Доктор Абдуллоҳ ки рӯзи шанбе дар миёни ҳомиёнаш сӯҳбат мекард, афзуд, "мо як бори дигар ба намояндагӣ аз бузургони тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ва ба намояндагӣ аз онҳое, ки ба мо бовар карданд, эълон мекунем ва бар шартҳои худ, ки яке аз он ҷудо шудани раъйи пок аз нопок аст, таъкид мекунем ва ҳар кас, ки инро нодида бигирад, масъулият ба дӯши он хоҳад буд."
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳушдор дод, дар сурате, ки бидуни пайвастани тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ба комиссияҳои инхоботӣ натиҷаҳои интихоботӣ эълон шавад, онҳо ба мардум муроҷиат хоҳанд кард ва аз раъи мардум дифоъ хоҳанд намуд.
Шуморе аз тарафдоророн Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, комиссияҳои интихоботиро ба тақаллуб муттаҳам карда ва гуфтугӯҳои нави телефониро, ки бархе масъулони Комиссия мустақили интихобот вобаста медонанд, дар ҳузури хабарнигорон нашр карданд.
Ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ иддао кард, ки бахше аз навори савтӣ, ки пахш шуд, шомили гуфтугӯи телефонии Зиёулҳаққ Амархел, раиси пешини дастгоҳи иҷроияи Комиссияи мустақили интихобот бо Фаридуллоҳ Самим, волии вилояти Пактико, Одам Хон Сират, ёвари Зиёулҳақ Амархел ва раиси комиссияи интихоботи вилояти Пактико аст. Ин севумин бахш аз наворҳои савтӣ аст, ки ситоди Абдуллоҳ Абдуллоҳ нашр мекунад ва бар асоси он иддао мекунад, ки Комиссияи мустақили интихобот дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти баландпояи давлатӣ дар даври дувуми интихобот ба нафъи рақибаш тақаллуб кардааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳоле ба шартҳои худ таъкид кард, ки рӯзи шанбе Комиссияи мустақили интихоботи Афғонисхтҳон эълон кард, ки ҳама хостаҳои тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ аз сӯи ин ниҳод пазируфта шуда ва акнун ҳеҷ "баҳона"-е вуҷуд надорад, ки оқои Абдуллоҳ ба раванди интихобот якҷо нашавад.
Нурмуҳаммади Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи шанбе дар Кобул гуфт, дар ҳоли ҳозир равобити онҳо бо тими Ислҳоҳот ва ҳамгироӣ ба сурати катбӣ барқарор аст.
"Ҳар се хости доктор Абдуллоҳ аз диди Комиссияи мустақили интихобот иҷро шуда, масъалаи раиси дорулиншои ин комиссия Зиёулҳаққ Амаархел, мавзуи дувум маълумот дар робита ба мушорикати мардум буд, комиссия бештар аз ҳафт миллион эълом карда буд, ба шакли хаттӣ тавзеҳот барояшон дода шудааст."
Оқои Нур ҳамчунон бо ишора ба орои панҷ вилояте, ки тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ хоҳони шумориши дубораи он гардида буд, гуфт, дар мавриди ин вилоятҳо тарзи амал сохта шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳар вақт ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба раванди интихобот якҷо шуд ва нозирони онҳо дар комиссия ҳузур пайдо карданд, дар мавриди иҷрои ин тарҳ дар робита ба шумориши дубораи орои ин панҷ вилоят, иқдом сурат мегирад.