Мақомот ба нуқтаҳои маҳси бадан дар Душанбе дастур додаанд, ки пас аз соати 10-и шаб дарҳои худро банданд. Инчунин, бар асоси дастури мақомот, маҳсгарон набояд ба муштариён "маҳсҳои ғайриахлоқӣ" пешниҳод кунанд.
- Ҳадди ақал дар се маркази маҳсгарӣ дар Душанбе рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо дастур доданд, то соати 22 кори худро анҷом дода, дигар муштариёнро қабул накунанд. Дастуре, ки на ба ҳама соҳибони нуқтаҳои маҳсгарӣ писанд аст. Бархеи онҳо мегӯянд, бештари муштариён баъди кор ба онҳо барои маҳси бадан муроҷиат мекунанд ва бо ин дастур бештари мизоҷонашонро аз даст хоҳанд дод.
Вақте мақомот ногаҳонӣ ва баъзан бо дастгоҳи наворгирӣ ба ҷойи кори мо меоянд, муштариҳо метарсанд.
Ясмина дар Душанбе нуқтаи маҳсгарӣ дорад. Ӯ гуфт, мақомот ҳар сари чанд вақт бо ташкили "рейд" фаъолияти онҳоро тафтиш мекунанд. "Зиёданд муштариёне, ки маҳси таскинбахш мехоҳанд. Вале дигар ҳақ надорем, ба онҳо чунин хидматрасониро пешниҳод кунем. Бояд танҳо ба муштариён маҳсҳои тиббиро пешниҳод кунем", - гуфт ӯ.
"Рейди зиёд муштариҳоро мегурезонад"
Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, давраи махсуси маҳсгариро гузашта, санад ҳам гирифт ва як нусхаи онро дар даромадгоҳи ҷойи кораш насб кард. Надоштани ҳуҷҷати маҳсгарӣ, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мушкили ҷиддӣ эҷод мекунад ва ҳатто то басташаваии нуқтаи кораш оварда мерасонад.
Бо ин ҳама, на ҳама соҳибони нуқтаҳои маҳсгарӣ аз тафтиши зиёд розианд. Бархеи онҳо мегӯянд, тафтиши зиёд пеш аз ҳама муштариёнро мегурезонад.
Маҳина, ки дар Душанбе барои мизоҷонаш хадамоти маҳсгарӣ пешниҳод мекунад, гуфт, баъди ҳар "рейд" теъдоди мизоҷонаш кам мешавад. "Вақте мақомот ногаҳонӣ ва баъзан бо дастгоҳи наворгирӣ ба ҷойи кори мо меоянд, муштариҳо метарсанд. Бахусус мардон метарсанд, ки маҳс гирифтани онҳо аз ҷониби занҳоро дар телевизион намоиш медиҳанд ва ин чиз дар хона мушкил эҷод мекунад", - афзуд ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Роҳ ба сӯи ҳеҷкуҷо - занҳои мӯътод қиссаҳои худро мегӯянд. ВИДЕОНуқтаи маҳсгарӣ ё фоҳишахона?
Ду сол пеш дар пайи афзоиши назорат аз болои танфурӯшон ва рейдҳои пулис теъдоди нуқтаҳои маҳсгарӣ дар пойтахт якбора афзоиш ёфт. Бархе мегуфтанд, назорати пурзӯр аз болои танфурӯшон бархе онҳоро маҷбур кард, ки самти корашонро тағйир дода, зери чатри масҳгарӣ бираванд. Омиле, ки то ҳол нуқтаҳои маҳсгариро зери заррабини мақомот қарор додааст.
Танзими нуқтаҳои маҳсгарӣ дар пайи он сурат мегирад, ки мақомот талош доранд, аз ба фоҳишахона табдил ёфтани ин нуқтаҳо пешгирӣ кунанд. Мақомоти умури дохилӣ чанд дафъа аз ошкор шудани нуқтаҳои маҳсгарие хабар дода буданд.
Аз ҷумла, мақомоти умури дохилӣ ахиран дар як барномаи телевизионӣ гуфтанд, чанд нуқтаи маҳсгариро ошкор кардаанд, ки дар онҳо амалҳои ғайриахлоқӣ анҷом мешавад. Мақомот гуфтанд, кормандони ин нуқтаҳои масҳгарӣ бе доштани ҳуҷҷати расмии тахассусӣ ба мизоҷон хидмат мерасондааст. Ба қавли манбаъ, соҳибони ин нуқтаҳо бо дастури роҳбарашон ҳама гуна талаботи мизоҷон, аз ҷумла талаботи шаҳвонии онҳоро қонеъ мекардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дар Тоҷикистон қимати табобат боло меравад. ВИДЕОФарҳод Мирзоев, як мутахассиси соҳаи тиб, мегӯяд, маҳс ба сари худ кори осон нест ва нафаре, ки ҳадди ақалл маълумоти нопурраи тиббӣ надорад, наметавонад маcҳи дурусту давобахш кунад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, барои маҳс шахс бояд ҳатман аз кори нафаре истифода кунад, ки омӯзиши махсус дидааст. Чун ба қавли ӯ, "надонистани нуқтаҳои табобатӣ ва техникаи маҳс метавонад ба бадани инсон зарар расонад".
Нархи як соати маҳс дар Душанбе вобаста ба навъҳояш феълан аз 50 то 150-200 сомонӣ нарх дорад.