Нимаи дуввуми рӯзи 9-уми январ аксар ширкатҳои мобиливу мухобиротии Тоҷикистон, ки ба муштариён алоқаи навъи NGN-ро фароҳам мекарданд, хизматрасониро дубора барқарор карданд.
Баъди се ҳафтаи масдудшавӣ, ин навъи хадамоти телефонии камарзиш дар ширкатҳои мобилии мисли “Билайн”, “Тселл”, “Вавилон” ва “Телеком текнолоҷӣ” (ба истиснои Вавилон-Т) барқарор шудааст.
Масъулини ширкати “Телеком текнолоҷи” - як ширкати мухобиротӣ, ки ҳамчунон алоқаи NGN-ро ба мушариён фароҳам мекунанд, гуфтанд, ин навъи алоқаро шурӯъ аз ниммаи дуюми рӯзи 9-уми январ фаъол карданд.
Танҳо масъулони ширкатҳои мухобиротӣ мегӯянд барои ба кор даромадани алоқаи NGN муштариён бояд нармафзорро аз нав боргирӣ (download ё update) ва ба телефонашон сабт кунанд, то ки NGN фаъол шавад. Рӯзи 8 январ ширкати “Билайн” ҳам аз дубора фаъол шудани нармафзори “Салом” хабар дода буд, ки он низ як навъе аз хадамоти NGN ба шумор меояд.
Нармафзорҳои “МобиГап“-и ширкати “Вавилон” ва “Чӣ гап”-и “Тселл” низ ҳамчунон фаъол ҳастанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабр муҷаввизи 10 ширкати мухобиротиро барои фароҳам овардани хадамоти телефонии NGN бозхонд карда буд. Мақомот гуфтанд, ки ин тасмим ба хотири таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз тамосҳои телефонии афроди ҷиноятпешаву ифротгаро анҷом дода шудааст. Вале айни замон, мақомот эътироф кардаанд, ки хадамоти NGN, ки бар асоси маблағи муштариҳо фароҳам оварда мешавад, ба буҷаи ширкатҳои мобилӣ ворид мешавад.
Тасмими мазкур мавриди нигаронии садҳо ҳазор муштариҳои NGN дар дохилу хориҷи кишвар шуд ва тибқи гузоришҳо, ҳукумати Тоҷикистон комиссиюни вижа таъсис дода, ба додситонии кулл супориш дод, ки қонунмандии ин тасмими хадамоти алоқаро мавриди санҷиш қарор диҳад. Ҳафтае баъди ин хабарҳо ширкатҳо яке паси дигар NGN-ро дубора фаъол мекунанд.