Кумитаи андози Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвонии раисиҷумҳури кишвар барномаҳои мухобиротии интернетиро сабаби кам шудани нақшаи ҷамъоварии андоз номидааст.
Нусхаи номае, ки рӯзи 27 сентябр ба унвонии президент ирсол шудааст, рӯзи 20 декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар матни ин нома, ки аз ҷониби Нусратулло Давлатзода имзо шудааст, аз ҷумла гуфта
Кумитаи андоз мардумро маҷбур карданист, ки бо нархи гаронтар занг зананд, то ки бештар андоз ситонад. Аммо ин тавр намешавад, муштариён боз ҳам роҳҳои арзонтари занг заданро меёбанд ва ё гуфтугӯро тариқи телефон кам мекунанд
мешавад, ки қисмати зиёди гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи ширкатҳои мобилӣ ва тавассути мессенҷерҳои интернетии Viber, IMO ва Skype сурат мегиранд. Ин, ба навиштаи раҳбари Кумитаи андоз, боиси коҳиш ёфтани пардохтҳои андоз ва даромадҳои будҷа гаштааст.
Ҳанӯз президент посух надодааст
Номаи мазкур рӯзи 2 октябр дастраси дастгоҳи президенти Тоҷикистон шуд, вале то ҳанӯз посухи расмии мақомоти баланд ба ин пешниҳод садо надодааст. Як мақоми Кумитаи андоз рӯзи 20 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз посухи президент ва мақомоти дигари давлатиро ба ин нома дастрас накардаанд.
Номаи Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳоле дастрас шуд, ки рӯзи 18-уми декабр Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зангҳои телефониро тариқи NGN мамнӯъ кард ва гуфт, бо сабабҳои амниятӣ зарурати масдуд кардани хидмарсонии мессенҷерҳо ҳам пеш омадааст.
Пешниҳоди андозбандии барномаҳо
Кумитаи андоз дар ин нома ба тафсил навиштааст, ки бахши аъзами гуфтугӯҳои байналмилалӣ тариқи «Скайп, «Вайбер», «Ви Чат», «ИМО», «Чӣ Гап», «ОК», «VK» ва «Инстаграм» сурат мегиранд. Кумитаи андоз ҳамчунон аз алоқаи навъи NGN ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи муаллифони ин нома “аз алоқаи муқаррарии байналмилалӣ 10 маротиба арзон аст”.
Чун ба навиштаи муаллифон, ҳама гуна зангҳо тариқи NGN чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷ ҳамчун зангҳои дохилӣ сабт мешаванд, ки нархи арзон доранд ва боиси кам шудани заминаҳои андозситонӣ мешавнад.
Дар идома Кумитаи андоз ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки зангҳои байналмилалӣ ва дохилӣ тариқи NGN ҷудо карда шаванд, то даромадҳои будҷаи давлатӣ бештар гарданд.
Дар Тоҷикистон бинобар дастури Хадамоти зидиинҳисорӣ анҷом додани зангҳои мобилии мустақим ба хориҷа бо нархи арзонтар аз 1 сомониву 20 дирам мамнуъ шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки дар тасмимгирии ҳукумат дар қатъ шудани гуфтугӯҳо тариқи NGN ва ваъдаи масдуд шудани мессенҷерҳои дигар то чӣ ҳад ин номаи Кумитаи андоз таъсир доштааст. Аммо як мақоми Хадамоти алоқа низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо низ аз густариши бенадозаи мессенҷерҳо, сурат гирифтани гуфтугуҳои байналмилалӣ тавассути онҳо ва коҳиши гуфтугуҳои байналмиллаӣ тариқи телефони мобилии муқаррарӣ нигарон ҳастанд ва барои ба танзим даровардани ин ҳолат ба ҳукумат нома навишта буданд.
Ду номаи идораҳои ҳукумат алайҳи мессенҷерҳо ба гуфтаи мутахассисони соҳа аз он аст, ки технология ва фанновариҳои навин ба манфиати ин ду идора зарба зад.
Қисмати аъзами гуфтугуҳои байналмилалии молиявӣ тариқи ширкати “Тоҷиктелеком”-и зери назари Хаддамоти алоқа мегузарад ва кам шудани чунин гуфтугуҳо ба даромади ин идора зарба мезанад.
Мухобирот аз соҳаи пешрафта ба қафомонда табдил шуд
Кумитаи андоз аз коҳиш ёфтани манбаъҳои андозситонӣ дар ширкатҳои мобилӣ нигарон аст.
Ғафурҷон Иркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилӣ рӯзи 20-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳама гуна маҳдидият бар рушди соҳаи мухобирот дар маҷмуъ таъсири бад мерасонад. Мессенҷерҳо технологияҳои ҷаҳонӣ ҳастанд ва ҳам аз он истифода мебаранд ва агар ширкатҳо онро масдуд кунанд, дар рақобат қафо мемонанд. Даҳ сол пеш Тоҷикистон дар соҳаи мухобирот дар Осиёи Миёна аз ҳама пеш буд, ҳоло бубинед, ки мо аз ҳамсояҳо то чӣ ҳад қафо мондем. Ҳама мушкилро бо роҳи музокирот ҳал кардан мумкин аст, аммо бастану масдуд кардан роҳи ҳал нест”.
Номаи Кумитаи андоз ва ҷустуҷӯи манбаҳои нави андозситонӣ дар ширкатҳои мобилӣ дар ҳолест, ки соли ҷорӣ нақшаи даромади будҷаи кишвар иҷро нашуд ва раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ахиран аз президент танбеҳ гирифт.
Ин тасмим бар зарари мардум аст
Аммо Нозим Ишанқулов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, мантиқи масъалагузории Кумитаи андози Тоҷикистон ғалат аст ва ин бар зарари ҷайби мардум нигаронида шудааст. Ӯ гуфт:
“Як қонуни соддаи иқтисоди бозорӣ ин аст, ки вақте шумо нархи хизматрасониро боло бурдед, шумори муштариён кам мешавад. Фарз кардем, шумо билети киноро 10 сомонӣ муайн кардеду толор пури тамошобин шуд. Ин ба маъное нест, ки нархи чиптаро 50 сомонӣ кунед, боз ҳам толор пур мешавад. Дар ин ҳолат амалан Кумитаи андоз мардумро маҷбур карданист, ки бо нархи гаронтар занг зананд, то ки бештар андоз ситонад. Аммо ин тавр намешавад, муштариён боз ҳам роҳҳои арзонтари занг заданро меёбанд ва ё гуфтугӯро тариқи телефон кам мекунанд”.
Ишонқулов афзуд, агар тибқи ин мантиқи Кумитаи андоз амал кунем фарзи мисол нӯшидани обро низ аз ҷумаки об манъ бояд кард, то ки мардум аз мағоза об харанду манбаи андозситонӣ бештар шавад.
Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон дар шароити буҳрон ба ҷои фишор овардан сари андозсупорандагон бояд сари кам кардани хароҷотҳои будҷет андеша кунанд, на ҷустуҷӯи усулҳои нави андозситонӣ.
Зарбаи аслии масдуд шудани кори барномаҳои интернетии паёмрасонро беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик мебинад, ки тавассути барномаҳои камхарҷ ё ройгони интернетӣ пайваста бо хонаводаашон дар тамос ҳастанд ва аз роҳи дур аз ҳолу аҳволи фарзандон хабар мегиранд.