Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шохаи ДОИШ наздик ба марзи Тоҷикистон хатарноктар шудааст


Ҳофиз Сайид, раҳбари Шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ дар як видеои таблиғотӣ.
Ҳофиз Сайид, раҳбари Шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ дар як видеои таблиғотӣ.

Кумитаи таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал мегӯяд, Афғонистони зери ҳокимияти Толибон ба паноҳгоҳи амне барои гурӯҳҳои Ал-Қоида ва ДОИШ табдил шудааст.

Дар канори нигарониҳо аз ҳузури шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ дар Афғонистон нигаронии дигар дар бораи ҳузури ин ҳалқа дар дунёи маҷозист. Лукас Вебер, бунёдгузори вебсайти махсуси “Милитант Вайр” мегӯяд, ки шохаи Хуросони ДОИШ талош кардааст, ки нисбат ба ҳар шохаи дигари ин гурӯҳ ба забонҳои бештар таблиғот кунад.

Ӯ мегӯяд: “Шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ ба густариши фаъолиятҳояш идома медиҳад. Он ахиран як расонаи нави туркизабон ва як маҷаллае ба забони тоҷикӣ таъсис додааст. Ин шохаи ДОИШ навиштаҳои худро дар чандин шабака, аз ҷумла паёмгирҳо нашр мекунад. Ин гурӯҳ “ҷиҳоди расонаӣ”-ро ривоҷ медиҳад ва пайравонашро ташвиқ мекунад, ки худашон чунин матолиб бинависанд.”

Ҳамлаи маргбор дар моҳи март ба толори консертии Крокус дар канори шаҳри Маскав бори дигар шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ-ро дигарбора дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ қарор дод. Дар ин ҳамла, ки масъулияташро ДОИШ бар ӯҳда гирифт, дасти кам 144 нафар кушта шуданд.

Мақомҳои Амрико баъди ин ҳамла гуфтанд, ки иттилооти онҳо нишон медиҳад, ки ҳамлаи Маскавро шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ анҷом додааст. Дар Русия дасти кам чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан ба ин ҳамла дастгир шуданд, ҳарчанд шубҳаву гумон дар ин замина бисёр зиёд аст.

Интернет ҷойи ҷалбу ҷазб ба ДОИШ

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳам гуфтаанд ва мегӯянд, ки шумори зиёде аз ҷавонони тоҷик маҳз дар Интернет, мағзшӯӣ шуда ва ба сафи гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла ДОИШ пайвастаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, ки 90 дар сади ҷавононе, ки ба сафи ДОИШ пайвастаанд, аз тариқи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳ ҷалб шудаанд.

Ба қавли як намояндаи додситонӣ 85 дар сади онҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки дар хоки Русия ба сафи ин созмони тундгаро ҷалб шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин афрод аксаран ҷавонони камсаводе ҳастанд, ки барои пайдо кардани посух ба суолҳои норӯшани динӣ ба рӯҳониёни алоҳида рӯ меоранд ва ба доми таблиғотии созмонҳои ифротӣ меафтанд.”

Гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба унвони як созмони террористӣ шинохта мешавад ва шохаи Вилояти Хуросон дар гӯшаҳое аз Афғонистону Покистон фаъолият дорад.

Лукас Вебар мегӯяд, ки ин шохаи ДОИШ талошҳояшро ҳамчунон барои тарғиби пайравонаш ба ҳамлаву хушунат дар берун аз Афғонистон, аз ҷумла кишварҳои ғарбӣ афзоиш додааст. Ӯ афзуд: “Шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ ба таври қобили мулоҳиза қудрати амалиёти хориҷии худро афзоиш додааст. Ҳамлаҳоеро дар Эрон, Русия ва Туркия анҷом додааст. Ва ҳамчунон манофеи хориҷиро дар дохили Афғонистон ҳадаф гирифтааст. Ин бахше аз стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии он аст.”

