Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмадалӣ Ватанов: "Қонуни шаҳрвандӣ акнун ҷавобгӯи талаботи имрӯза шуд"


Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Таҳрири нави Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон меъёрҳои шаҳрвандии ин кишвар, тартиби гирифтан ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушаххас намуд.

Таҳрири нави Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон, ки рӯзи 24 июн баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб расид, қонуни ҳамсони соли 1995-и кишварро ​тасҳеҳ ва такмил кард. Ин тарҳро дар иҷлосияи палатаи поёнии порлумон Ваколатдори ҳуқуқи инсон Зариф Ализода муаррифӣ кард ва раиси Кумитаи масоили қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов ҷузъиёти онро шарҳ дод. Дар як гуфтугӯ бо ҷаноби Ватанов нахуст аз ӯ пурсидем, чӣ боис шуд, ки зарурати таҳрир шудани Қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон пеш ояд?

Маҳмадалӣ Ватанов: Қонуне, ки мо имрӯз қабул кардем, яке аз қонунҳои хеле муҳим аст, зеро он ба муносибатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон бастагӣ дорад. Қонуни пешина ҳанӯз соли 1995 қабул шуда буд. Он вақт Тоҷикистон ба бисёре аз паймонҳои байналмилалие, ки оид ба ҳуқуқи инсон ҳастанд, ҳамроҳ нашуда буд. Аз ин хотир мутобиқ намудани қонунгузорӣ ба ин санадҳо ба миён омад. Инчунин дар рафти татбиқи ин қонуни амалкунанда бисёр масъалаҳое пайдо шуд, ки дар қонун ҳалли худро наёфта буданд ё ҳалли мушаххас надоштанд. Бино бар ин тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи нави ин қонун омода гардад ва он ба баррасии мо пешниҳод шуд. Ин тарҳ дар кумитаи мо бештар аз 3 моҳ кор "хӯрд". Ба он пешниҳоди зиёд аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон ва бевосита худи вакилон сурат гирифт ва инчунин бо ҷалби аъзои гурӯҳи кории ҳукуматӣ ин масъаларо чандин бор баррасӣ намудем. Билохира он лоиҳае, ки имрӯз дар дасти мо аст, омода гардид.

Радиои Озодӣ: Мушахассоти қонуни навро шарҳ медодед, ки чӣ нуктаҳои муҳим дорад.

Маҳмадалӣ Ватанов: Бояд қайд кард, ки дар лоиҳаи мазкур масъалаҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон, қатъ гардидани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳамчунин барқарор кардаи он диққати махсус дода шудааст. Агар мо ба таҷрибаи ҷаҳонӣ назар афканем ва соҳиб шудан ба шаҳрвандиро агар фақат аз рӯи таваллуд нигоҳ кунем, мебинем, ки танҳо аз рӯи принсипи ё хунӣ ва ё хокӣ онро ба танзим медароранд. Яъне шахсе, ки дар ҳудуди давлати муайян таваллуд шудааст, агар принсипи хокӣ амал кунад, новобаста аз шаҳрвандии падару модар ӯ шаҳрвандии он давлатро соҳиб мешавад. Ва баръакс дар принсипи хунӣ бошад, фарзанде, ки аз шаҳрвандони як давлат таваллуд шудааст, қатъи назар аз он ки дар куҷо ба дунё омадааст, шаҳрвандии ин давлатро ба даст меорад. Мо ҳардуро ба ҳам омехтем. Кӯдаконе, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон таваллуд мешаванд, сарфи назар аз он, ки дар куҷо ба дунё омадаанд, соҳиби шаҳрвандии Тоҷикистон мегарданд. Дар ин маврид ба як категорияи муайяни шахсони дигар низ баъзе гузаштҳоро кардаем. Масалан, кӯдаке, ки аз шахсони бешаҳрванд таваллуд мешавад, агар ӯ дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошад, шаҳрвандии Тоҷикистонро ба даст меорад. Яъне агар дар як маврид мо принсипи хуниро ҷорӣ карда бошем, дар мавриди дуюм асли хокиро истифода бурдем. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ асли меросӣ низ ҳаст. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандон аз як минтақа ба минтақаи дигар кӯч бастаанд, ё аз як давлат ба давлати дигар солҳои пешин ба таври зӯрӣ кӯчонида шудаанд. Дар ин ҳол агар падару модар шаҳрванди Тоҷикистонро бошанд, фарзандонашон метавонанд ба шаҳрвандӣ бо тариқи соддагардида қабул шаванд. Се тартиби гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон қабул шуд. Тартиби аввал бо риоя кардани ҳамаи шартҳо, яъне ҳадди аққал панҷ соли зиндагии бефосила дар Тоҷикистон, донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират ва надоштани доғи судӣ сурат мегирад.Тартиби дуюм нисбати як гурӯҳи одамон татбиқ мешавад, ки метавонанд, бо тарзи сабуктар шаҳрванд шаванд.Тартиби сеюм -- ба президенти Тоҷикистон салоҳият дода шудааст, ки бе риояи шартҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба шахс шаҳрвандии Тоҷикистон диҳад.

Маҳмадалӣ Ватанов дар бораи қонуни нави шаҳрвандӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:33 0:00

Радиои Озодӣ: Шумо ҳоло се тартиби дарёфти шаҳрвандии Тоҷикистонро номбар кардед ва гуфтед, як гуруҳи одамон метавонанд бо тарзи сабуктар соҳиби шаҳрвандӣ шаванд. Инҳо киҳо ҳастанд ва аз рӯи кадом шарт пазируфта мешаванд?

