Намояндаи Чин гуфт, дар Афғонистон бист гурӯҳи террористӣ ҳузур дорад

Як сарбози "Толибон" дар сарҳади Афғонистону Узбекистон. Акс аз моҳи октябри соли 2021

Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон мегӯяд, ки ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва вуҷуди онҳо ба Чин ва кишварҳои дигари минтақа таҳдиди амниятӣ аст.

Юэ Сяоюн дар мусоҳиба бо Маркази гуфтугӯҳои байнулмилалии Пекин таъкид кардааст, ки Чин дар пайи нуфуз дар Афғонистон нест, аммо умед дорад, ки барои ояндаи ин кишвар "як давлати миёнарав ва фарогир" ташкил шавад. Вай афзуд, "бисёре аз кишварҳо нигарони таҳдидҳои терроризм аз Афғонистон ҳастанд".

Сяоюн ҳамчунин гуфт, бист сол қабл, ҳангоми ворид шудани нерӯҳои байнулмилалӣ танҳо як ё ду гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон вуҷуд дошт. Бо гузашти беш аз 20 сол, тақрибан 20 гурӯҳ дар ин кишвар фаъолият мекунанд.

Замоне ки дар Афғонистон низоми ҷумҳурӣ ҳоким буд, созмонҳо ва сохторҳои зиддитеррористии зери назари давлат ва нерӯҳои вижаи низомӣ вуҷуд дошт. Бо вуҷуди он ҳам, он замон аз ҳузури 21 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон гузориш шуда буд. Ҳоло ҳеч маълумоте аз сӯи "Толибон" вуҷуд надорад, ки оё ин гурӯҳҳо аз Афғонистон берун шудаанд ё фаъолият доранд.

Пеш аз ин, Созмони Милали Муттаҳид гузоришҳое аз ҳузури гурӯҳҳои террористии гуногун, аз ҷумла "Ал-Қоида" дар Афғонистон пешниҳод карда буд.

Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон дар ҳоле аз ҳузури 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард, ки шаби 17 ба 18-уми ноябр дар ҳамлае ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон, ҳаммарз бо Афғонистон, як шаҳрванди Чин кушта ва чаҳори тани дигар захмӣ шуданд.

Агарчӣ Чин, Тоҷикистон ва ҳукумати "Толибон" то замони нашри ин гузоришҳо чизе нагуфтаанд, аммо тибқи баъзе аз гузоришҳо, ҳамлаварон аз Афғонистон ба Тоҷикистон рафтаанд.

Тайи моҳҳои охир ҳамла ба коргарони чинӣ дар Покистон ҳам афзудааст. Мақомоти Покистон ва Чин дар моҳи октябри имсол эълон карданд, ки дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ ду коргари чинӣ кушта ва дастикам 8 нафар захмӣ шуданд. Сафорати Чин таркишро "ҳамлаи террористӣ" хонд.

Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, кишварҳои минтақа нигарони ҳузури ин гурӯҳҳо ҳастанд.