Генерал Майкл Курило, фармондеҳи Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, дар моҳи март ба Кумитаи хадамоти низомии Маҷлиси намояндагони Амрико гуфта буд, ки талошҳои Толибон барои саркӯби шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ дар Афғонистон нокофист. Бар асоси гузоришҳо аз соли 2020 ба ин тараф Саноулло Ғаффорӣ бо номи мустаори Шаҳоб ал-Муҳоҷир раҳбарии шохаи Вилояти Хуросонро бар ӯҳда дорад. Иёлоти Муттаҳида барои иттиллои арзишманд барои боздошти ӯ 10 миллион доллар подош таъйин кардааст.

Хабаргузории Ройтерс бо такя ба маноеби худ гузориш додааст, ки Ғаффории 29-сола, пас аз захмӣ шудан дар Афғонистон порсол ба Покистон гурехт ва гумон меравад, дар иёлати марзии Балучистон пинҳон шуда бошад.

Ҳамла дар наздикии дарвозаи Абигейти фурудгоҳи Кобул дар моҳи августи соли 2021, ки дар он 13 сарбози амрикоӣ ва дасти кам 170 афғон кушта шуданд, аввалин ҳамлаи шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ дар Афғонистон пас аз вуруди Толибон ба Кобул буд.

Ин шохаи ДОИШ сипас масъулияти бархе аз ҳамалоти дигар, аз ҷумла ҳамла ба қароргоҳи ҳукумати вилояти Балх ва аз байн бурдани Муҳаммаддовуд Музамил, волии Толибон дар ин вилоят, ҳамла ба меҳмонхонаи шаҳрвандони Чин ва ҳамла ба сафорати Русия дар Кобулро низ бар ӯҳда гирифт.

Амрико ДОИШ-ро ба феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ шомил кардааст ва соли 2017, соли шикаст хӯрдани ДОИШ дар Ироқ ва Сурия бузургтарин бомб бо вазни 9 тонна ва маъруф бо номи “модари бомбҳо”-ро алайҳи ДОИШ дар ноҳияи Ачини вилояти Нангарҳор партоб кард.

Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида дар он замон гуфта буд, ки ин бомб барои мавҳи ғору нақбҳое ба кор бурда шуд, ки ҷангҷӯёни ДОИШ дар онҳо паноҳ бурда буданд. Дар он замон гузориш шуд, ки ин бомби бузург чанд ифротгарои тоҷикро ҳам нобуд кардааст.

Афзоиши ҳамлаҳо дар соли 2024

Фармондеҳии марказии нерӯҳои Амрико дар рӯзи 17-уми июл эълон кард, ки ДОИШ дар Ироқ ва Сурия дар талоши барқарор кардани сафҳои худ аст ва теъдоди ҳамлаҳояш дар имсол назар ба соли гузашта зиёд шудааст. Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, ин фармондеҳӣ дар баёнияе гуфт, ки ДОИШ масъулияти 153 ҳамларо дар 6 моҳи аввали соли 2024 дар Ироқ ва Сурия бар дӯш гирифтааст.

Толибон гоҳе мегӯянд, ки ДОИШ дар Афғонистон заиф шудааст ва ё шикаст хӯрдааст ва ё гоҳе ҳузури ДОИШ дар кишварро инкор мекунанд. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати умури хориҷии Толибон, дар рӯзи 18-уми июл иддао кард, ки ДОИШ дар Афғонистон ҳузур надорад. Ӯ гуфт, ки марказҳои ДОИШ дар берун аз Афғонистон бояд нобуд карда шаванд: “Мо ба ҷаҳониён садо мекунем, ки дар минтақа берун аз Афғонистон, марокизи ДОИШ ва амсолашон бояд аз байн бурда шавад. Агар нашавад, нуқсон ба ҳама мерасад, мисле ки мову шумо дидем.”

