Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Наргис Зокирова шабакаҳои иҷтимоиро ба шӯр овард


Наргис Зокирова
Наргис Зокирова

Овозхони шинохта Наргис Зокирова дар робита ба паёми баҳсбарангези худ дар бораи Узбакистон ва ҳамдиёронаш узрхоҳӣ кард ва мегӯяд, ин паёмро дар сари хашм навиштаааст.

Наргис Зокирова, хоҳарзодаи овозхон ва оҳангсози саршиноси Осиёи Марказӣ Фаррух Зокиров, ки дар дунёи шоу-бизнес ном баровардааст, ҷавобан ба дашномҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Узбакистонро "ҷаҳаннам" номид ва дар ин бора дар сафҳааш дар Instagram паёми баҳсбарангезе гузошт. Вай ҳамчунин бо тамоми вуҷудаш аз Узбакистон дурӣ ҷустанашро низ бо ҷумлаҳои саршори эҳсосот баён намуд.

Паёми ӯ ин гуна баргардон мешавад:

"Безор нашудед, а?? Ором гузоред маро акнун, зеро аз одамони мисли шумо гурехта рафтанам аллакай аз 20 сол зиёд гузашт, айнан мисли он ки аз ҷаҳаннаме бо номи Узбакистон фирор кардам! Ҳатто медонам, ки ин бар зарари наздикони ман аст, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд! Ман онҳоро намебинам, ман онҳоро мурданивор ёд кардаам, вале аз дасти онҳое мисли шумо бадсигол, разил, ҷаҳолатпараст ва риёкорҳо ман ба тарки ватанам маҷбур шудаам! На фақат ба қадри ман, балки ба қадри тамоми сулолаи машҳурам нарасидаҳо, баръакс ҳамаҷониба моро танг кардаҳо ва ватанро ба дараҷаи ғамангез фуровардаҳо! Ба ҷои ба хок яксон кардани ин сулола, баръакс ба қадри он расиданатон даркор буд! Ман аз он ки бобом, бибиям, тағоҳоям, модарам, падарам дар рушди фарҳанги Узбакистон саҳми беназир гузоштаанд, фахр мекунам! Ман аз насаби худам фахр мекунам!!! Ва мехоҳам, бидонед, ки чӣ қадар паст ва дурушт намояд ҳам, аз дасти шумо барин онҳое ки дар шаъни ман шарҳҳои тунд ва қабеҳ менависед, ҳаромзодаҳое, ки забонатон ба лаънат мегардад, ниҳоят шарм медорам, ман на фақат Узбакистонро намехоҳам, балки ҳаёти худро аз решаву бунёдаш аз он тарошида мепартоям! Фаромӯш кунед, ки ман аз ШУМО, ҳа айнан ҷумҳурии ШУМО баромадаам! Ман аз ШУМО нестам! На динам, на фикрам, на рӯҳам ва на дилам ҳаргиз аз ШУМО нестанд! Ман одами озодам! Ватани ман - ИМА, Русия, Доғистон, Ҳиндустон, Чин... Ҳама ҷо, фақат на ШУМО! Ман ва оилаамро ором гузоред, илтиҷо мекунам!!! Ва ба ҳаққи худо аз сафҳаи ман, ки худатон онро "шайтонӣ" меномед, дуртар равед! Дар ин ҷо ба шумо, "диндорон" ҷой нест!

Пас аз ин суханони намояндаи машҳуртарин сулолаи мусиқии Узбакистон шабакаҳои иҷтимоӣ ба ларза омаданд ва бисёре аз корбарони узбак худро ҳақоратдида эҳсос карданд.

Наргис Зокирова духтари Луиза Зокирова, хоҳари сарояндаи дастаи машҳури "Ялла" Фаррух Зокиров аст. Вай дар соли 1971 аз издивоҷи Луиза бо навозанда Пӯлод Мордухаев ба дунё омада, аз соли 1995 ба ин сӯ дар Амрико ба сар мебарад. Соли 2013 ба финали сабқати мусиқии "Голос"-и телевизиони Русия расид. номдор кард. Наргис сари тарошида дорад ва қисме аз мӯяшро бо шеваи “думи асп” дар тори сараш нигаҳ доштааст. Ӯ дар сару гарданаш холкӯбиҳое дорад, ки дар бисёр маврид ба ӯ намуди ғайриодӣ медиҳад.

Оё ҳаводорони ҳунар маъзаратхоҳии овозхон Наргис Зокироваро қабул хоҳанд кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00

XS
SM
MD
LG