 Раҳмон Набиев ғолиб омад ва президенти Тоҷикистон шуд, ҲДТ дар мухолифат бо давлати ӯ қарор гирифт. Он замон Абдулло Очилов ва Мирзо Самиев - ду тан аз раҳбарони аз ин мавзеъгирии раҳбари вақти ҲДТ Шодмон Юсуф норозӣ -дар як изҳороти пурсарусадо, ки тавассути телевизиони давлатӣ нашр шуд, намоишкорона аз ҳизб рафтанд.
Дар миёнаҳои солҳои 90, вақте Шодмон Юсуф, ки дар Эрон дар ғурбат қарор дошт, мавқеъи Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар музокироти сулҳ бо давлати Эмомалӣ Раҳмонро напазируфт, ҲДТ ба ду ҷиноҳ –Платформаи Теҳрон, ки тарафдорони Шодмон Юсуфро муттаҳид мекард, ва Платформаи Алма-Ато тақсим шуд. Баъди имзои созишномаи сулҳ ва сабтиноми дубораи ҲДТ, ки фаъолияташ аз соли 1993 бо қарори Додгоҳи олӣ манъ шуда буд, вакилони анҷумани ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров,аз фармондеҳони бонуфузи мухолифин дар минтақаи Тоҷикободи водии Рашт ва танҳо демократ дар миёни фармондеҳони ҷангро раис интихоб карданд.
Искандаров, ҳамин тавр, тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси ширкати давлатии “Тоҷиккоммунсервис” ва баъдан раиси “Тоҷикгаз” таъйин шуд. Вале дар пайи боздошт ва маҳкум ба 23 соли зиндон шудани Искандаров дар соли 2005 ин марҳалаи суботи оромӣ дар сафҳои ҲДТ дубора ба поён омад ва байни аъзояш бар сари таъсими “мероси Искандаров” моҷаро бархост.
Маҳз дар ҳамон рӯзҳо раиси феълии ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов ба ҳизб омад. Ин соҳибкор ва собиқ мудири маркази техникии Кумитаи радио ва телевизион, дар соли 2006 дар ҳоле ба сафи ҲДТ пайваст, ки ин ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуда буд.
Як ҷиноҳро муовини раиси ҳизб Раҳматулло Валиев сарварӣ мекард ва тарафдорони ӯ мехостанд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки бо ҳукми додгоҳ ба сирқати амволи иттиҳодияи "Тоҷикгаз" айбдор ва зиндонӣ шудааст, ба ҳайси раҳбари ҳизб боқӣ бимонад. Мухолифони ин ақида ҷиноҳеро бо номи "Ватан" таъсис дода буданд, ки ба он Масъуд Собиров, устоди собиқи риштаи молияву иқтисоди Донишгоҳи миллӣ ва бародарзодаи шоъир маъруф Бозори Собир раҳбарӣ мекард.
Дар ҳамон рӯзҳои мубориза бо ҷиноҳи Искандаров Собиров Саидҷаъфар Исмоновро ба ҷиноҳи "Ватан" овард. Ҳарду якҷоя тавонистанд ҷиноҳи Искандаровро ба ҳошия биронанд, вале баъди ин байни ду муттаҳиди собиқ ба истилоҳ “пишаки сиёҳ гузашт.
Дар поёни соли 2006 ва моҳи январи 2007 Собиров ва Исмонов ҳар кадом бо баргузории ҳамоиши тарафдороншон худро раиси ҲДТ эълон карданд. Аммо он дафъа вазорати адлия анҷумани баргузоркардаи Собировро қонунӣ хонда, ӯро дар мақоми раиси ҳизб эътироф кард. Собиров дар соли 2008 Саидҷаъфар Исмоновро барои зарба задан ба обрӯву эътибораш ҳамчун раиси ҳизб ба додгоҳ кашид ва пирӯз ҳам гашт. Дар поёни соли 2012 мурғи иқбол ин бор рӯи шонаҳои Исмонов нишаст ва ӯ бо кумаки собиқадорони ҲДТ Масъуд Собировро барканор карда ва худ ба раёсати ҳизб нишаст.