Аммо шуморе аз таҳлилгарон ин иддаои Толибонро дур аз ҳақиқат медонанд. Ориф Саҳар, таҳлилгари умури амниятӣ дар Бритониё мегӯяд, ҳузури ДОИШ дар Афғонистони зери султаи Толибон собитшуда аст ва хатари ҷиддӣ дар пай дорад:

“ДОИШ талошаш бар ин аст, ки ба тарафи шимоли Афғонистон нуфуз кунад. Дар қадами аввал амнияти кишварҳои Осиёи Марказиро ба чолиш бикашад ва аз онҷо битавонад, ки хатари ҷиддӣ алайҳи манофеъ ва нуфузи Русия ва дар қадами баъдӣ Чин эҷод кунад. Бинобар ин ҳузури ДОИШ ва тавсиаи ДОИШ таҳти ҳокимияти Толибон метавонад, ки хатари хеле печидаи минтақаӣ ва фароминтақаӣ дошта бошад.”

Шӯрои Амнияти Созмони Милал зимни ибрози нигаронӣ аз идомаи фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон дар баёнияи аз соли гузашта гуфта буд, ки шумори ҷангҷӯёни шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар Афғонистон байни 4000 то 6000 тан тахмин зада шудааст.

Ориф Саҳар мегӯяд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз абзорҳо барои ҷалбу ҷазби афрод ва фароҳам шудани имконоти молӣ барои ДОИШ аст.

Ӯ афзоиши ҳузури ДОИШ-ро дар дунёи маҷозӣ нигаронкунанда мехонад: “Ба ҳамон мизоне, ки ҳузури ДОИШ дар дунёи маҷозӣ бештар шавад, ба ҳамон мизон сатҳи таҳдидоти амнияти ҷаҳонӣ боло меравад. Ва ДОИШ дар ин қисмат хеле муваффақ кор кардааст ва аз одамҳо, нерӯҳои мутафовити зан ва мард ва гурӯҳҳои мутафовит, аз забонҳои гуногун истифода кардааст, барои инки битавонад, амалиётҳояшонро муваффақона анҷом бидиҳад.”

Шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ дар соли 2015 умдатан тавассути ҷангҷӯёни норозии Толибони покистонӣ, ба саркардагии Ҳофиз Саидхон, як фармондеҳи пешини Толибон покистонӣ дар манотиқи марзии Покистону Афғонистон бо номи Хати Дюранд, эъломи мавҷудият кард. Сипас фаъолиятҳояш ба вилоятҳои Нангарҳор, Кунар ва Ҷузҷон густариш ёфт.

Ҳушдор ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Нозирон бар ин бовар ҳастанд, ки шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ ҳоло бештар ба ҳамлаҳои сархатсоз дар дохил ва берун аз Афғонистон рӯй овардааст. Рӯзномаи “Файненшл Таймс” дар охири моҳи март аз қавли Ненси Физер, вазири умури дохилии Олмон навишт, ки ДОИШ бузургтарин таҳдид дар ин кишвар аст. Генерал Курило дар аввали моҳи март ба сенаторони Амрико гузориш дод, ки шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ мумкин аст, дар камтар аз шаш моҳ ба манофеи Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб дар берун аз Афғонистон ҳамла кунад.

Марзбонони Тоҷикистон моҳи майи имсол аз сокинони кишвар ва хориҷиён хостаанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳуввият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Кумитаи амниятӣ миллӣ дар баёнияе гуфт, сабаб "вазъи минтақа ва ҷаҳон" ва "кӯшиши созмонҳои террористию экстремистӣ барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадҳои давлатӣ ва амалҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон" аст.

Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида эълон кардааст, барои иттилооте, ки битавонад ба баҳам задани шабакаи молии шохаи Хуросони ДОИШ шавад, 10 миллион доллар инъом медиҳад. Вазорат дар баёнияе гуфтааст, ки ин шохаи ДОИШ дар Афғонистон ҷойгир аст ва бештар аз ҳисоби истихроҷи манобеи табиӣ ва қочоқи он ба хориҷ суд мебарад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG