Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро роҳи Тоҷикистон ба сӯи "иқтисоди сабз" ҳамвор нахоҳад буд?


Панели нирӯгоҳи офтобӣ дар боми яке аз биноҳо дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Панели нирӯгоҳи офтобӣ дар боми яке аз биноҳо дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар аз минбари Созмони Милал дар мавриди талоши кишвараш барои даст ёфтан ба иқтисоди сабз то соли 2037 суҳбат кард.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони байнулмилалӣ барои расидан ба ин ҳадаф кушиши зиёд мекунанд, аммо ба назар мерасад дар ин роҳ монеа ҳам кам нест.

Дар ҷаласаи 79-уми Маҷмааи умумии СММ, ки 24-уми сентябр баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон бо 93 дарсад минтақаи куҳистонӣ дар баробари тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Ӯ зимни суханрониаш аз зарари расида аз офатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо, коҳиши оби дарёҳо ва таъсири манфии ин ҳама омилҳо ба нерӯи барқи обӣ, иқтисод, саноат ва кишоварзӣ низ ёдоварӣ кард.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳи дурусти ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, тавсеаи иқтисоди сабз аст ва Тоҷикистон талош мекунад, ки аз тариқи “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037” ба ин ҳадаф бирасад. Ин ба чӣ маъност ва то куҷо имконпазир аст?

Иқтисоди сабз чист ва барои Тоҷикистон чӣ лозим аст?

Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии СММ
Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи умумии СММ

Ин як шеваи рушд бо ҳадафи дастёбӣ ба рушди пойдор ва коҳиши таъсир ба муҳити зист аст. Дар ин усул бо роҳандозии таҷҳизотҳои созгор бо муҳисти зист ва коҳиши газҳои гулхонаӣ тамаркуз мешавад. Ғайр аз ин, гузариш ба сарчашмаҳои барқароршавандаи энержӣ, коҳиши партовҳо, истифода аз фанновариҳо бо таъсири камтар ба табиат, таъмини дастрасии баробар ба манобеъ ва ҳифзи муҳисти зист аз аслҳои асосии иқтисоди “сабз” мебошанд.

Чунин шеваи иқтисод барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Тибқи арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвари минтақа дар баробарии оқибатҳои тағйирёбии иқлим аст. Нахустин таъсири тағйирёбии иқлим ба бахши тавлиди барқ мерасад, чун 98 дарсади барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад.

Бо ҳадафи гузаштан ба иқтисоди сабз дар панҷ соли ахир, дар Тоҷикистон чандин санад тасвиб шудааст, ки “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030” ва “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037” аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ба ин тартиб, ҳукумат талош дорад бо ҷалби сармоя ва фанноварӣ ба иқтисоди “сабз”, ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Ҷоҳталабиҳои калонтар аз имконият?

Тимур Идрисов, коршиноси мустақили масъалаҳои муҳитзистӣ мегӯяд, дар барномаҳои қабулшуда ҳадафҳои дастёфтанӣ ва ҳам беш аз ҳад бузург аст, ки дар тӯли 13 сол расидан ба онҳо номумкин ба назар мерасад. Ин стратегия 12 ҳавзаи авлавиятдорро мушаххас мекунад. Шурӯъ аз истифода аз манбаҳои барқароршаванд ва сохтусози “сабз” то рушди сайёҳии экологӣ ва тақвияти омӯзиши муҳитзистӣ. Расидан ба баъзе аз ҳадафҳо (барои мисол коҳиши 10 дарсадии талафоти нерӯи барқ) бо маблағҳои маҳдуд ҳам имконпазир аст. Аммо, дастёбӣ ба бархеи дигар (масалан, афзудани теъдоди сохтмонҳои «сабз» то 80 дарсад) аз эҳтимол дур ва ҳатто номумкин ба назар мерасад”, - мегӯяд Идрисов.

Обшавии пиряхҳо яке аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон
Обшавии пиряхҳо яке аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи вай, чандин омилҳо вуҷуд дорад, ки барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мамоният эҷод мекунанд. «Ин монеаҳо шомили қонунгузории зидду нақиз, манобеи маҳдуди ниҳодӣ ва захираҳо инсонӣ, заминаи заифи илмӣ-фаннӣ ва мудирияти беасар ва набуди шаффофият. Яке аз омилҳои калидӣ набудани маблағгузории давлатӣ барои амалӣ кардани стратегия мебошад. Барои ҷалби ҳаҷми қобили таваҷҷуҳи сармоя аз тарафи шарикони рушд ва бахши хусусӣ то ҳол шароити лозим фароҳам нашудааст», - мегӯяд коршинос.

