Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими хоксупории ҷанозаи Нигина Рауфова


Ҷасади Нигина Рауфова, ҳунарманди маъруфи тоҷик, баъд аз зуҳри имрӯз дар оромгоҳи Лучоб, дар канори чеҳраҳои саршиноси миллат ба хок супурда шуд. Дар маросими хоксупорӣ, намояндагони вазорати фарҳанги кишвар, кумитаи радио ва телевизион, ҳунармандон ва дӯстону мухлисони ин овозхони саршинос ширкат доштанд.

Нигина Рауфова, овозхони маъруфи тоҷик, субҳи имрӯз бар асари сактаи қалбӣ дар сини 65 солагӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон даргузашт. Ӯ аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик буд, ки шогирдони зиёдро ба воя расонд ва як саҳифаи рангинро дар таърихи санъати тоҷик боқӣ гузошт.

Даргузашти ин ситораи тобноки ҳунар, талафоти бузурге барои фарҳангу ҳунари тоҷик аст.

Нигина Рауфова, 21 май соли 1945 дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Фаъолияти эҷодии ҳунарии ӯ аз солҳои 60 -уми асри гузашта шурӯъ шудааст. Нигина Раупова нахуст дар дастаи ҳаваскорони санъати корхонаи бофандагии шаҳри Душанбе ва сипас дар соли 1971 ба ансамбли занҳои рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ӯ аз соли 1975 то дами марг узви дастаи ҳунарии Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик буд.





Нигина Рауфова дар миёни мардум бо суруду таронаҳои мардумӣ шӯҳрат шӯҳрат дошт. Ҳамчунин барномаи ҳунарии ин овозхони маъруфу маҳбуб, аз суруду таронаҳои узбакӣ, озарӣ, туркмани, русӣ ва оҳангҳои шарқӣ - афғонӣ, эронӣ ва арабӣ иборат буд.



Нигина Рауфова дар тӯли фаъолияташ борҳо ба хориҷи кишвар сафар карда бо ҳунари волои худ Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардааст. Нахустин сафари ҳунарии вай ба хориҷи кишвар дар соли 1978 ҳамроҳ бо дастаи занони рубобнавоз дар Белорус, Молдова сурат гирифта ва соли 1978 дар ҳайати гурӯҳи рақсии «Лола» дар Фаронса низ ҳунарнамоӣ кардааст.

Ин ҳунарманди саршинос бо аксари оҳангсозони маъруф тоҷик ҳамкорӣ дошт ва маҳсули эҷоди муштараки онҳо, сурудҳои «Кокулони борон» -и Фаттоҳ Одина, «Аскарбача» -и Хайрулло Абдуллоев, «Бӯи гул» -и Зиёдулло Шаҳидӣ, «Ишқи хубон» -и Сафармуҳаммадов, «Сарзамини мо» - и М. Ҷумъаев, «Кош медидам туро»-и Ҷурахон Обидов, «Наргиси шаҳло», Қадат баланд аст», «Духтари таштоқӣ», « Нозам аз чашмонат», рубоиёти Файзобод аст.

Нигина Рауфова барои хизматҳои барҷастааш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик бо унвони баланди «Ҳофизи мардумиии Тоҷикистон» (1977) ва дигар нишону ҷоизаҳои ҳукуматӣ қадрдонӣ шудааст. Мақомоти кишвар хисматҳои Нигина Рауфоваро бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ қадр кардаанд.
XS
SM
MD
LG