Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сафари ҳавоӣ" - дар "Киношок - 2015"


Асад Голубев. Аксбардор Фирдавс Набиев (Fernando)
Асад Голубев. Аксбардор Фирдавс Набиев (Fernando)

Филми мазҳакавии тоҷикии “Сафари ҳавоӣ” дар радифи довталабони умдаи ҷоизаи асосии ҷашнвораи “Киношок - 2015” дар Сочии Русия ном бурда мешавад.

Дар барномаи асосии ҷашнвораи “Киношок - 2015”, ки аз 13 то 20 сентябр дар шаҳри Сочии Русия мегузарад, филми мазҳакавии коргардони тоҷик Далер Раҳматов бо номи “Сафари ҳавоӣ” намоиш дода шуд. Ин филм бо шӯхиҳову содаву намакинаш ба истиқболи гарми тамошобинон рӯбарӯ шуд ва синамошиносони рус билофосила “Сафари ҳавоӣ”-ро аз сенсатсияҳои “Киношок - 2015” ном бурда, мегӯянд, ки ин филм метавонад яке аз муддаиёни умдаи ҷоизаи асосии ин ҷашнвора шавад.

Барои “Токи тилоӣ” (“Золотая лоза”) – ҷоизаи асосии ҷашнвораи мӯътабари филмҳои кишварҳои СНГ ва Латвияву Литва ва Эстония 11 филм рақобат мекунанд. Дар баробари “Сафари ҳавоӣ” - филми “Ва дар рӯзи ҳафтум...”-и коргардони арманӣ Арман Чилингарян, филми “Манъ”-и коргардони рус Алексей Козлов ва мазҳакаи “Парвози пашаи тилоӣ”-и коргардони украинӣ Николай Николайчукро дар ҷумлаи довталабони асосии “Токи тилоӣ” ном мебаранд.

Ҷашнвораи “Киношок” аз мӯътабарин ҷашнвораҳои синамои кишварҳои СНГ ва соҳили Балтик ба шумор меравад ва имсол барои бори 24-ум доир мешавад. “Сафари ҳавоӣ” нахустин филми тоҷикист, ки нафақат ба барномаи асосии ин ҷашнвора роҳ ёфт, балки дар ҷумлаи довталабони ҷоизаи асосии “Киношок 2015” ном бурда мешавад.

“Сафари ҳавоӣ” достони ҷолиби як ҷавони фаронсавист, ки кӯраи ҳавоияш дар як русто дар кӯҳистони Тоҷикистон пойин мешавад. Иттифоқан дар ин русто ҷавони ҳамсол ва зоҳиран шабеҳи ӯ бо номи Сафар ба сар мебарад ва аҳли русто гумон мекунанд, ки ин фаронсавӣ дар асл ҳамон Сафар аст, вале ба кадом иллате забони тоҷикиро фаромӯш кардааст ва хешу ақрабо, ҳатто модарашро ҳам намешиносад. Қаҳрамони дигари филм як чиноист, ки баъди 5 соли зиндагӣ дар Тоҷикистон ба тоҷикӣ хеле роҳат сӯҳбат мекунад.

Нақши асосиро дар “Сафари ҳавоӣ” Асад Голубев бозӣ кардааст. Асад Голубев 28 сол дошта, дар Душанбе ба сар мебарад. Ӯ ҳунарпешаи касбӣ нест, балки дар як ширкати реклама кор мекунад.

Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мутмаин аст, ки “Сафари ҳавоӣ” синамои тоҷикро дар саҳнаи “Киношок” сархам нахоҳад кард.

Асад Голубев: Аз инки “Сафари ҳавоӣ”-ро дар ҷумлаи довталабони ҷоизаи асосии “Киношок” ном мебаранд, хеле хурсандам. Чунки филм хеле филми позитив аст. Тамошобинон вақте барои тамошояш меомаданд, медидем, ки бо як табъи болида берун мешуданд. Шӯхии зиёд дорад, хеле ҷавонона ва хеле тоҷикист. Ва дар айни замони як филми содаву барои ҳама фаҳмост. Бовар дорам, ки “Сафари ҳавоӣ” барои тамошобинони Русия ҳам писанд хоҳад омад.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон филмро чигуна қабул карданд? Чун аз моҳи феврал дар кинотеатрҳо намоиш дода мешуд?

Асад Голубев: Дар мо, албатта, анъанаи кинотеатрравӣ сусттар аст. Чунки дар мо филми хеле кам тавлид мекунанд. Барои мисол, дар соли 2014 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 4 филми нав сохтанд, дар ҳоле ки дар Қирғизистон дар як сол 100 филми нави худӣ ба бозор медарояд. Мо дар оғози роҳи эҳёи филмсозии миллӣ қарор дорем. Вале вақте овозаи “Сафари ҳавоӣ” аз даҳон ба даҳон рафт, тамошобинони зиёд ба тамошояш омаданд. Ва онҳое ки як бор медиданд филмро, бори дувуму сеюм ҳам азми тамошояшро мекарданд, ки моро ин хеле хуш меояд.

Радиои Озодӣ: Худи филм чигуна рӯи навор омад? Кай ва дар куҷо?

Асад Голубев: Тирамоҳи соли 2014 ба навораш гирифтем. Ибтидо дар Қирғизистон, сипас дар ноҳияҳои Айнӣ, Ҷиргатол, қисмате дар Варзоб. Наворбардории қисматҳои асосии филм ягон якуним моҳ давом кард.

Радиои Озодӣ: Ҳаққулзаҳмае ҳам доданд барои шумо?

Асад Голубев: Бале ва ин ҳаққулзаҳма ғайри интизори ман, бад набуд. Маблағашро намегӯям, вале ман барои иҷрои нақши асосӣ пули хуб гирифтам. Шояд барои як ҳунарпеша дар Русия ин маблағи ночиз бошад, вале барои Тоҷикистон пули хуб буд.

Радиои Озодӣ: Пули зиёд рафт барои сохтани филм?

Асад Голубев: Буҷаи филм кам буд. Як қисми пулро “Тоҷикфилм” дод, қисми дигарашро худи бачаҳо ёфтанд. Вазифаи мо таҳияи як филми хуб бо пули маҳдуд буд ва фикр мекунам, мо ба ин ноил шудем. Албатта, умедворем, ки маблағгузорӣ ба синамои тоҷик беҳтар шавад, чунки дар шароити кишвари мо ин хеле лозим аст. Мардум аз чизҳои ғамангезу навмедкунанда хаста шудааст, позитив мехоҳад ва беҳтар аз ҳама чунин позитивро ба мардум филмҳое, чун “Сафари ҳавоӣ” метавонанд бидиҳанд.

Радиои Озодӣ: Шумо ҳунарпешаи касбӣ нестед. Чигуна шуморо интихоб карданд барои иҷрои нақши асосӣ?

Асад Голубев: Бале, ман аз рӯи ихтисос журналистам ва донишгоҳи славяниро хатм кардаам. Муддате журналист кор кардам ва ҳоло - дар як ширкати реклама. Барои филми “Сафари ҳавоӣ” кастинг эълон шуда буд ва ман интихоб шудам.

Радиои Озодӣ: Зимнан таносуби ғайриоддии ному номи хонаводагии шумо – Асад Голубев – аз куҷост?

Асад Голубев: Сирраш хеле оддист. Модари ман рус асту падарам тоҷик. Ва ҳар боре ки аз ман миллатамро бипурсанд, ман мегӯям, ки ман метисам.

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, сирри муваффақияти “Сафари ҳавоӣ” дар ин аст, ки ба фарқ аз филмҳои дигари тоҷикӣ бозии актёрӣ дорад...

Асад Голубев: Ин филм наметавонист бад биояд, чунки созандагонаш барои он аз самими қалб заҳмат кашиданд. Гурӯҳи эҷодии мо дар тӯли тамоми давраи наворбардорӣ як рӯҳияи хеле дӯстона дошт. Бо ҳам механдидем, шӯхӣ мекардем. Ва тайи якуним моҳи кор касе бо касе боре ҳам харшаха накард. Фақат бо хандаву бозӣ гузашт наворбардорӣ. Ва дар ниҳоят “Сафари ҳавоӣ” ба дунё омад. Филме, ки онро бо камоли майл ва бидуни ягон ибо ё шарму изо метавон дар ҳар саҳнаи байналмилалӣ ҳамчун маҳсулоти ҳунарии Тоҷикистон намоиш дод.

XS
SM
MD
LG