Умед ба шарикон

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағ барои иҷро кардани марҳилаи аввали стратегия 2,1 миллиард доллар аст. Буҷаи давлатӣ яке аз манбаҳои маблағгузорӣ гуфта шудааст. Аммо, дар амал соли 2023 камтар аз 1 дарсади буҷа барои амалӣ кардани чунин барномаҳо ҷудо шудааст. Аён аст, ки ҳукумат чашм ба роҳи сармоя ва кумаки молии шарикони рушд аст, ки онҳо то ҳудуде ба ҷудо кардани кумаки молӣ шурӯъ кардаанд.

Аз ҷумла, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд моҳи сентябри соли 2023 дар Тоҷикистон ба маблағи 50 миллион доллар сармоягузории сабз кардааст. Ҳадафи ин тарҳ афзоиши стандартҳои баҳраварӣ энержӣ ва манобеъ ва ташвиқи қарздгирандагон ба сармоягузорӣ дар фанновариҳои аз нигоҳи экологӣ тоза ва навоварона аст.

Моҳи июли соли ҷорӣ Бонки осиёии рушд бо ҳадафи фароҳам кардани муҳити тиҷоратҳои созгор ба тағйирёбии иқлим ва дастгирии тиҷоратҳои хурду миёна ба ҳукумати Тоҷикистон 50 миллион доллар дод.

Шани Кэмпбэлл, роҳбари Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ин кишвар дар заминаи «сабз» ваъдаи сиёсии қавӣ дорад.

Хокбод дар Душанбе
Хокбод дар Душанбе

“...Амалӣ кардани муваффақонаи стратегия аз чанд омил вобаста аст, аммо на маҳдуд ба иродаи сиёсӣ, мудирият, ҳамоҳангсозии ҷонибҳои манфиатдор, зарфият ва таҷриба дар заминаи иқтисоди сабз, инчунин кумакҳои молии дастрас. Мушкилии иқтисоди сабз ниёзманди як рӯйкарди ҳамоҳанг дар ҳама бахшҳо ва сатҳи давлатӣ ва ҳамчунин бо бахши хусусӣ ва шарикон рушд аст», - мегӯяд роҳбари Бонки осёии рушд.

Ӯ инчунин таъкид мекунад, ки Бонки осиёии рушд барои ҳукумат дар амри таҳияи ин стратегия, бунёди маркази ҳамоҳангӣ барои амалӣ кардани он ва омода кардани нақшаи маблағгузории иқлимӣ барои расидани ба ҳадафҳои кишвар дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши он кумак кард.

Воқеъият чӣ гуна аст?

Баҳрулло Абдуллоев, намояндаи ширкати “Green Technologies”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба насби панелҳои офтобӣ машғуланд, мегӯяд қабули қарорҳои сиёсӣ барои гузаштан ба иқтисоди “сабз” ба боло рафтани талабот ба фанновариҳо мусоидат кардааст, аммо теъдоде аз маҳдудиятҳо ҳанӯз вуҷуд доранд.

«Бозор ҳанӯз барои қонеъ кардани талабот ба фанновариҳои сабз омода нест, аммо ду соли ахир теъдоди ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳатто дархост ба ширкати мо ҳоло нисбат ба соли гузашта бештар шудааст», - мегӯяд Абдуллоев.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи вай, ба сабаби нархи арзони нерӯи барқ дар Тоҷикистон фаннориҳои каммасраф назар ба хонаҳо бештар дар муассисаҳо истифода мешавад. Ин фанновариҳо ҳанӯз ба манфиати мардум нестанд.

«Инчунин дар қисмати ворид кардан ҳам мушкилиҳо вуҷуд дорад. Барои мисол, боҷи гумрукӣ барои мошинҳои барқӣ бардошта шудааст, аммо барои аккумулятор ва батареяҳо ҳанӯз ҳифз шудааст, ки равандро суст мекунад», - мегӯяд Абдуллоев.

XS
SM
MD
LG