Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кишварҳои ҳамсоя маҷбуранд бо Толибон ҳамкорӣ кунанд" ВИДЕО


Мансабдорони ҳукумати Толибон
Мансабдорони ҳукумати Толибон

Дар маҳаллае бо номи шартии “Кобули кӯчак”-и пойтахти Ҳинд - шаҳри Деҳлӣ паноҳҷӯёни афғонистоние ба сар мебаранд, ки баъди ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон ба ин ҷо фирор кардаанд.

Бо гузашти вақт ҳам, ин паноҳҷӯён ва ҳам ҳамсояҳои Афғонистон зоҳиран ба ин андеша наздик мешаванд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба як шакле бо режими муҳофизакор дар Кобул ҳамкорӣ барпо кунад.

Дар “Кобули кӯчак” дар Ҳинд фирориён аз Афғонистон ҳис мекунанд, ки ҳамсояҳои Толибон муносибати худро ба ин режим тағйир медиҳанд.

То соли 2023 дар сафорати Афғонистон дар Деҳлӣ дипломатҳои ҳукумати пешини демократӣ кор мекарданд. Вақте Толибон сари қудрат омаданд, аксар кормандони сафорат дар кишварҳои хориҷӣ паноҳҷӯ шуданд ва ба сафорат намояндагони Толибон соҳибӣ карданд. Ҳоло паноҳҷӯён илоҷи дигаре ба ҷуз муроҷиат ба консулгарии Афғонистон надоранд.

Муҳаммад Салим, афғонистонии муқими Ҳинд мегӯяд, маҷбуранд ба сафорати зери назари Толибон муроҷиат кунанд, “чун шиносномаву ҳеҷ як санади дигар надоранд ва мушкиле пеш омад, хориҷ мекунанд."

Ӯ мегӯяд, аз замони омадани Толибон, нархи кори консулгарӣ гаронтар шудааст.

Ҳинд танҳо нест ва бо вуҷуди набуди эътирофи байналмилалӣ, баъзе кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамкориро бо Толибон ба роҳ мондаанд. Моҳи январ Чин аввал шуда эътимодномаи фиристодаи Толибонро дар Пекин қабул кард.

Моҳи январ дар Кобул ҷаласае бо иштироки дипломатҳои Русия, Чин, Эрон, Покистон, Туркия барпо шуд ва ҳам гузориши созмони "Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо" нашр шуд, ки ҳамкорӣ бо Толибонро як амри ногузир номид.

Граем Смит, як масъули “Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо” гуфт: “Кишварҳои минтақавӣ ба ҷуз ҳамкорӣ илоҷи дигаре надоранд. Ҳар чизе ки дар Афғонистон мегузарад, ҳамон замон ба худи онҳо таъсир мерасонад, ҳам дар бахши тиҷорат ва ҳам амният. Ҳамкории минтақа бо Толибон ҳар қадар душвор ҳам набошад, зарур аст.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дархости бошандагони “Кобули кӯчак”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Ҳамзамон, таҳримҳои ҷорикардаи Ғарб нисбат ба Толибон пойбарҷо буда, Афғонистон аз низоми байналмилалии бонкӣ канда аст, чун ҳокимони имрӯзаи кишварро барои поймол кардани ҳуқуқи занону духтарон ва дигар ҳуқуқҳо маҳкум мекунанд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ҳарчанд барои демократияи ҳамсояи мисли Ҳинд ҳамкорӣ бо Толибон нохушоянд аст, вале аз манфиатҳо ҳам холӣ нест.

Муҳиб Аҳмад, устоди донишгоҳи “Ҷомеаи миллии исломия” дар Деҳлӣ гуфт: “Ҳинд дар фикри дастёбӣ ба захираҳо ва нафти Осиёи Марказӣ аст. Ҳинд манфиатдори ба пойгоҳи гурӯҳҳои террористӣ табдил шудани Афғонистон нест, чун баъдан Деҳлиро ҳадаф қарор медиҳанд.”

Баъзе сокинони “Кобули кӯчак” мегӯянд, ҳарчанд зиндагӣ дар Деҳлӣ осон нест, вале бозгашт ба Афғонистони зери назари Толибон як кори ғайри қобили қабул аст. Аҳмад Парвиз пеш аз тарки Афғонистон як мураббии варзишӣ буд.

Ӯ гуфт, чун барои надоштани риш Толибон таҳдид кардаанд, ба Афғонистон баргаштанӣ нест.

Толибон тобистони соли 2021 Афғонистонро зери назорат дароварданд. То ҳанӯз ҳеч кишвари дунё ҳукумати ин гурӯҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG