Додхоҳии занони бозорнишини Исфара

Як гурӯҳи занони бозорнишин аз шаҳри Исфара нигаронанд, ки баъди сохтани мағозаи нав дар ҷои дӯконҳои онҳо дар бозори марказии шаҳр онҳо аз манбаи даромади зиндагии худ маҳрум мешаванд.
Наздики 30 тоҷири бозори марказии шаҳри Исфара мегӯянд, аз тарси онки дӯконҳояшонро хароб накунанд, шабро бо навбат дар бозор рӯз мекунанд.

Парвина Ҷамолова, яке аз занони бозорнишин, ки дар назди дарвозаи бозор тиҷорат мекунад, рӯзи 1-уми июн дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ сол аст, ки дар инҷо кор мекунад ва манбаъи даромади хонаводааш низ ҳамин дӯкон аст. Ҳоло раҳбарияти бозор мехоҳад, дар ҷои дӯконҳои онҳо мағозаи нав бисозад, вале, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, замонате вуҷуд надорад, ки оё барои онҳо барои идомаи тиҷораташон шароит хоҳад дод ё на?

Парвина Ҷамолова мегӯяд: «Раҳбарияти ноҳия дар ҷои савдои мо мағоза сохтанӣ аст. Барои мо бошад дигар ҷои савдо нест. Дар даруни бозор ҷои савдо нест. Иҷорапулии мағозаҳо бошад хело гарон аст. Маблағе, ки мо барои тиҷорат сарф мекунем кам аст. Агар мағоза иҷора гирем зарар мебинем. Борҳои мо ҳамаашон арзон мебошад.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додхоҳии занони бозорнишини Исфара



Ба қавли Парвина Ҷамолова, наздик ба 30 нафаре, ки дар даромадгоҳи бозор тиҷорат мекунанд, асосан бо қарзи бонкҳо кори худро пеш мебаранд. Ҳамкори Парвина Муҳаббат Абдуллоева, ки 54 сол дорад, мегӯяд, 4 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифта ва ба тиҷорат машғул шудааст. Шавҳараш 7 сол боз зиндонӣ ва писараш дар муҳоҷират будааст.

Ба қавли холаи Муҳаббат, зиндагиаш сахт аст ва аз мақомот мехоҳад, то онҳоро аз макони савдо маҳрум накунанд: «Зиндагиямон сангин аст. Як писари муҳоҷир дорам, вале кори Русия ҳам ба ҳама маълум аст. Ду пуле, ки аз бозор меёбам, намедонам, ба зиндагиям онро сарф кунам ё ба зиндон хӯрок барои шавҳарам барам. Моро иҷозат диҳанд, ки дар ҷоямон савдо кунем. Каме ҳам бошад, зиндагиямонро пеш барем.»
Инобат Деҳқонова низ аз мегӯяд, пас аз зиндонӣ шудани шавҳараш маҷбур шудааст ба бозор барояд. Ӯ афзуд, онҳо ҳамеша молиёти давлат ва иҷораи бозорро пардохт мекунанд, аммо мақомоти ноҳия ин ҳамаро ба инобат намегирад. Холаи Инобат мегӯяд, ӯ 8 фарзанди мактабхон дорад, ки ягон нафараш кор намекунанд. Худаш бошад, бо қарз кор карда истодааст: «Назди раиси ноҳия рафта будем. Гуфта буд, то ҷо пайдо карданатон савдо кардан гиред. Ҳозир бошад, моро маҷбур доранд, то дигар дар ин ҷо савдо накунем.»

Тоҷири дигаре, ки рӯз ба рӯз ноумедтар мешавад, Умеда Бобоева, соҳиби 5 фарзанди ноболиғ аст , ки мегӯяд, гардиши тиҷораташ ҳамагӣ ду ҳазор сомонист ва бо ҳамон зиндагии худро пеш мебарад: «Охир мо аз нарасидани шароит ва пастии зиндагӣ ба бозор баромадаем. Пули маҳсулотам ҳамагӣ 2 ҳазор сомонӣ аст. Аз он ҳам андози давлатро мепардозем ва ҳам пули иҷораи бозорро. Боз барои ба боғча рафтани кӯдаконамон пул талаб мекунанд. Дар мактабҳо низ ҳар рӯз пул биёред, мегӯянд, намедонем, чӣ кор кунем?»

Аммо мақомоти ҳукумати шаҳри Исфара мегӯянд, ки ин занҳо аз макони тиҷорат маҳрум нахоҳанд шуд. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, дар маконе, ки ин занҳо тиҷорат мекунанд, бояд мағозаҳои нав сохта шавад ва ҳукумати ноҳия ин занҳоро ба дигар макони савдо мекӯчонад. Вале шуморе аз онҳо ба ин ваъда бовар надоранд ва барои додхоҳӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд.