Рӯзи 18-уми декабр вақте иртибот тариқи рақами интернетии NGN дар Тоҷикистон қатъ шуд, писари сесолаи Назари Ҳабибулло, як муҳоҷири тоҷик дар рӯи кати ҷарроҳӣ бо маргу зиндагӣ даст ба гиребон буд.
3000 рубл хисорот аз ду рӯзи басташавии NGN
Назар ҳамроҳ бо ҳамсари муҳоҷираш ҳар лаҳза бо пайвандон тариқи NGN барои бохабар шудан аз вазъи писараш тамос доштанд. Ҳамин лаҳзаи ҳассос, тақрибан соати 10-и субҳ ба вақти Русия, кори шабакаи NGN аз кор монд.
Назар мегӯяд, дертар ҳамкорони тоҷикаш гуфтанд, дигар бо
Ҳукумати кишвар набояд ба ин роҳ диҳад ва баръакс кушиш кунад, ки муҳоҷирон тамоси осон бо фарзандони худ дошта бошанд.
NGN кӯшиши занг задан накунад, чун онро дар Тоҷикистон бастанд. Муҳоҷирон дар бораи ин тасмим аз вебсайти Радиои Озодӣ хабардор шуданд. Пайвандони Назари Ҳабибулло ба шабакаҳои интернентии Viber-у WhatsApp, ки ҳоло Хадамоти алоқа онҳоро низ мехоҳад бубандад, дастрасӣ надоранд.
Назари 33-сола дар ҳоле, ки гиря гулӯгираш карда буд, рӯзи 19-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба рақами “Мегафон” аз Русия занг задам, пулам тамом шуд. Ҳар лаҳза занг заданам лозим буд. Ҳамон лаҳза ҳар касро бояд хоҳиш мекардам, ки пул қарз диҳад, аз дигаре хоҳиш мекардам, ки фалон доруро ба наздиконам бирасонад. Духтуронро зора мекардам, ки ҷони писарамро бихаранд”.
Дар гурдаи писари сесолаи Назар захм пайдо шуда буд. Пайвандонаш аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ӯро барои ҷарроҳӣ ба Душанбе оварданд. Пас аз даҳ рӯзи омодагӣ 18-уми декабр ӯро ҷарроҳӣ карданд.
Давоми ду рӯз, ки NGN дар Тоҷикистон баста аст, Назар ҳамроҳ бо ҳамсараш наздики 3 ҳазор рублро барои тамоси телефонӣ бо Тоҷикистон сарф кардаанд. Маблағе, ки бо он шаш моҳ тариқи NGN метавонистанд, бо сӯҳбат кунанд. Назар ва ҳамсараш чор фарзанд доранд ва мегӯяд, бинобар сахтии рӯзгор ҳамроҳ бо ҳамсараш ба Русия омадааст ва фарзандонаш дар тарбияи волидайни ҳамсараш қарор доранд.
Дар тамоми ин асабонияту ташвиши марбут ба ҷарроҳии фарзанд ва якбора қатъ шудани кори NGN, танҳо як хабар хотири ӯро каме ҷамъ кард. Амалиёти ҷарроҳии писараш хуб гузашт ва ҳоли фарзандаш беҳтар аст.
Ҳама дар ғами кисаи худ?
NGN ва паёмрасонҳо, ба мисли Viber, WhatsApp ва IMO, ки бо ёрии интернет кор мекунанд, ягона роҳи тамоси муҳоҷирони тоҷик бо пайвандонашон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Рӯзи 18-уми декабр расман NGN баста шуд ва Хадамоти алоқат гуфт, ки паёмрасонҳои дигар низ дар фурсати наздик баста хоҳанд шуд. Ин тасмим аз ҳама беш муҳоҷирони тоҷик дар Русияро нигарон кардааст, ки шумораашон аз 600 ҳазор то 1 миллион нафар ҳисоб мешавад.
Алишер Саидов, муҳоҷири тоҷик аз Русия мегӯяд, хонаводааш ба барномаҳои тамоси видеоӣ, мисли IMO ва Viber дастрасӣ надоранд ва аз сӯи дигар, истифодаи рақами NGN, ки моҳе аз 200 то 300 рубл мепардохт, барояш ягона роҳи арзон маҳсуб меёфт. “Аз Русия тамос гарон аст. Барои ҳар дақиқа аз ин ҷо 6-7 рубл бояд пардохт кунӣ. Дар шароите, ки кори хуб надорем, ин як мушкили дигар болои мо шуд”, - гуфт ӯ.
Қурбоналӣ, як муҳоҷири дигар мегӯяд, бастани рақами NGN зарбаи сахт ба кисаи муҳоҷирон аст ва дар сурати бастани мессенҷерҳои видеоӣ зарбаи дигар ба даромад ва асаби муҳоҷирон мешавад. Қурбоналӣ мегӯяд, ҳарчанд, NGN-ро бастанд, вале ӯ тариқи IMO ва Viber бо пайвандонаш сӯҳбат мекунад.
“Аз Тоҷикистон барои фаъол кардани IMO ва Viber моҳе бояд то 40-50 сомонӣ интернет бихарӣ. Тариқи Viber ҳам агар наздиконат онлайн бошанд, гап задан мумкин аст, набошанд, ҳеҷ. Тариқи NGN занг зада мегуфтем, ки “IMO-ятро фаъол кун, ки кори муҳим дорам.”
Қурбоналӣ мегӯяд, бастани NGN онҳоро ба ин хулоса овард, ки ҳама дар ғами кисаи худ аст ва касе дар андешаи беҳбуди вазъияти муҳоҷирон нест.
“Падарҳои Скайпӣ”: Аз дидори фарзандон маҳрум насозед
Абдураҳим Сафарзод, муҳоҷири фаъоли тоҷик, ки чанде пеш пешниҳод кард, ки маҷлиси падару модарон барои муҳоҷирони раҳдур дар мактабҳо тариқи тамосҳои видеоӣ ба роҳ монда шавад, тасмими ахири Хадамоти алоқаро нигаронкунанда медонад.
“Дар замони ҳозира, ҳарчанд сахт ҳам бошад, бе NGN зиндагӣ кардан мушкил аст, вале бе тамосҳои видеоӣ хеле сахт аст. Қатъи тамосҳои видеоӣ зарбаи аз ҳама калон ба муҳоҷирони меҳнатӣ мешавад. Онҳо аз тарбияву дидор бо фарзандони раҳдури худ маҳрум мешаванд.
Ҳукумати кишвар набояд ба ин роҳ диҳад ва баръакс кушиш кунад, ки муҳоҷирон тамоси осон бо фарзандони худ дошта бошанд. Махсусан, ман ҳамчун як муҳоҷир тариқи Skype ва IMO аз дарсҳои фарзандони худ бохабар мешавам. Илтимос, моро аз дидори фарзандон маҳрум насозед”.
“Ҷангиёни тоҷик дар солҳои 90 WhatsApp надоштанд”
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, NGN-ро дар ҳоле қатъ карданд, ки дар ҳисоби онҳо пул барои сӯҳбат кардан вуҷуд дошт. Сарнавишти пуле, ки дар суратҳисоби рақамҳои NGN, ки истифода нашудаанд, маълум нест. Ду намояндаи ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, NGN бидуни хоҳиши онҳо баста шудааст ва дар чунин сурат ширкат ӯҳдадор нест, ки пули муштариёнро баргардонад. Онҳо гуфтанд, муштариён бояд пули худро аз Хадамоти алоқа суроғ кунанд, ки бидуни хоҳиши ширкатҳо фаъолити NGN-ро қатъ кардааст. Хадамоти алоқа то замони таҳияи ин гузориш сарнавишти пулҳои истифоданашуда дар ҳисоби рақамҳои NGN-ро шарҳ надод.
Ҷонибек Дадоматов, намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки NGN-ро ба хотири тадбирҳои амниятӣ бастанд. Тамосҳои мессенҷерӣ низ ба гуфтаи намояндаи хадамот бо ҳамин далел баста хоҳад шуд.
Аммо Қурбоналӣ, муҳоҷири тоҷик мегӯяд, агар ҳадаф таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз низоъ бошад, ин роҳи ҳал нест ва бояд роҳҳои дигарро пайдо кард. Чун ба гуфтаи ӯ, “дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бидуни истифода аз тамосҳои видеоӣ ҳам бадхоҳон мардумро ба муноқиша кашида буданд”.
“Аз дил биравад, ҳар он чӣ аз дида бирафт”
Додарбек Сайдалиев, раҳбари созмони ҷамъиятии “Шаҳрванд”, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунад, рӯзи 19-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳдуд кардани тамосҳои видеоӣ миёни муҳоҷирон паёмади хуб надорад.
“Ҳоло бастани алоқа тариқи мессенҷерҳо танҳо гап аст ва шояд баста нашаванд, вале мо бояд кушиш кунем, ки алоқаи муҳоҷирон ва хонаводаҳояшон канда нашавад. Дар таҷриба дидем, ки ҳар муҳоҷире бо хонаводааш дер-дер сӯҳбат кунад, меҳраш ҳамон қадар кам мешавад. Ин яке аз сабаҳои пош хӯрдани оилаҳо мешавад.
Чун аз дида, ки рафт, аз дил ҳам меравад. Вақте дар доираи як лоиҳа бо муҳоҷирон сӯҳбат мекардем, суоли мо ин буд, ки охирон бор сӯҳбат кардед, вазъияташ чӣ хел буд. Аксаран, чун видеоӣ сӯҳбат карда буданд, мегуфтанд, хароб шуда буд ё ришаш дамида буд ва ё шароити хонааш хуб набуд. Рангу руйро дидан барои падару модар ва наздикон хеле муҳим аст”.
Раҳбари созмони ҷамъиятии “Шаҳрванд” мегӯяд, ҳатто боре як модар пас аз алоқаи видеоӣ фарзанди муҳоҷирашро фавран аз Русия баргардонд: “Пас аз сӯҳбат мебинад, ки писараш хеле хароб шудааст, чашмонаш ғамзада... Фаҳмид, ки писараш кор надорад ё кадом мушкили ҷиддии дигар. Билеташро гирифт ва гуфт, ки баргард. Баъдан, маълум шуд, ки писар дар шароити бад қарор доштааст. Агар Viber баста шавад, вазъияти муҳоҷирон бисёр бад мешавад”.
Ба гуфтаи Сайдалиев, маҳз тариқи тамосҳои видеоӣ волидайн тағйирёбии фарзандонро эҳсос мекунанд ва аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ низ метавонанд ҷилавгирӣ кунанд.
Хадамоти алоқа тасмим гирифт...
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба чанд иқдоми бесобиқае даст зад, ки нигарониҳоеро ба вуҷуд овард. Моҳи июнисоли ҷорӣ фаъолияти почтаи байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвармутаваққиф карда, нақши ширкати “Почтаи тоҷик”-ро боло бурд ва ҳоло масъулияти хатту боркашонии ин ширкатҳоро танҳояк корхонаи воҳиди миллӣ иҷро мекунад.
Баъдан Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба тамоми марказҳои дилерӣ дастур дод, ки фаъолияти нуқтаҳои фурӯши симкортҳоромуваққатан қатъ кунанд ва ин дастур, ки манъи фурӯши симкортҳоро дар назар мегирад, аз 1-уми декабр ба иҷро даромад. Ҳаққи фурӯши симкортҳоро фақат ширкатҳои ҷудогона пайдо карданд.
Дар ниҳоят Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои дигари қудратӣ тасмим гирифтаанд “Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ”-ро таъсис диҳанд. Ин марказ дар назди Хадамоти алоқа таъсис меёбад. Дар махзани ягонаи маълумоти ширкатҳои мобилӣ иттилои марбут ба корбарони телефонҳои мобил ва интернет дар Тоҷикистон ҷамъ оварда мешавад.
Дар Тоҷикистоне, ки беш аз 8 миллион ҷамъият дорад, то феврали соли ҷорӣ шумори корбарони интернет 4,4 миллион ва соҳибони телефонҳои мобил 8,7 миллион нафарро ташкил медод. Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар як соли охир се ширкат – «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд.
Аз ҷумла, ширкати «Билайн» 151,3 миллионсомонӣ, «Мегафон» - 155 миллион сомонӣ ва «Тселл» - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ширкати «Тселл» гуфтааст, кинияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ – бефоидаарзёбӣ мекунад.