Шӯрои Амният дар эъломияи худ бо ишора ба ин ихтилофҳо мегӯяд, ду узви доими ин Шӯро, монеи қабули ин қатънома шудаанд.
Ҳарчанд эъломия аз ин ду кишвар ба таври ошкор ном набурдааст, вале мегӯяд, онҳо далел пеш овардаанд, ки қонуни амр ба маъруф "масъалаи дохилии Афғонистон" аст ва дар ҳоли ҳозир ниёз ба қабули ин қатънома нест.
Ин эъломия мегӯяд, ки Русия ва Чин гуфтаанд, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар набояд бо фиристодани кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон рабт дода шаванд.
Бар асоси эъломияи Шӯрои Амният, ки рӯзи душанбе нашр шуд, бархе кишварҳои ин Шӯро, аз ҷумла, Фаронса, Бритониё ва Амрико гуфтаанд, агар Толибон моиланд, ки ба расмият шинохта шаванд ва кӯмакҳои иқтисодии ҷомеаи ҷаҳоинро ба даст оваранд, бояд арзишҳои ҷаҳониро риоя кунанд.
Эъломия меафзояд, ки ин кишварҳо ба далели сиёсатҳои Толибон, ба хусус иқдомҳои онҳо алайҳи занон ва духтарон, аз фишор ба Толибон ҳимоят мекунанд.
Қонуни нави амр ба маъруфи Толибон нисбати занон маҳдудиятҳои сахтеро дар назар гирифтааст. Аз ҷумла, тибқи ин қонун, садои занон "аврат" аст.
Қонуни амр ба маъруфи Толибон, ки занонро вазифадор месозад то ҳама бадани худро бипушонанд ва хориҷ аз хона ҳатто садои онҳо низ набояд шунида шавад, бо интиқодҳои густурдаи созмонҳои ҳуқуқи башар ва СММ рӯбарӯ шудааст.
Эъломияи Шӯрои Амният мегӯяд дар ҳоле, ки аъзои ин Шӯро дар умум орзуманди як Афғонистони обод, шукуфо, сулҳомез ва дур аз терроризманд, дар роҳи расидан ба ин маром бо ҳам ихтилофи назар доранд.
Гуфтугӯ