Наҷмиддини овозхон дар садамае дар Чеченистон ҷон бохт

Наҷмиддин Сафаров. Акс аз бойгонии хонаводагии овозхон

Наҷмиддин Сафаров, ҳунарманди собиқадор ва шинохтаи Тоҷикистон, дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса рӯзи 18-уми август, як рӯз пеш аз бозгашти ӯ ба ватан рух дод. Ҷасади Наҷмиддин Сафаров рӯзи 27-уми август тавассути қатори роҳи оҳан ба Тоҷикистон расид ва наздиконаш тавонистанд, ки ӯро ба хок супоранд. Қабристони Пахтаободи ноҳияи Турсунзода макони охирати овозхони 66-сола шуд.

Наҷмиддин дар муқоиса ба манотиқи дигари Тоҷикистон дар ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва навоҳии ҳамсарҳад бо Узбакистон маъруф буд

Манзили зисти Наҷмиддин Сафаров дар гузари Пахтаобод ғамхона аст. Аз ҳунару истеъдоди ӯ ҳоло чанд акси ҷавониаш дарак медиҳад. Дар як акс бо Мастона Эргашева ва дар дигаре бо Ҷӯрабек Муродов дар саҳна истодааст.

Тоҷиддин Сафаров, фарзанди овозхони марҳум, рӯзи 29-уми август гуфт, падараш се моҳ қабл ба шаҳри Грозний ба назди фарзандон рафта буд. Пойтахти Чеченистон макони кору зиндагии 10 узви хонаводаи овозхони номдор буд, ки бо корҳои сохтмон рӯз мегузаронданд. Ният дошт, ки ҳамроҳи фарзанду набераҳояш рӯзи шанбе, 19-уми август ба хона баргардад, вале насибаш нашуд.

Тоҷиддин Сафаров

Ҳангоми берун шудан аз фурӯшгоҳе мошини “Старекс” дар роҳ ӯро аз по афтонд ва Наҷмиддин Сафаров дар ҷои ҳодиса ҷон дод. Домоди овозхон Самандар Бӯриев гуфт, барои таҳияи санадҳои марбут ба интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 150 ҳазор рубл лозим шуд ва 60 ҳазор рубли ин хароҷотро ҳамватанон – муҳоҷирони дигари корӣ ҷамъ карда ба хонавода доданд. Роҳ тӯлонӣ буд. Нахуст ҷасадро аз Грозний то Маскав бо ҳавопаймо ва баъдан аз Маскав ба Душанбе бо қатор интиқол доданд.

Наҷмиддин Сафаров яке аз овозхонҳои пуртарафдор буд, ки ҳамроҳ бо дастаи ҳунармандони маъруф - Ҷӯрабек Муродов, Мастона Эргашева, Нигина Рауфова ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаст. Дӯст медошт, ки бар матни Румиву Ҳофизу Бедил оҳанг иҷро кунад.

Мастона Эргашева

Мастона Эргашева, ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон рӯзи 29-уми август бо таассуф аз даргузашти фоҷеавии ҳамкасбаш гуфт, “афсӯс, як ҳунарманди хубе саҳнаро тарк кард”. Ӯ гуфт, ёд дорад, ки дар бархе консертҳои ҷудогона ҳамроҳ дар як саҳна ҳунарнамоӣ кардаанд ва мардум ҳам аз ӯ гарм истиқбол намуданд.

Вале кам касе дар бораи гузаштаҳои Наҷмиддин Сафаров хабар дорад. Ба нақли фарзандон, бобоҳои падар аслан аз Афғонистон мебошанд. Солҳои 1960 волидони Сафаров аз Кундузи Афғонистон ба Узбакистони Шӯравӣ гузашта, аз онҷо тадриҷан ба Тоҷикистон кӯчидаанд. Муддате падари хонадон дар маҳаллаи Мавлонои шаҳри Душанбе зиндагӣ карда, бо як зани тоҷик бо номи Талбӣ издивоҷ кард. Ҳосили муҳаббати онҳо 4 духтар ва 2 писар шуд. Баъдан ба ноҳияи Турсунзода кӯчиданд.

Самандар Бӯриев

Тоҷиддин Сафаров, яке аз писарони Наҷмиддин мегӯяд, “ҳарчанд ба падарам лақаби “ҷугӣ” додаанд, асли гузаштагони падарам ва гузаштагони мо аз Афғонистон буда, қавмамон тоҷик аст. Бубинед, (паспорти падарашро нишон дода), миллаташ афғон навишта шудааст”. Ба гуфтаи Тоҷиддин, дар яке аз ҷашнҳои Наврӯзи Тоҷикистон чанд хеши падар аз Афғонистон ба Душанбе омада, баъдан дар хонаи онҳо ҳам меҳмон шуданд.

Садриддин Турсунов, сардори Қасри фарҳанги ноҳияи Турсунзода, ки солҳои охир Наҷмиддин Сафаровро дар сафарҳои ҳунарӣ ҳамроҳӣ намуда, дар ансамбл доиранвозӣ мекард, гуфт, Наҷмиддинро садои гирову қавиаш маъруф карда буд. Вай шавқу алоқаи зиёд ба ғазалиёти шоирони бузург дошт ва бо садои баланд замзама мекард ва ҳамзамон оҳанги онро дуруст менамуд.

Наҷмиддин Сафаров

“Наҷмиддин Сафаров пас чанд соли фаъолият дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба Турсунзода омад ва тайи 10 сол раҳбарии бахши фарҳангро бар дӯш дошт. Ин нуктаро бояд бигуям, ки Наҷмиддин дар муқоиса ба манотиқи дигари Тоҷикистон дар Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва навоҳии ҳамсарҳад бо Узбакистон маъруф буд”, - афзуд ӯ.

Аз ин овозхон 6 фарзанд ва 50 набера боқӣ мондааст. Бархе аз онҳо, ки бо сабаби набуди кору даромад ба Русия рафтаанд, қарор карданд дар ҷумҳурии Чеченистон кору зиндагӣ намоянд.