Дар лаҳзаҳое, ки гузориш омода мешуд, рӯзи 26-уми июн хабар расид, ки тафтишу гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳудуди Қазоқистон ҳам сахттар шудааст. Сабаби чунин рафтор маълум нест. Мақомот ба таври расмӣ мушкилро шарҳ надодаанд.
"Дигарон мегузаранд, тоҷиконро медоранд"
“Банд мондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар сарҳади Қазоқистон бо Русия аз рӯзи 19-уми июн сар шуд. Ҳамон рӯз кам-кам тоҷиконро сар медоданд. Ба мисли ҳама дар як саф буданд. Рӯзи 20-уми июн аллакай навбати тоҷиконро ҷудо карданд, узбекҳову қирғизҳоро ҷудо карданд,” – нақл кард яке аз мусофирон рӯзи 25-уми июн ба бахши “Мигрант Медиа”. Ба сабаби пеш наомадани мушкил номаш фош намешавад.
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯзи 20-уми июн то шоми 25-уми июн натавонистаанд ба воситаи гузаргоҳи “Озинки” дар сарҳади Қазоқистон ва Русия, вориди вилояти Саратов шаванд: “Мегӯянд, компютер шиносномаи тоҷикиро ба сахтӣ мебинад. Барои ҳамин мехоҳанд, мунтазир бошем. Ҳанӯз ҳам 500-600 одам ҳаст. Дар як рӯз чор-панҷ мошини тоҷиконро сар медиҳанд."
Ин муҳоҷир ва мусофирони дигар аз Тоҷикистон мегӯянд, низоми компютерии марзбонони Русия танҳо дар санҷиши шиносномаҳои тоҷикон мушкилӣ дошта, одамони дигар бе душворӣ ба Русия медароянд. “Навбати калон фақат барои мардуми тоҷик аст. Узбекҳо ва қирғизҳо гузашта мераванд. Мошини тоҷикон чор-панҷ рӯз боз истодааст,” – афзуд яке аз мусофирон.
Муҳоҷирон мегӯянд, тафтиши ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз дигарон фарқ дорад ва вақти бештар мегирад. Дар ин ҷо телефонҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз тафтиш мегузаранд.
“Фарёд мекунанд, мегӯянд, бидаро ва паспорту телефонҳоро мегиранд. Агар як мошин 6 одам дорад, беш аз 5-6 соат тафтиш мекунанд, баъд сар медиҳанд,” – афзуд ҳамсуҳбати мо. Вай афзуд, интизории шабонарӯзӣ барои кӯдакон ва занону пиронсолон бисёр вазнин аст. Обу хӯроки онҳо тамом шудааст ва барои гузарондани шаб шароите нест.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ягон намояндаи мақомот ёрӣ намекунад"
Дар чунин шароити душвор одамони хайрхоҳ ва некӯкор ба мусофирон ёрӣ мерасонанд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, аз мақомоти Тоҷикистон касе ба аҳволи онҳо таваҷҷуҳ намекунад, ҳарчанд эҳтимол меравад, аз вазъият хабар доранд.
“Бисёре аз одамон навор гирифта, дар Ютуб гузоштанд. Ягон намояндаи мақомот ёрӣ намекунад. Ронандаҳо, мардуми хайрхоҳ пул мегузаронанд. Мардум харид карда, дар масҷиди назди гузаргоҳи “Озинки” хӯрок мепазанд ва тақсим мекунанд,” – нақл кард мусофири тоҷик, ки рӯзи 25-уми июн бо мо суҳбат дошт.
Дар ин миён аз муҳоҷирон хабар расид, ки чунин ҳолат дар ду гузаргоҳи сарҳадии дигар – Сагарчин ва Маштакова – ба тарафи Русия низ дида мешавад. Дар ин гузаргоҳҳо даҳҳо мошини борбар ва мусофирбари тоҷикҳо манъ карда шудаанд. Муҳоҷирон мегӯянд, акнун Қазоқистон онҳоро низ даромадан намемонад.
Гузаргоҳи “Озинки” дар марзи Қазоқистон бо Русия яке аз роҳҳои асосии сафар ба Русия аст. Муҳоҷирон мегӯянд, дар гузашта дар ин ҷо ягон мушкил пеш наомадааст. Дар моҳи апрел садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар гузаргоҳи Сагарчин дар сарҳади вилояти Урали Ҷанубии Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармонда буданд. Он вақт вобаста ба ин сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуд, вале душворӣ дар вуруди тоҷикон ба Русия ҳамоно монд.
Муҳоҷирон рӯ задани душвориро дар гузаргоҳи “Озинки” нишонаи торафт бадтар шудани бархӯрди тарафи Русия бо тоҷикон меноманд, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ба авҷи худ мерасад.