Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки Комиссияи вижаи ҳукуматӣ дар ҳоли ҳозир қонунмандии системаи мухобиротии NGN-ро месанҷад. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, ин масъала ба таври хеле ҳам ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "мо ин масъаларо аз нигоҳи онки то куҷо ба амният хатар дорад ва то куҷо дастраси гурӯҳҳо тундрав мешавад, мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Вале дар айни замон агар басташавии он ғайриқонунӣ бошад, чораҳои зарурӣ меандешем."
Посухи видеоии додситони кул дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Авоили моҳи ҷорӣ дар пайи баста шудани системаи мухобиротии NGN Комиссияи вижаи ҳукуматӣ ба Додситонии кулли Тоҷикистон супориш дод, ин масъаларо мавриди санҷиш қарор диҳад. Дар пай, бар асоси супориши ин комиссия, додситонӣ аз ширкатҳои мухобиротӣ тақозо кард, ки низоми кор ва ҳам дурустии басташавии NGN-ро бисанҷад.
Рӯзи 18-уми декабри соли 2017 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба унвони даҳ ширкати ироакунандаи хадамоти мобилӣ нома навишта, ба онҳо хабар дод, ки муҷаввизи анҷоми хадамоти NGN-и онҳо бекор карда мешавад.
Тибқи маълумоти ахир, шумораи истифодабарандагони NGN дар Тоҷикистон наздик ба 1 миллион нафар ҳастанд ва аксарияти онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд.
Зимнан, рӯзи 20-уми декабр матни як номаи Кумитаи андози Тоҷикистон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки дар он гуфта мешуд, қимати гуфтугӯҳо тариқи NGN назар ба тамоси мобилии муқаррарӣ 10 баробар арзонтар аст. Ба ин хотир, Кумитаи андоз чунин меҳисобад, ки аз ҳамин ҳисоб бахши даромади буҷети Тоҷикистон зарар мебинад.
Манъи NGN мардум, бахусус муҳоҷиронро асабӣ кард. Бархе аз онҳо дар паёмҳои хаттӣ ва видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот як риштаи ҳаётӣ байни онҳову волидонашонро буридаанд.
Тафсилоти бештари мавзуъро дар инҷо бихонед: