Дар шаҳри Хуҷанд филми наве ба намоиш гузошта шуд, ки дар бораи оқибатҳои бади муҳоҷират барои ҷомеаи тоҷик қисса мекунад. Филми "Тангно"-ро дар Панҷакент ва Маскав ба навор гирифтаанд ва рӯзи 11-уми сентябр дар Хуҷанд муаррифӣ карданд.
Онҳо ба фарзандони худ мегӯянд, ки ту масъулият надорӣ, ту бояд ҳунареро ёд нагирӣ, ту бояд дар ягон соҳа мутахассиси хуб нашавӣ, ту беҳтарин мардикор мешавӣ
Достони филм сарнавишти фарзанди як муҳоҷири корист, ки пайваста аз атрофиён таънаву маломат мешунавад. Падари ӯ ба умеди баргузории хатнасури фарзандаш ба Русия рафт, вале дер баргашт. Армон – қаҳрамони филм – дар синфи севум мехонад ва ҳанӯз, ба истилоҳ, дасташро “ҳалол” накардаанд. Аз ин рӯ, пайваста зери бори маломат баъзе ҳамдеҳагонаш қарор дорад.
Давраи кӯдакии Армон, қаҳрамони филмро - Юсуфи Иноятулло, писараке аз шаҳри Бӯстон иҷро кардааст. Ӯ ҳоло 5-сола буда, ин нақши нахустини ӯст. Ӯ нақшро табиӣ иҷро мекунад ва ба зоҳир ба Муҳаммадшариф монанд аст. Аз ин рӯ бисёр бинандагони нахустнамоиш гумон кардаанд, ҳар ду нақшро як кас иҷро мекунад.
Пеш аз намоиши ин филм дар рӯзи 11-уми сентябр дар Хуҷанд ҳунарпешагон ва офарандагони филм дар нишасте дар бораи оқибатҳои бади муҳоҷирати корӣ сӯҳбат карданд. Онҳо гуфтанд, ки филм як василаи хубе барои таъсир гузоштан ба афкори мардум аст, то муҳоҷиратро роҳи ягонаи халосӣ надонанд ва сохтанро дар хонаи худ ёд бигиранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Волидони мо зеҳни бачаҳоро аз синфи 9 ва 10-ум ахта ваё хунсо мекунанд. Онҳо ба фарзандони худ мегӯянд, ки ту масъулият надорӣ, ту бояд ҳунареро ёд нагирӣ, ту бояд дар ягон соҳа мутахассиси хуб нашавӣ, ту беҳтарин мардикор мешавӣ”, - гуфт Муҳиддини Музаффар, яке аз офарандагони филми “Тангно”.
Нақши асосӣ, Розия, ҳамсари муҳоҷири корӣ дар Русияро Сурайё Ҳакимова – шоиру рӯзноманигор иҷро кардааст. Нақши Армонро писари ӯ Муҳаммадшариф Раҳматуллоеви 10-сола офаридааст. Дар филми “Тангно” инчунин ҳунармандони ҳирфаӣ ба мисли Раҷабгул Қосимова ва Аҳлиддин Шарифов бозӣ кардаанд.
“Ба ман аз нақши Армон ҳамин маъқул шуд, ки ӯ як писараки қатъӣ аст. То кор намекард, пул намегирифт. Иродаи қавии ӯ ба ман маъқул шуд. Ӯ бовар дошт, ки рӯзе падараш аз муҳоҷирати корӣ аз Русия бармегардад. То охир ин умедашро аз даст надод”, - гуфт Муҳаммадшариф Раҳматуллоев.
Филмро дар ширкати “Суғдсинамо” бар асоси достони “Тангнои гетӣ” бардоштаанд, ки ба қалами нависанда Сорбон тааллуқ дорад. Худи Сорбон дар намоиши нахустини филми “Тангно” дар шаҳри Хуҷанд иштирок дошт ва гуфт, ки баҳои ҳақиқиро бинанда хоҳад дод.
Муҳоҷират солҳост, як масъалаи доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, чун солона садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд. Агарчӣ муҳоҷирон пули зиёде ба хонаводаҳо мефиристанд, теъдоди онҳое ҳам кам нест, ки ҳамсару фарзандонашонро дар ватан комилан фаромӯш кардаанд.
Филми “Тангно” тирамоҳи соли гузашта ва баҳори имсол дар Амондараи Панҷакент ва Маскави Русия бо буҷаи 450 ҳазор сомонӣ, муодили панҷоҳ ҳазор доллар, наворбардорӣ шудааст.
Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов 1 марти соли 2015 расман ба фаъолият пардохта, ду сол боз ба офаридани филмҳои ҳунарӣ ва мустанад машғул аст. Дар тӯли ду сол ин муассиса “Коса”(филми ҳунарии кӯтоҳ), баъди он “12 соли интизорӣ” (филми ҳунарӣ) ва “Духтари Сайҳун” – филми мустанад дар бораи Фарзона, шоири тоҷикро ба навор гирифт. Ин филмҳо дар чанд ҷашнвораи байналмилалӣ соҳиби ҷоиза шуданд.
Ин ширкат имсол ба ҷуз аз “Тангно” филми ҳуҷҷатии “Ман аз Шарқи озод”–ро низ ба навор гирифт, ки аз дастовардҳои 7 ҷавони кишвар ҳикоят мекунад.