“Берун сард, дохил аз он сардтар”
Абдухолиқ Фаттоев дар деҳаи Шодмонқалъаи шаҳри Ваҳдат, 25-километрии Душанбе, ба тиҷорати молҳои гуногун машғул аст. Ӯ рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавои берун сард, аммо дохили дӯкон аз он сардтар аст, чун бо далели маҳдудияти нерӯи барқ гарм карда наметавонад.
“Ман барои гарм кардани хона ангишт гирифтам. Бачаҳо ҳезум мешикананд. Бисёриҳо камбизоатан, надоранд, шароиташон дар ин хунукӣ вазнин аст. Намедонем, ин барқ куҷо мерафта бошад," – гуфт Абдухолиқ Фаттоев.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар асоси реҷае, ки Вазорати энергетика муайян кардааст, сокинони деҳаҳо аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 16 то 23-и шаб бояд барқ дошта бошанд. Санҷиш дар баъзе аз маҳаллаҳо нишон дод, ки ҷадвал на дар ҳама ҷо риоят мешавад.
“Бегоҳӣ соати панҷ, баъзан шаш барқ медиҳанд, вале 11 нашуда хомӯш мекунанд. Чанд рӯз барқро дер доданд. Алов мекунем, аз газ истифода мебарем. Ҳама чизро, ҳезуму таппаку ангиштро мехарем. Барои кӯдакон ҳам мушкил. Шаб бо фонус дарс тайёр мекунанд,” – нақл кард Давлатмоҳ Раҳматова, сокини деҳаи Шодмонқалъаи шаҳри Ваҳдат.
Чунин мушкил на танҳо дар Шодмонқалъа, балки дар деҳаҳои дигари Тоҷикистон ба назар мерасад. Тайи ду-се ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук”, шикоятҳо аз қатъи нерӯи барқ дар пойтахт, шаҳри Душанбе, низ бештар шудааст.
“Барқи Тоҷик” ё “Шабакаҳои тақсимоти барқ”?
Як намояндаи Вазорати энергетика рӯзи 25-уми декабр бе зикри номаш гуфт, “дар фасли зимистон дастгоҳҳо, аз ҷумла трансформаторҳо аз меъёр бештар кор мекунанд. Барои пешгирӣ аз сар задани ҳар гуна мушкил, гоҳе барқро ҳангоми реҷаи таъйиншуда низ хомӯш мекунанд.”
Иқтисоддон Фозилҷон Фатҳуллоев назари дигар дорад: “Яке аз сабабҳои риоя накардани реҷа, эҳтимол, метавонад ба элементҳои коррупсионӣ рабт дошта бошад. Дар байни соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсолӣ, гап ҳаст, ки ба нозирони барқ маблағ ҷудо мекунанд, то ба онҳо қувваи барқи бештар дода шавад. Эҳтимол ҳамин ноадолатӣ боиси риоя нашудани реҷаи барқ гардад.”
Дар ширкати “Барқи Тоҷик” шарҳи мавзуъро ба салоҳияти “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гузоштанд. Тамосҳои батакрори мо ба ин идора бенатиҷа монд, касе посух надод.
Ширкати "Барқи Тоҷик" қаблан эълон карда буд, ки зимистон "бисёр сарду тӯлонӣ" хоҳад буд ва бинобар ин аз 22-юми сентябр ба мардум бо маҳдудият нерӯи барқ медиҳад. Пештар мавсими "лимит" моҳи октябр оғоз шуда, дар моҳи апрел ба поён мерасид.
Оҷонси омори Тоҷикистон гуфта буд, ки дар моҳҳои январ-августи соли 2024 кишвар ба Афғонистону Узбекистон ба зиёда аз 82,3 миллион доллар нерӯи барқ фурӯхтааст. Маълум нест, ин шабу рӯз, ки сокинон аз камбуди барқ азият мекашанд, Тоҷикистон бо чӣ ҳаҷм ва ба кадом кишвар нерӯи барқ содир мекунад.