Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи бозори "Ином"-ро ба додарарӯси президент доданд


Санавбар Абдуллоева
Санавбар Абдуллоева

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бозори пурсарусадои «Ином» дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс байни даъвогарон 50 ба 50 тақсим кардааст.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон билохира ба баҳси байни моликони бозори «Ином» ва додарарӯси президент нуқта гузошта, ин бозорро байни онҳо баробар тақсим кардааст.

Санавбар Абдуллоева, ки мегӯяд, 60 дарсади саҳмияҳои бозори «Ином»-ро дар дастдорад, рӯзи 14 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бидуни ҳузури онҳо ва вакили мудофеъашон ҳалномаи худро содир намуда, моликияти бозорро 50 ба 50 тақсим кард ва ҳамин тавр, 50 дарсади моликиятро Муҳибулло Саъдуллоев (бародари Ҳасан Асадуллоҳзода) ва намояндаи ӯ Холназар Достиев соҳиб шуданд.

Санавбар Абдуллоева афзуд, ки комилан зидди ин ҳукм аст ва аз он шикоят хоҳад бурд. Ба гуфтаи ин соҳибкор, эълони ҳукм дар мурофиаи пӯшида сурат гирифт ва ба рӯзноманигорон иҷозаи ширкат надоданд.

Санавбар Абдуллоева ва шавҳараш Бурҳон Абдуллоев чанд мо ҳбоз бо додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики ӯ Холназар Достиев бар асари бозори «Ином» дар марказиШаҳритӯс, яке аз ноҳияҳои ҳаммарз бо Узбакистони вилояти Хатлон баҳси моликият доранд.

Хонаводаи Абдуллоеваҳо тақрибан ду моҳ пеш ин баҳсро ба минбари матбуот кашиданд. Онҳо мегуфтанд, ки Муҳибуллоҳ Саъдуллоев бо истифода аз нуфузаш ба сифати хеши президент ба онҳо ва ба мақомоти маҳаллӣ фишор меорад, то ба бозор соҳиб шавад. Абдуллоевҳо қаблан гуфта буданд, ки ба Саъдуллоев як манзили дутабақа тӯҳфа кардаанд ва қаблан бо ӯ шарики тиҷорӣ буданд, вале Саъдуллоев дар сохтани бозори «Ином» саҳме надошт, ки имрӯз даъвои моликият кунад.

Баҳсҳо дар атрофи моликияти бозори «Ином» дар ҳоле бархост ки дар маҳофили Тоҷикистон аз ҳузури беш аз ҳадди хешу табори раисиҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои давлатӣ ва ҳам дар тиҷоратҳои муҳим, аз ҷумла бозорҳои асосии кишвар, дар ин авохир сӯҳбат зиёд мешавад.

Муҳаммадзоҳир Соҳибов – домоди раисиҷумҳур – молики бозори «Ҳоҷӣ Шариф» - яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва бозори асосии маркази ноҳияи Ҳисор гуфта мешавад. Бовар меравад, як бахши бозори «Корвон» - бузургтарин бозори Душанбе - низ аз сӯи аҳли байти раисиҷумҳур идора мешавад. Дар бораи ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ гирифтани чандин бозори дигар дар Душанбе ва навоҳии дигари Тоҷикистон низ гузоришҳое ба даст мерасанд.

Вале воқеъият доштан ё надоштани ин хабарҳо аз сӯи наздикони президент то ҳол расман тасдиқ ё такзиб нашудааст. Ило дар ин мавриди охир, ки баҳси додарарӯси президент бо моликони бозори «Ином» то додгоҳ расид.
XS
SM
MD
LG