Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳам 28 номзад пешниҳод кард


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон феҳрасти номзадҳои худ ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро эълон кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар медиҳад, ки Анҷумани қабл аз интихоботии ин ҳизб дар ҳоли ҳозир бо ширкати беш аз 500 вакил идома дорад ва феҳрасти 28 нафараи номзадҳои ин ҳизб мушаххас шудаанд.

Дар феҳрасти мазкур дар ҷои аввал номи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҷой дода шуда ва дар ҷои дуввум Саидиброҳими Назар, муовини раиси ҳизб қарор гирифтааст. Дар ҷои севум Муҳаммадҷони Нурӣ -- фарзанди раҳбари фақиди ҲНИТ Саид Абдулоҳи Нурӣ меистад ва дар ҷои чорум Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҳизб ҷой дода шудааст. Зарафо Раҳмонӣ дар ҷои панҷум ва Саидумар Ҳусайнӣ, ки дар рӯйхати интихоботи соли 2010 дар ҷои дувум буд, ин бор дар ҷои шашум қарор дода шудааанд.

Дар ин рӯйхат аз чеҳраҳои боризи ҳизб номҳои Шоҳнаими Карим, Воҳидхони Қосиддин, Қиёмиддини Аваз, Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, Хайринисо Саидова, Илҳом Ёқубов, Раҳматулои Раҷаб ва Руқия Нурӣ -- духтари Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ ба чашм мехӯранд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз умдатарин аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба гуфтаи масъулони ҳизб, беш аз 40 ҳазор аъзо дорад. Ин ҳизбро дар парлумони феълии кишвар ду вакил -- Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ мекунанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 1973 ба таври пинҳонӣ таъсис шуда ва соли 1991 ба таври расмӣ сабти ном шуд. Дар соли 1993 баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати феълӣ фаъолияти ҲНИТ аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардид.

ҲНИТ яке аз ташакулҳои умдаи сиёсӣ ва низомӣ дар ҳайъати Иттиҳоди Мухолифини Тоҷикистон буд. Ба дунболи имзои созишноми сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифон, ҲНИТдигарбора иҷозаи фаъолият ёфт ва ҳоло яке аз умдатарин гурӯҳҳо дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG