Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина Сайфуллоева: “Филми ман мураккаб, вале фаҳмост”


Нигина Сайфуллоeва, коргардони тоҷики муқими Русия
Нигина Сайфуллоeва, коргардони тоҷики муқими Русия

Коргардони ҷавони тоҷики муқими Русия Нигина Сайфуллоева мегӯяд, аз тоҷик будани худ ифтихор дорад ва рӯзе дар бораи ватани худ беҳтарин филми хешро ба навор хоҳад гирифт.

Филми нави коргардони ҷавон Нигина Сайфуллоева дар чанд рӯзи охир яке паси дигар ҷоизаҳои асосии ду ҷашнвораи байнулмилалиро ба даст овард. 20-уми октябр дар ҷашнвораи КИНО-и Женева Нигина беҳтарин коргардони соли 2014 дониста шуд ва 24-уми октябр доварони ҷашнвораи байнулмилалии “Оғоз” дар Санкт-Петербург ҷоизаи асосиро ба филми ӯ -- «Номи ман чист?» доданд. Нигина Сайфуллоева духтари нависанда ва журналисти тоҷик Ҳафиз ва набераи адабиётшиноси номдори тоҷик Атахон Сайфуллоев аст, ки дар Душанбе ба дунё омада, баъд аз 8-солагӣ ба Маскав кӯчидааст, вале мегӯяд, ҳаргиз худро аз ватанаш ва мардумаш ҷудо намешуморад.

Гуфтугӯи мо бо коргардони ҷавони тоҷики муқими Русия, табъан, аз шодбоши ин комёбиҳо ва суоли ин сар шуд, ки чӣ чизе ин филмро аз миёни даҳҳо филми дигар ҷудо кард ва муваффақ гардонд?

Нигина Сайфуллоeва дар Женева, ҳангоми гирифтани ҷоизаи ҷашнвораи KINO-2014
Нигина Сайфуллоeва дар Женева, ҳангоми гирифтани ҷоизаи ҷашнвораи KINO-2014

Нигина Сайфуллоева: “Сипосгузорам аз шодбоши Шумо ва бояд гӯям, ҳарчанд ҳангоми кор сари ин филм дар фикри ҳеч гуна ҷоизае ба ғайр аз сипоси тамошогар набудаам, аммо шодам ва ҳамкоронам низ аз қадрдонӣ шудани заҳматҳои худ шоданд. Ин ҷо ягон сирру асрор нест, аммо, ба фикрам, чизе ки тавонист, диққати бисёриҳоро ба худ ҷалб кунад, самимияти лаҳни он буд. Саргузашт ва эҳсосоти духтар ва падари ӯ, ки ангезаҳояш аз замони кӯдакиям меояд, чизе дошт, ки тавонист, ба дили одамон расад. Ҷоизаҳо бошанд, ақидаи чанд нафаранд, бигзор ҳарчанд нафарҳои корозмуда ва доно ва албатта, ин ҳам хушоянд аст, ки филми мо ба дили онҳо низ роҳ ёфтааст.”

Озодӣ: Филми Шумо тиҷоратӣ ё, ба истилоҳ, ҷашнвораӣ нест, балки то андозае фалсафист. Вақте онро ба навор мегирифтед, киро мухотаб мегуморидед?

Нигина Сайфуллоева: "Агар бо истилоҳоти муосир бигӯям, филми ман ба “арт-ҳаус” рабт намегирад, балки бештар ба “арт-мейнстрим”. Он, ба фикрам, дигиркунанда нест, мураккаб аст, вале, бо ин ҳама барои бинандаи одӣ фаҳмост. Ин вазифаро надоштем, ки ба табъи ягон аудиторияи муайян кор кунем, вале дар ниҳояти амр, мо ба ҷое расидем, ки ду навъи бинандаро қонеъ мегардонем – ҳам таҷрибадоронро ва ҳам бинандаи одиро."

Озодӣ: Шуморо яке аз даҳ коргардони синамои занонаи Русия меноманд. Аслан, фарқи байни кинои мардон ва занона чист?

Нигина Сайфуллоева: "Ман фикр мекунам, ин формулбандиро мардҳо сохтаанд ва маълум нест, дақиқан чиро дар назар доранд. Вале ин ҳам ҳаст, ки мо, занон, вақте филм месозем ва он ҳам дар бораи занон, албатта, ба чизҳое таъкид мекунем, ки ба дили мо наздиктаранд. Аммо ин далел хеле ба осонӣ шикаст мехӯрад, чун филмҳои бузурги мардони бузурге мавҷуданд, ки сарнавишти занро ҳикоят мекунанд, ба монанди Бергман, Алмодовар ва ғайра. Росташ, ман ҷудо карда наметавонам, ки кинои мардона чист ва аз кинои занона чӣ фарқ дорад."

Озодӣ: Кӯдакии Шумо дар Душанбе гузаштааст. Чӣ хотираҳо аз ин шаҳр доред?

Нигина Сайфуллоева: ”Ман дар кӯчаи Ленин, ҳоло ба номи Рӯдакӣ, мезистам, дар наздикии фаввора ва ҳамаи хотираҳои бачагии ман мутлақан бо ин шаҳр пайванд доранд ва беҳтарин солҳои умри хонаводаи ман маҳз дар ҳамин ҷо гузаштааст. Албатта, ҳамин хотираҳо бунёди шахсияти маро ташкил медиҳанд ва ман ҳамеша худро тоҷик медонам ва танҳо тоҷик, вале инро ҳам наметавонам фаромӯш кунам, ки дар ин ҷо ҷанг сар зад, ки ҳамаи ин ҷаҳони рӯшанро ба ҳам зад. Ман кӯшиш мекунам, дар ин бор фикр накунам, вале он аз ҳолномаи ман берун намеравад. Ин буд ва сад дареғ, ки чунин шуд. Он ҳам дар беҳтарин давраи кӯдакии ман. Вақте ки оилаи мо пурра буду ҳама чиз хуб.”

Озодӣ: Шумо дар кадом мактаб мехондед ва оё дарси адабиёти форсу тоҷик низ гирифтаед?

Нигина Сайфуллоева: “Ман нав синфи якро тамом карда будам. Аз ин ҷиҳат ҳамаи пайвандҳои ман бо фарҳанги тоҷикӣ ба хонавода ва эҳсосоти марбут ба ин бастагӣ дорад. Ёд дорам, ки дар мошини падарам аз кӯчаҳои шаҳр мегузаштем ё лаби дарё мерафтем ва ба кӯҳҳо мебаромадем. Ба ман муяссар нашуд, дар чаҳорчӯби барномаи мактабии худ бо адабиёти классикии тоҷик ошно шавам, вале табъан, ман вақте ба воя мерасидам, ин мавзӯъро меомӯхтам. Ман фахр мекунам, ки ҳамқавмони мо аз офарандагони адабиёти ҷаҳониянд ва ман фахм мекунам, ки ба фарҳанги миллии тоҷик пайванд ҳастам.”

Озодӣ: Дар хонаводаи Шумо касоне буданд, ки бо кино сару кор дошта бошанд?

Нигина Сайфуллоева: “Падари ман Ҳафиз Атахонович Сайфуллоев муддате машғули кинои мустанад буд ва як филми бадеӣ ҳам ба навор гирифт, аммо ин барои ман як ҷаҳони афсонавист. Ман хеле хурд будам, ваел фикр мекунам, шуғли падарам дар сатҳи таҳтушшуурӣ ба ман дар интихоби касбам таъсир доштааст.”

Озодӣ: Барои як тоҷик ворид шудан ба олами кинои Русия осон аст ё душвор ва бо он симое, ки аз тоҷикон дар Русия сохта шудааст, гоҳе ҳисси бекасӣ намекунед?

Лаҳзае аз филми "Номи ман чист?"
Лаҳзае аз филми "Номи ман чист?"

Нигина Сайфуллоева: “Дар робита ба миллияти худ ман ҳеч гоҳ ба ягон хел мушкил рӯбарӯ нашудаам. Дар ин ҷо донишгоҳро хатм кардам ва ба давраҳои олии омӯзишии коргардонӣ шомил шудам, онро хатм намудам. Баръакс муносибат бо ман то андозае истисноӣ буд, аммо қатъи назар аз мансубияти миллии кас ҳамеша дар коре пеш рафтан мушкил аст. Тарафи дигари кор ин аст, ки кас бояд ҳамеша худро баробари дигарон ҳис кунад, кам наояд. Барои ман бениҳоят таассуфангез аст, ки таърихи муосир вазъи тоҷиконро ҳамин гуна шакл дод, ки дар ҳоли ҳозир тоҷикон дар Русия ба сурати кул иҷрокунандагони корҳои сиёҳанд ва онҳо ба ин ҷо меоянд, ки пул кор кунанд ва ман хушбахтам, ки сатҳи дигари тоҷиконро нишон диҳам. Яъне мо, тоҷикон фақат кӯчарӯб нестем, ҳарчанд аксари он тоҷикони кӯчарӯб зарфиятҳои ба маротиб зиёдтар доранд. Вазъият онҳоро ба чунин ҳол афканд. Ман ҳамеша, дар ҳар мусоҳиба ё мулоқот таъкид мекунам, ки тоҷик ҳастам ва талош мекунам, ба он симои нодурусте, ки матбуот дар бораи тоҷикон сохтааст, таъсир расонам, то ки он иваз шавад. Лек бояд бигӯям, ки на ҳама дар бораи тоҷикон чунин фикр мекунанд, ҳарчанд албатта, ақидаи ом чунин аст.”

Озодӣ: Ба эҷодиёти коргардонҳое мисли Давлат Худоназаров, Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усманов, Валерий Аҳадов ва дигарон чӣ назар доред? Оё худро идомаи ин номгӯй мешуморед?

Эълони ҷоизаи филми Нигина Сайфуллоева дар Женева
Эълони ҷоизаи филми Нигина Сайфуллоева дар Женева

Нигина Сайфуллоева: “Ман ифтихор хоҳам кард, агар дар ин номгӯйи одамони бузург бошам, вале алҳол худро як ҳамкори ҷавони онҳо ҳис мекунам, ки нахустин қадамҳояшро мегузорад. Ин аввалин филми ман буд, биноан, ҳаққи маънавии онро надорам, ки дар ин номгӯй бошам, аммо ҳамаи моро мансубият ба як ватан бо ҳам мепайвандад ва ин ба ман шодмонии зиёд медиҳад. Инҳо коргардонҳои бузурге ҳастанд ва ман фахр мекунам, ки мо ҳама аз як ватанем ва аммо афсӯс мехӯрам, ки онҳо ва ман ин имконро надорем, ки дар ватани худ, Тоҷикистон, кор кунем.”

Озодӣ: Шумо ба Ватан зиёд сафар мекунед?

Нигина Сайфуллоева: “Бале, ба наздикӣ боз он ҷо будам. Ҳар бор ба Душанбе сафар кунам, дилам ба андозае саршори хотираҳои пурфараҳ мешавад, ки аз чашмонам пуроб медамад. Ҳар бор мебинам, ки шаҳр тағйир меёбаду дигар мешавад. Шояд ман ҳам иваз мешавам. Даромадгоҳи бинои мо як замон бароям ин қадар калон буд ва нӯҳошёна ба назарам осмонбӯс метофт. Ҳоло мебинам, ки онҳо чӣ қадар хурд ва ҳақиронаанд. Аммо дар марказ биноҳои бузурги замонавӣ қомат мекашанд. Шаҳр хеле зебо шудааст ва ман хушбахтам, ки дар ин шаҳр бо кӯдакии худ, бо дӯстону хешовандон мулоқот мекунам.”

Озодӣ: “Оё нақшае доред, ки дар бораи Душанбе, Тоҷикистон, муҳоҷирони тоҷик ё чизҳое, ки Шуморо бо ватанатон васл мекунанд, филме гиред?

Нигина Сайфуллоева: “Ман пурра бовар дорам, ки чунин хоҳад шуд. Ман намедонам, кай, зеро лаҳзаи омадани шеърро кас наметавонад, пешгӯӣ кунад. Намедонам, кай, вале дақиқ медонам, ки замоне, рӯзгороне, вақте ки ман ботинан барои ин омода мешавад, ҳатман чунин коре хоҳад шуд. Ва ман умедвор мешавам, ки ватанам низ маро ҳимоят хоҳад кард.”

XS
SM
MD
LG