Маҳмадалӣ Ватанов: Дар моддаи 16-уми қонуни нав мо пешбинӣ мекунем, ки ба як қатор афрод имтиёзҳое дода шавад, ки бе риоя кардани бандҳои 1 ва 2, яъне панҷ сол истиқомати доимӣ дар Тоҷикистон ва донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират шарт нест, лекин мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор доштанаш истисно намешавад. Ин пеш аз ҳама шахсоне ҳастанд, ки дастовардҳои олӣ дар соҳаҳои мухталифи илму техника, варзиш, тандурустиро доранд ва ё дар фарҳанг комёб гаштаанд, собиқадорони ҷанги бузурги ватание, ки шаҳрвандии Иттиҳоди шӯравиро доштанд ва феълан дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Кӯдак ва ё шахси ғайри қобили амале, ки таҳти парастории шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё таҳти парастории пурраи давлат дар муасссисаҳои тарбиявӣ ё табобатист. Инчунин шахсоне, ки дар замони Шуравӣ шаҳрвандии Тоҷикистонро доштанд ва онҳое ҳам, ки ба давлатҳои ин иттиҳод таалуқ доранд, вале шаҳрвандии он кишварҳоро нагирифта, мақоми бешаҳрвандиро соҳибанд. Ҳамчунин боз ба як гурӯи дигари одамон низ имтиёз дода мешавад, ки ҳатто агар дуним сол дар ҳудуди Тоҷикистон ба сар бурда бошанд ҳам, ҳаққи шаҳрванди Тоҷикистон шуданро доранд. Онҳое, ки мақоми бешҳарвандиро доранд ва муддати тӯлонӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд, шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми таваллуд падар ё модари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон буданд.

Радиои Озодӣ: Аммо аз рӯи қонуни нав киҳо наметавонанд ба шаҳрвандии Тоҷикистон пазируфта шаванд ва ё дар нисбати кадом афрод ва дар кадом ҳолат шаҳрвандии Тоҷикистон бекор карда мешавад?

Маҳмадалӣ Ватанов
Маҳмадалӣ Ватанов

Маҳмадалӣ Ватанов: Албатта, қонун афродеро низ муайян кардааст, ки наметавонад ба шаҳрванди Тоҷикистон пазируфта шаванд. Инҳо он нафароне ҳастанд, ки доир ба худ ва ё ҳолатҳои кор маълумоти бардурӯғ пешниҳод месозанд. Инчунин шахсе, ки аъзои ҳар гуна созмону ҳизбҳои манъшуда ва ё ҳаракатҳои ифротӣ бошад, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ аст. Ва ё шахсе, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шуда бошад, таҳти пайгарди қонун аст, ё ҷазои маҳрум шудан аз озодиро адо карда истодааст. Вақте мо дар мавриди шаҳрвандӣ сӯҳбат мекунем, мо бояд дар назар дошта бошем, ки ба ҷуз аз Русия бо ягон кишвари дигар созишномаи душаҳрвандӣ надорем. Агар нафаре, ки шаҳрвандии дигар кишварро дорад ва намехоҳад аз он даст кашад, вале ҳамзамон барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон дархост пешниҳод мекунад, ҷавоби рад мегирад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Ватанов, ба як нукта рӯшанӣ меандохтед. Агар шаҳрвандони Тоҷикистон узви ин ё он созмони ифротиву террористӣ бошад ва ё дар ҷангҳои кишварҳои дигар ширкат намояд, шаҳрвандияшон бекор мешавад?

Маҳмадалӣ Ватанов: Не, маҳрум кардани шаҳрвандӣ танҳо бо асосҳое, ки дар қонун пешбинӣ карда шудааст, мумкин аст ва шахсоне, ки аъзои чунин гурӯҳҳо ҳастанд онҳо бо ин асос аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум намегарданд. Дар қонун фақат ду асоси аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Якум, дар давлати хориҷӣ ба хидмати ҳарбӣ, ба мақомоти амниятӣ, адлия, ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ба кор даромадани шахс ӯро аз ҳуқуқи шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум мекунад. Асоси дуюм, ба шаҳрвандии давлати дигаре дохил шудан аст, ки Тоҷикистон бо он кишвар шартномаи душаҳрвандӣ надорад. Агар нафаре бо ихтиёри худ шаҳрвандии дилхоҳ давлати Аврупоро ба даст меорад, он гоҳ шаҳрвандии Тоҷикистонро аз даст медиҳад. Чунки дар мо асос якшаҳрвандӣ аст. Дар маҷмӯъ тамоми асосҳое, ки дар қонун барои ба даст овардани шаҳрвандӣ муқаррар карда шудааст, нисбати он шаҳрвандоне, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам ҳам дар хориҷ зиндагӣ мекунанд қариб яканд. Яке аз шартҳо яъне 5 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан ба тартиби умумӣ барои ба шаҳрвандӣ қабул кардан истифода мешавад .Ва ин вазифадор мекунад, шахсе, ки даъвои шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад, бояд дар Тоҷикистон бошад. Лекин дар тартиби соддакардашудае, ки мо номбар кардем, истиқомати доимӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ нест. Ва онҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, метавонанд, бо чунин дархост ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG