Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзода ҳам фурӯшгоҳашро фурӯхту Нурӣ ҳам...


Фурӯшгоҳи собиқи "Олами кӯдакон"
Фурӯшгоҳи собиқи "Олами кӯдакон"

Дар пушти силсилаи як андоза бошитоб молу мулки худро фурӯхтани шахсиятҳои матраҳи мухолифин чӣ истодааст? Талоши наҷоти ин дороиҳо аз эҳтимоли мусодира? Ё танҳо далоили иқтисодӣ?

Бинои собиқ фурӯшгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки то ба ин авохир ба хонаводаи рӯҳониёни дар ин минтақа бонуфузи Тӯраҷонзодаҳо тааллуқ дошт, ба ихтиёри ширкати “Ёқут” гузаштааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳоло атрофи бинои фурӯшгоҳи Ваҳдат бо девор пӯшонда шудаву дар дохили он корҳои сохтмонӣ авҷ гирифтаанд. Гуфта мешавад, моликони нави фурӯшгоҳ мехоҳанд дар замини он биноҳои истиқоматӣ бунёд кунанд.

Фурӯшгоҳ ё универмаги марказии Ваҳдат дар оғози солҳои 2000-ум, замони бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин дар мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон кор кардани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода хусусӣ гардонда шуда буд. Манобеи наздик ба Тӯраҷонзодаҳо мегӯянд, қаблан ин хонавода чанд пешниҳоди ба нархи ҳатто 1 миллион доллар фурӯхтани ин фурӯшгоҳро рад кард, вале ахиран ба таври ногаҳонӣ розӣ шуд, ин фурӯшгоҳи як сол пеш ҳам тағйири молик кардаро ба қимати 2 маротиба камтар ба ширкати “Ёқут”, марбут ба як нафари наздик ба доираҳои ҳоким ва дар ҳоли ҳозир пештозтарин соҳибкор дар шаҳру ноҳияи Ваҳдат, бифурӯшад.
Фурӯши бошитоби корхонаҳои марбут ба сарони мухолифин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00
Линки мустақим


Ба гуфтаи манобеи огоҳ, аз ин пештар мақомоти молиёт корхонаи пахтаи шаҳри Ваҳдатро, ки низ ба Тӯраҷонзодаҳо марбут аст, тақрибан 380 000 сомонӣ, муодили ҳудуди 75 000 доллар ҷарима бастанд. Гуфта мешавад, ин ҷаримаи ҳангуфт болои ин корхона ба далели гӯё “пӯшондан”-и фоидаи воқеъии корхона ва “сарпечӣ” аз супурдани андоз андохта шудааст. Он ҳам дар ҳолест, ки Тӯраҷонзода қаблан шикоят карда буданд, ки мақомот хоҷагиҳои деҳқониро аз супурдани пахтаашон ба ин корхона манъ кардаанд ва дар натиҷа корхонаи пахтаи онҳо дар амал тақрибан аз кор мондааст ва ба истилоҳ , ҳоло як тӯдаи оҳанпора беш нест.

Тарс аз тарака...
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода
Касе аз аҳли хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар бораи сабабҳои ин муомила сӯҳбат намекунад, вале ин чанд мавриди молу мулки худро ба сурати шитобзада ба фурӯш гузоштани намояндагони мухолифин дар рӯзҳое иттифоқ меуфтад, ки додгоҳҳои иқтисодӣ дар фосилаи кӯтоҳи камтар аз як моҳ дастикам 7 корхонаи хурду бузурги марбут ба соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидовро давлатӣ карданду додгоҳи Турсунзода айни тақозои давлатӣ кардани бозори “Саховат” дар ин шаҳрро, ки ба наздикони раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ доштааст, баррасӣ мекунад. Кабириро ҳамин гуна, барои саҳмаш дар сохтмони як бинои баландошёна дар километри 7-уми Душанбе ва ҳам барои ҳавлие, ки ҳамчун қароргоҳи маркази таҳлилии “Диалог” истифода мешуд, қариб 1 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд.

Ин ҳама, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, мухолифони собиқу кунуниии соҳибмулкро тарсондааст ва онҳо нигаронанд, ки корхонаҳои ба дасти онҳоро расидаро, чун корхонаҳои Зайд Саидов ё бозори пайвандони Кабирӣ бо баҳонаи “дар вақташ ғайриқонунӣ хусусӣ карда шудааст” аз дасти онҳо кашида мегиранд. Нафарони наздик ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мегӯянд, бахусус баъди ҳимояти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз номзади ягонаи мухолифин дар интихоботи президентии моҳи ноябр зоҳиран тиҷоратҳои онҳо таҳти таваҷҷӯҳи хоси мақомот қарор гирифтааст ва фурӯхтани универмаги Ваҳдат бо нархи ду маротиба камтар аз як соли пеш нишон медиҳад, ки онҳо мехоҳанд ба ҳар роҳе молу мулки худро аз хатари давлатишавӣ бираҳонанд.
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии Индем- муассиси хабаргузории “Тоҷнюс” ва ҳафтаномаи "Нигоҳ", ки дар шумораи охираш матлаби муфассале дар ин бора чоп кардааст, мегӯяд: “Вақте ҳукумат тавонист бо анҷоми як амалиёт Зайд Саидовро оварда, зиндонӣ кунад ва молу мулкашро бигирад, мухолифини дигарро ҳам ноумедиҳое фаро гирифтааст. Баъзеи онҳо, мисли Кабирӣ дар мавриди бозори “Саховат” омодаанд бидуни ягон муқовимат молу мулкашонро супоранд. Баъзеаш талош доранд, моликияташро бо ягон нархи муносиб бифурӯшанд. Мисли Мирзохӯҷа Низомов, ки тавонист заминҳояш дар Душанберо ба ширкати “ТCel” фурӯхта, ҷонашро халос кунад. Фаъолиятҳои соҳибкории Тӯраҷонзода ҳам таҳти фишорҳои пайваста қарор доранд. Чанде пеш қариб буд 1000 сар гов аз ффк фермаи ӯро бо баҳонаи кадом бемории сироятӣ аз байн баранд, вале муваффақ нашуданд. Ва ҳоло сару садое ҳаст, ки ӯ омода ҳаст, нафақат универмаг, балки “тоҷ”-и империяи тиҷориаш – корхонаи пахтаи Ваҳдатро ҳам бидиҳад.”

"Олами кӯдакон" ба кӣ расид?

Ҳамин тавр, ҳанӯз қабл аз фурӯши универмаги Ваҳдат хабаргузории “Тоҷнюс” хабар дод, ки фарзандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои оппозисиюни тоҷик низ фурӯшгоҳи “Олами кӯдакон” дар маркази Душанберо ба фурӯш задаанд. Бо вуҷуди талошҳои зиёди Озодӣ касе аз фарзандони Нурӣ ҳам барои сӯҳбат дар ин мавзӯъ ҳозир нашуд.

Як манбаи наздик ба ин хонавода аммо хабари фурӯхта шудани “Олами кӯдакон” ва он ҳам ба яке аз афроди наздик ба хонаводаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кард ва гуфт, сабаби аз сӯҳбат бо матбуот дар ин масъала иҷтиноб ҷустани пайвандони Нурӣ ҳам ин аст, ки ин муомила орӣ аз фишор набуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, Муҳаммадҷони Нурӣ, писари калонии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки идораи умури молу мулки ба фарзандонаш меросмондаи раҳбари фақиди оппозисиюнро бар дӯш дошт, ҳанӯз як сол қабл аз фурӯхта шудани ин фурӯшгоҳ ихтиёри онро ба як нафари дигар супурда буд ва гӯё тамоми ин муомилаҳои ахир бо ин фурӯшгоҳ бо ҳамин нафар сурат гирифтааст, на бо кадоме аз фарзандони Нурӣ.

“Олами кӯдакон” чанд сол боз ба толори мебели туркии “Истиқбол” ба иҷора дода шуда буд. Хабаргузории “Тоҷнюс” менависад, ин мағозаи сеошёна, ки дар ба истилоҳ “супер-сентр”-и Душанбе ҷойгир буда, дар паҳлуяш 3 гектари замини “бекорхобида” ҳам дорад, 2,8 миллион доллар ба фурӯш рафтааст.

Марҳалаи нави тақсими моликият?

Бисёриҳо дар ҷараёни хусусигардонӣ ба дасти раҳбарони аршади мухолифин расидани бархе корхонаҳои хурду бузург дар пайи имзои созишномаи сулҳи соли 1997-ро як навъ талоши давлат барои моил кардани ин раҳбарон ба гузаштҳои бештар мешуморанд. Дар ҳамон айём Саид Абдуллоҳи Нурӣ мағозаи “Олами кӯдакон” дар Душанбеву чандин гектар замин дар зодгоҳаш – водии Вахшро ба даст овард. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳамин тавр, соҳиби корхонаи пахтаи шаҳри Ваҳдат ва чанд иншооти дигар дар ин минтақа шуд...

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, “ҳоло дар Тоҷикистон марҳалаи дувуми тақсимоти моликият идома дорад, ки асосан бо се шева анҷом мешавад:
  • Бо роҳи табиӣ: Онҳое ки бо як пули пучак дар вақташ корхонаҳои давлатиро хусусӣ карданд, ҳоло онро бо нархи бозор мефурӯшанд
  • Ғасби рейдерӣ аз тарафи нафарони наздик ба ҳукумат ва бо истифода аз мақомоти давлатӣ, чун дар намунаи бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд, фурӯшгоҳи марказии Душанбе ва бозори “Ином” дар Шаҳритӯс
  • Ва шеваи севуми бегонакунӣ ба давлат баргардондану сипас аз нав хусусӣ кардани корхона, чун дар намунаи Фурӯшгоҳи марказии Душанбе, ки баъди 20 сол 400 саҳомдорашро аз ҳаққи моликият маҳрум карда, баъди чанде ин фурӯшгоҳро ба хотири заминҳои атрофаш дигарбора ба дигарон ба фурӯш заданд.”
Маркази Душанбе дар дасти кист?
Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва писараш Муҳаммадҷон
Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва писараш Муҳаммадҷон
Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ҳанӯз таҳдиде ба молу мулки фарзандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои оппозисиюни тоҷик набуд, вале “бо фурӯши "Олами кӯдакон" тақсими замин дар маркази Душанбе амалан анҷом ёфт.” “Тоҷнюс” харитаи тақсимоти маркази пойтахти Тоҷикистонро баъди фурӯши “Олами кӯдакон” чунин тасвир мекунад: “Меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и Тоҷиддин Пиров (Тоҷиксодиротбонк), "Бемористони Ибни Сино"-и Абдухалил Холиков, се бинои хушсохти мутаалиқ ба ширкатҳои Сулаймонов (қудои Маҳмадсаид Убайдуллоев), Фурӯшгоҳи марказии пойтахт, ки аз соли гузашта дубора давлатӣ шуда, беш аз 400 саҳҳомаш бемоликият монд, мактаби № 8, ки аз ҷониби "Тоҷсотхмон байналмилал" -ширкати писари Зайд Саид сохта шуд ва бинои нави бисёрошёна, ки аз тарафи Шерзоди Шарифбек (додари домоди президент Зарифи Шарифбек) сохтмонаш оғоз шуд.”

Муҳиддини Кабирӣ ҳафтае пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди сабабҳои аслии таваҷҷӯҳи мақомот ба чигуна хусусӣ шудани бозори “Саховат” дар шаҳри Турсунзода ва он ҳам 12 сол баъд аз ин муомила гуфт, рӯшан аст, ки ин ҳадафи сиёсӣ дорад ва ба хотири фишор овардану заиф кардан аз лиҳози иқтисодист.” Аммо дар ҳоле ки манобеи наздик ба Тӯраҷонзодаҳо ҷарима бастани корхонаи пахтаи Ваҳдатро ба ҳимояти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд, Кабирӣ бар ин бовар аст, ки интихобот танҳо яке аз сабабҳост ва дар асл ҳадафи ин ба таъбири ӯ, аз нигоҳи иқтисодӣ заифкарданҳо амалӣ кардани орзуи онҳоест, ки фикр мекунанд, “ҷангу сулҳ гузашт ва миссияи ҳизби наҳзати исломӣ ҳам анҷом ёфт.”
Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, шояд дар мавридҳои фурӯши “Олами кӯдакон” ва универмаги Ваҳдат ангезаи сиёсӣ аввалиндараҷа набошад, вале: “Ончи ки бо Кабирӣ шуд, воқеияти фарҳанги сиёсӣ ва мушкилоти давлат бо мухолифинашро намоиш медиҳад. Ин як чизи роиҷ аст, ки сиёсатмадори мухолифи давлатҳам бояд аз ҳисобе зиндагиашро пеш барад. Аммо дар Тоҷикистон чунин нест, балки талош мекунанд, то мухолифонро аз тамоми манбаъҳои зиндагӣ маҳрум кунанд. Яъне дастони мухолифонро аз нигоҳи иқтисодӣ кӯтоҳ мекунанд. Қаблан нисбати Сайфиддин Тӯраев чунин рафтор шуда буд. Султон Қувватовро низ чунин карданд. Ахиран Зайд Саидовро дидем, ки баъди эълони таъсиси ҳизб ҳолаш табоҳ шуд. Ҳоло бо ҳамин шева Кабириро дар ҷояш шинонда истодаанд.”

Мухолифон дар куҷо кор кунанд?

Ба фарқ аз мухолифини исломӣ, ҳизби сотсиал-демократ шахсиятҳои соҳибмулк камтар дорад, вале ин ҳизб низ сиёсати маҳдуд кардани майдони фаъолияташро зиёд таҷриба кардааст. Аз ҷумла дар соли 2010 вазорати маориф иҷозатномаи донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Амрико бо номи “Садр”-ро, ки як қисми устодонаш шахсиятҳои матраҳи мухолифин, аз ҷумла раҳбарони ҳизби сотсиал-демократ буданд, бекор кард. Раиси ин ҳизб Раҳматулло Зоиров он замон ин иқдомро амалан “манъи касбу кор барои оппозисиюн” хонда буд. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, “даҳҳо узви ҳизби сотсиал-демократро метавон ном бурд, ки ҳатто бо доштани унвонҳои баланди илмӣ касе онҳоро ҳатто дар ягон донишгоҳ ё пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳо ба кор намегирад, касе ҷуръат намекунад, ки онҳоро ба ҷо кор бигирад.”
Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ
Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ҳукумат тайи чанд соли охир ҳадафмандона заминаҳои таъмини мустақилияти иқтисодии қишри рӯҳониёни суннатиро аз байн бурд ва тақрибан як сол боз, раванди, ба таъбири ҳамсӯҳбати мо, “бепул кардани мухолифон” идома дорад, ки заминаҳои ҳимоят аз раҳбарони алоҳидаи мухолифонро хеле коҳиш додааст. Ба гуфтаи ин таҳлилгар, инки ҳукумат фикр мекунад, ки бо “бепул кардан” оппозисиюнро аз байн хоҳад бурд, хатост, балки ба ҷои ин мухолифони “нима-бизнесмен” ва пойбанд дар Тоҷикистон метавонад як оппозисиюни наву аз давлат мустақилтар рӯи кор биояд. Шокирҷон Ҳакимов аммо мегӯяд, баръакс, дар натиҷаи ин кандану гирифтанҳо майдони сиёсати Тоҷикистон дигар комилан дар ихтиёри як клани ҳоким хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG