Бар асоси ин қарор, “Азот” аз ин баъд ҳар киловат/соат нерӯи барқро ба 30,75 дирам мехарад. То ин вақт нархи як киловат/соати барқ барои ин корхона 46,40 дирам буд. Корхонаҳои дигари истеҳсолии Тоҷикистон барои ҳар киловат/соати барқ 70,35 дирам месупоранд.
Танҳо “Талко” ва Комбинати металлургии Тоҷикистон барқро аз дигарон арзонтар мегиранд. “Талко” давлатӣ аст ва Комбинати металлургии Тоҷикистон тибқи ҳуҷҷатҳои Кумитаи андоз аз сӯи “Фароз” таъсис ёфтааст. Намояндагони Комбинати металлургии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки ба ширкати “Фароз” ягон робита надоранд.
Корхонаи нуриҳои “Азот”-ро соли 2022 ширкати “Осиё Кемикал” харид ва як сол баъд фаъол шуд. Номи соҳиби ширкате, ки “Азот”-ро харид, маълум нест ва дар борааш дар интернет маълумоти зиёд ҳам вуҷуд надорад.
“Азот” соли 1967 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шудааст. Ин корхона борҳост, аз даст ба даст мегузарад.
Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 ин корхонаро, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба сармоягузори украинӣ Дмитрий Фирташ, 20 дарсадаш ба ҳукумати Тоҷикистон ва 5 дарсадаш ба Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, тааллуқ дошт, давлатӣ кард. Солҳои 2016-2019 ин корхона дар ихтиёри як ширкати чинӣ буд, аммо ҳукумат онро дубора бозпас гирифт.
Паст кардани нархи барқ барои “Азот” ягона саховатмандии ҳукумат барои соҳибони нави корхона нест. Соли 2022 порлумон "Осиё Кемикал", соҳиби ширкати “Азот”-ро то 5 сол аз пардохти "андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ" озод карда буд. Ҳамчунон мутахассисоне, ки ширкат аз хориҷ даъват мекунад, аз пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ва ҳатто гирифтани иҷзатномаи кор дар Тоҷикистон озоданд.
Додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез буда, наздикии бархе аз онҳо бо хонаводаи президенти Тоҷикистон шубҳаеро ба миён овардааст, ки ширкатҳои дигар низ ба ин оила рабт доранд.