Пажӯҳиши тозаи таҳлилгари ғарбии муқими Маскав Эдвард Лимон бахши блогҳои сомонаи англисии Радиои Озодӣ чоп шудааст. Тарҷумаи тоҷикии таҳқиқи Эдвард Лимонро дар зер бихонед:
Дунявияти иҷбории Тоҷикистон
Бино бар банди авввали Қонуни асосиаш, “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.” Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро пайваста такрор мекунад; дар 5 соли охир ӯ ин ибораро дар суханрониҳояш беш аз 50 маротиба ба забон овардааст. Ва дар воқеъ, секюларизм (ба забони тоҷикӣ – “дунявият”) дар арсаи сиёсии Тоҷикистон нақши бунёдиро бозӣ мекунад.
Дунявият дар ҷаҳон роҳҳои ҳусни тафоҳум ва ҳамзистиро фароҳам меорад. Дунявияти тоҷикӣ реша дар 70 соли таъқиби дин аз сӯи низоми Шӯравӣ дорад. Тавре муаррих Адиб Холид мӯшикофона мушоҳида кардааст, ҳукумати Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ “Исломи дуянвигаро”-ро ба вуҷуд овард. Ислом дар шинохти ҳуввияти ин минтақа нақши калидӣ дорад; он “мардуми маҳаллӣ”-ро аз славянҳо ҷудо мекунад.
Фаҳмиши оммиёнаи Ислом дар инҷо бо меъёрҳои қабулшудаи эътиқодоти динӣ чандон мутобиқат намекунад. Барои мусулмон будан дар инҷо шарт нест, ки одам 5 вақт намозашро хонад, хайру саховат кунад, ба зиёрати Макка равад ваё дар моҳи Рамазон рӯза бигирад. Барои аксари сокинони Осиёи Марказӣ мусалмон будан бо нӯшидани машрубот низ мутаноқиз наменамояд.
Аммо чунин дидгоҳ ҳоло аз сӯи насли нав, ки ба дину оин таваҷҷӯҳи бузургтар нишон медиҳад, ба чолиш кашонда мешавад. Барои ман мушоҳидаи як тӯйи арӯсӣ дар ноҳияи Ванҷ дар тобистони соли 2013 хеле ҷолиб буд. Дар ин тӯй танҳо мардони кӯҳансол ва он ҳам пинҳонӣ арақ менӯшиданд, вале ҷавонон аз машрубот ҳамчун аз як чизи ғайриисломӣ парҳез мекарданд. Аммо бо вуҷуди онки мизони эътиқодоти динӣ дар байни мардум меафзояд, дунявият ҳамчун шеваи тафаккури бисёре аз мақомот ва донишмандони тоҷик дар бораи сиёсат боқӣ мемонад.
Аммо ончӣ ки дар Тоҷикистон мегузарад, дунявияте нест, ки масоили дину ғайридин баробар расидагӣ шаванд. Балки ин дунявиятест, ки шаклҳои муайяни динию ғайридинӣ мавриди ҳимоят қарор гирифта, бақия саркӯб мешаванд.
Дар чунин дунявияти иҷборӣ давлат метавонад динро танзим кунад, вале дин наметавонад ба давлат таъсир расонад. Ҳукумати Тоҷикистон бо идомаи роҳи мақомоти пешини Шӯравӣ, як шакли хубу миллии мазҳабро таблиғ ва шаклҳои баду бегонаи Исломро маҳдуд мекунад.
Сабаби дунбол кардани чунин сиёсати дунявияти иҷборӣ чист? Посухи ин суол дугуна аст. Аввалан, дунявияти ҳукумат ба ҷаҳонбинии мушаххасе дар бораи ҷаҳони муосир рабт мегирад. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш дорад, ба демократияи либералии ғарбӣ, ки аз ҷангҳои байни адён бархостааст ва дар назария, таъсири дин ба сиёсатро истисно мекунад, пайравӣ кунад. Дувуман, дунявият зоҳиран як василаест, ки амнияти миллиро замонат медиҳад; мазҳаб зарфияти ба ҳам задани сулҳеро, ки ин режим барои таъминаш хеле мубориза бурдааст, дорад.
Аз ин ҳама ду тарзи бархӯрд нисбат ба дин пеш меояд. Яке бо бардошт аз Карл Маркс аст, ки динро як падидаи эпифеноменалӣ мешуморад ва бар ин аст, ки дин танҳо як ниқоб барои таъқиби дигар манфиатҳост. Бар асоси ин дидгор, ки ман онро аз бисёре аз соҳибназарони тоҷик шунидаам, ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ба сурати умум ҳизби мазҳабӣ нест. Балки он динро ҳамчун як василаи ҷалби мардум истифода мебарад. Ба навбаи худ, муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳайит таъкид мекунад, ки созмони “Давлати исломӣ”, ҳарчанд дар бораи бастагиаш ба мазҳаб ҳарф мезанад, дар асл дунболи ҷаамъоварии пул аст.
Назарияи дуюми дунявият мазҳабро хатарнок мешиносад. Моҷарои ахир байни Фарҳангистони умул ва ҲНИТ ин тарзи тафаккурро ба намоиш гузошт. Баҳс вақте бархост, ки узви Фарҳангистони улум Ҳафиз Бобоёров ҲНИТ-ро бо Толибон ва гурӯҳи ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” монанд кард. Бобоёров ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “ин ҳарсе созмон аз номи Худо ва мусулмонон ҳарф мезананд ва ин ба сари худ таҳдид аст.”
Бобоёров дар ин мусоҳиба мегӯяд, дин худбахуд хатар надорад ва фақат замоне ки дин ба сиёсат олуда шуд, хатарнок мешавад. Ин назари зро зоҳиран бисёре аз мансабдорони тоҷик пуштибонӣ мекунанд. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, ки худаш ҳам пайваста аз хатари ношӣ аз Исломи тундрав ҳушдор медиҳад.
Ҳукумат дунявиятро чораву давои бадбахтиҳои Исломи ифротӣ медонад. Дар мактабҳо омӯзгорон барои наврасон арзишҳои дунявию ватандӯстиро ташвиқ мекунанд. Ин сиёсат дар Қонуни масъулияти падари модар аз соли 2011 низ дарҷ шудааст. Ин қонун рафтани наврасон ба масҷидҳоро манъ карда, ба волидон тарбияи фарзандонашон “дар рӯҳияи арзишҳои башардӯстонаву ватандӯстона”-ро амр мекунад. Дар авоили моҳи январ, беш аз 8000 донишҷӯ аз вилояти Суғд дар номае аз ҲНИТ хостанд, ки олуда кардани динро ба сиёсат бас кунад.
Бино бар ин нома, ки тавассути телевизиони давлатӣ ҳам қироат шуд, “Тоҷикистон ба мутаххасисони касбӣ зарурат дорад, на ба ҳизби сиёсии динӣ.”
Ин бархӯрд динро нирӯи хатарнок мешиносад, ки бояд аз тариқи дунявият танзим шавад. Исломгароёни тундрав, бино бар ин мантиқ, ё фиребхӯрдаанд ваё роҳгумкарда. Ва баҳси масъалаи тундгаро шудани ҷомиаи Тоҷикистон берун аз сиёсат мондааст. Онҳое ки ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд, дониши зиёде дар бораи Ислом надоранд, фақиранд ваё аз мушкилоти равонӣ ранҷ мекашанд.
Ончӣ ки аз ин баҳсҳо бармеояд, нақшест, ки дунявияти давлатӣ худ бозӣ мекунад. Гурӯҳҳои ифротӣ маҳз сиёсатҳои зиддидинии ҳукуматро як далели асосии ҷиҳодашон меноманд. Дар як видео, ки моҳи декабр дар шабакаи иҷтимоии русии Одноклассники нашр шудааст, як корбари 26-сола худро “Муҷоҳиди Кӯлоб” номида, мегӯяд, дар сафи созмони “Давлати исломӣ” алайҳи сиёсати “куфр”-и мақомоти Тоҷикистон меҷангад.
Ба ҷои эҷоди амнияти мардуми Тоҷикистон, дунявияти давлатӣ баръакс беамниятӣ эҷод мекунад. Манъи рафтани кӯдакон ба масҷид, маҳдуд кардани таҳсили исломӣ ва ҷиноӣ эълони кардани Салафия ғолибан боиси боз ҳам бештар ба оғӯши гурӯҳҳои тундрав рафтани ҷавонон мешавад.
Файласуфи амрикоӣ Виллям Конноли дар китоби навҷӯёнааш таҳти унвони “Чаро ман дунявигаро нестам?” тавҷеҳ кардааст, ки дунявият масоили ғайридиниро аз масоили дин боло мегузорад. Бо вуҷуди даъвои таъқиби ҳадафҳое, чун гуногунандешӣ ва озодӣ, дунявият дар пайроҳаи сӯитаҳаммул пой мезанад, чунки танҳо ҳамин тарзи зиндагиро машрӯъ меҳисобад. Барои онки гуногунандешии воқеъӣ ба вуҷуд биоряд, бояд ҳам умури дину ҳам ғайридин эҳтиром гузошта шаванд. Барои расидан ба ин, ҳукумати Тоҷикистонро мебояд аз таҷовузҳои маҷбурии дунявигароёнааш ба ҳаёти мазҳабӣ худдорӣ карда, эътиқодоти гуногуни қишрҳои гуногуни мардумашро бипазирад.
Асли англисии ин матлаб инҷост:
Tajikistan Takes On The God Squad
Эдвард Лимон номзади илм дар Донишгоҳи Эксетери Бритониёст ва таҳқиқоташ асосан рӯи Осиёи Марказӣ ва Русия тамаркуз мекунад. Ӯ ҳоло дар Маскав ба сар мебарад. Охирин таҳқиқоти Эдвард Лимон марбут ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия буд.