Ду вакил ба "сабукӣ" дар қонуни танзим даъват карданд

Бархе вакилони парлумони Тоҷикистон ба ислоҳи яке аз қонунҳои баҳсбарангези кишвар даъват карданд. “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, аз назари ин вакилон, бояд ба самти “сабуктар шудан” бознигарӣ шавад. Чунин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки ин қонун дар баробари истиқбол, инчунин боиси баҳсу интиқодҳои зиёди аҳолӣ шудааст.

Ду вакили маҷлис - Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ва Миралӣ Достиев аз ташаббускорони ворид кардани ислоҳот ба “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” мебошанд.

Ин ду вакил аз ҷумла пешниҳод кардаанд, ки ҷашнҳои мардумӣ бо рӯзҳои истироҳат маҳдуд нашуда, дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 субҳ то 23-и шом ва дар рӯзҳои корӣ аз 18 то 23-и шаб иҷозат дода шаванд.

Миралӣ Достиев, вакили порлумон рӯзи душанбеи 27 феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ сабаби ворид кардани ислоҳот ба “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”-ро ба дархосту таклифи интихобкунандагонашон дар маҳаллҳо рабт дод ва гуфт, ки “ҳангоми вохӯриҳо бо мардум, онҳо таклиф намуданд, ки ба ин қонун сабукиҳо дароварда шавад”. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, бо назардошти баргузории референдум ё ҳамапурсии Қонуни Асосӣ, зарурат пеш омад, ки банди бархе аз қонунҳо иваз карда шавад.

Абдулҳалим Ғаффоров.

Абдулҳалим Ғаффоров, вакили дигари порлумон ва раҳбари Ҳизби состсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, “қонун догма нест ва албатта зарурати ислоҳи он пеш меояд”. Ин аст, ки ба гуфтаи вай, “бо гузашти фурсат, зарурат аст, то ба “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” сабукиҳо дода шавад. Чун дар баъзе аз бандҳои ин қонун барои мардум мушкилӣ ва душвориҳо дорад.

Тағйироте, ки вакилон пешниҳод доранд, марбут ба мӯҳлат ва соати баргузории ҷашну маросимҳои мардумӣ дар фасли тобистон, инчунин шумораи меҳмонони даъватшаванда ба ин маросимҳо будааст. Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки ҷашнҳои мардумӣ бо рӯзҳои истироҳат маҳдуд нашуда, дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 субҳ то 23-и шом ва дар рӯзҳои корӣ аз 18 то 23-и шаб иҷозат дода шаванд. Аммо ҳамонгуна, ки ҳоло қонун мегӯяд, ҳар як маросим на бояд аз се соат бештар сурат бигирад. Ҳамчунин бештар кардани теъдоди ширкаткунандагон дар маросимҳои мисли “домодталбон” ва “арӯсбинон” ҳам пешбинӣ шудааст, ки аз 15 нафари ҳозира то ба 20 нафар расонида шавад.

Вакилони порлумони Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ва Миралӣ Достиев мегӯянд, ҳоло он чӣ аз ҷониби онҳо матраҳ шудааст, танҳо дар шакли пешниҳод аст ва дар сурати қабул шудан, метавонанд ҷанбаи қонунӣ пайдо кунанд. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи ин вакилон, тарҳи пешниҳодии онҳо ба ҳукумат ироа шуда ва қарор аст ба зудӣ пас аз омӯзиши вазорату кумитаҳои давлатӣ, дубора барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагон ворид гардад.

Иддае аз коршиносон ҳам мегӯянд, ки аз аввал ин қонун баҳсбарангез буд ва лозим буд, то ҳар чӣ зудтар тағйирот ворид карда шавад. Абуносир Шарифзода, коршиноси тоҷик мегӯяд: “Бубинед, дар сурати дароз шудани соати баргузории маросимҳо дар фасли зимистон ва зиёд кардани шумораи онҳо, мардум ба роҳатӣ метавонанд ҷашну маъракаҳояшонро гузаронанд. Чун муқаррароти қонуни феълӣ дардисарҳое барои худи ҳукумат низ эҷод мекунад. Аз он ҷиҳат, ки мардум аз ин гуна танзимот нигаронанд. Бояд барои мардум барои баргузории маъракаҳояшон сабукӣ дода шавад. Иқдоми депутатҳо қобили дастгирист ва мушкили мардум низ то андозае осон мегардад.”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ҳам, дар иҷлосияи рӯзи 16 феврал хитоб ба аъзои палатаи болоии порлумон гуфт, баъзе аз қонунҳое, ки дар ҳаёти ҷомеа нақши муҳим доранд, ба таври пурра иҷро намешаванд. Ба гуфтаи ҷаноби Убайдуллоев, аз замони қабули қонуни "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" даҳ сол

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ

мегузарад, вале он интизориҳое, ки президент ва аҳли ҷомеа аз ин санади ҳуқуқӣ доштанд, ба пуррагӣ ба даст наомадааст. Убайдуллоев гуфт, бояд таҳлил шавад, ки чаро ин санад ба таври пурра иҷро намешавад? Ин аст, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Додситонии кулли Тоҷикистон тақозо кард, ки назоратро дар роҳи иҷрои қонунҳои "Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ва "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" тақвият бахшанд.

Як ҳадафи муҳими ҷорӣ кардани қонуни нави танзими расму оинҳои мардумӣ – кам кардани шумори маъракаҳо ва ҳам хароҷоти аҳолӣ мебошад. Қонун ба таври мушаххас шумораи меҳмонҳои даъватшаванда ба маросимҳо – аз арӯсӣ сар карда то азову мотам ва зодрӯзро мушаххас кардааст. Барои назорат аз иҷрои ин қонун комиссиюни вижа ҳам амал мекард. Вале ҳолатҳои зиёде буд, ки сокинони маҳаллӣ аз рӯҳафтода шуданашон баъди ташрифи комиссиюни назоратӣ ва ситонидани ҷарима барои нақзи ин қонун хабар доданд.

Бархе мегуфтанд, ки аз ин қонун бархе афроди масъули ришвахор ба фоидаи худ сӯиистифода мекунанд ва аз роҳи муомила бо соҳиби маърака талош мекунанд, шумори зиёде меҳмон ва ё хароҷоти барзиёдро пӯшонанд. Ҳамин масъала ҳам қонуни танзимро ба яке аз пурбаҳстарин қонунҳои солҳои охир табдил дод. Дар гузоришҳои мақомот таъкид шудааст, ки дар муддати 8 соли ахир дар ҷашну маросимҳои мардумӣ маблағи 3 миллиард сомонӣ сарфа шудааст.