Сокинони чаҳор деҳа дар ноҳияи Ваҳдат мегӯянд, ки бо гузашти як сол аз расонаӣ шудани мушкили онҳо ва омодагии чанд нафар барои кумак, ҳанӯз кӯдаконашон мактаб надоранд.
Ба қавли сокинон, мақомот як қитъаи заминро ҷудо кардаву чанде аз соҳибкорон сангу хок овардаанд, вале мактаб сохта нашуд ва хонандаҳо ҳанӯз аз роҳҳои дарозу пурхатар гузашта, ба мактаби деҳаҳои ҳамсоя мераванд.
Масъулони идораи маорифи шаҳри Ваҳдат гуфтанд, ки тасмими сохтани мактаб дар чаҳор деҳаи ҷамоати Бозорбой Бурунов бекор нашуда, танҳо ба сабаби бемории ҳамагир як сол ба таъхир уфтодааст.
Рухсора Юнусова, сокини деҳаи Ҷавонон дар ноҳияи Ваҳдат, рӯзи 2-юми октябр гуфт: "Ҳамин сол бояд сохтмони мактабро ба охир мерасонданд ва азоби кӯдакон камтар мешуд, вале чизе нашуд."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як сол пеш Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти хонандагони чаҳор деҳа дар ҷамоати Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат гузориш дод.
Дар он гузориш гуфта мешуд, ки ба сабаби набудани мактаб қисме аз хонандагон 4-5 километр роҳро тай карда, ба ҳудуди ноҳияи Файзобод ва қисме дигар пули ларзонро гузашта, ба мактаби деҳаҳои ҳамсоя мераванд.
Хонандаҳо мегуфтанд, дар роҳ ба мактаб чанд нафар ба об афтодаву борҳо мавриди ҳамлаи сагҳо қарор гирифтаанд. Яке аз онҳо мегуфт, "бо вуҷуди кӯшишу эҳтиёт на ҳамеша аз дарё бо либоси хушку тоза берун мешавем. Меафтем, либосамон ифлос мешавад, пояфзоламон медарад, баъд волидон ҷанг мекунанд."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Духтарам ба дарё афтид, писаронамро саг газид". Роҳи мушкил то мактаб. ВИДЕО, АКСИн ҳарфҳои хонандагон раҳми бисёриҳоро овард ва чанде соҳибкорон барои ёрӣ ба сокинони деҳаҳои бемактаб изҳори омодагӣ карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди кумак ба кӯдакони 4 деҳаи бе мактаб дар Ваҳдат. ВИДЕОВайсиддин Кабиров, раиси маҳаллаи деҳаи Ҷавонон, мегӯяд, "омаданд, заминро ҷудо карданд. Як соҳибкор омад, қуму сангро оварда рехт. Ба кадом сабабе партофту рафт. Боз соҳибкори дигар омад. Мо одам ҷамъ кардем ва гуфтем ёрӣ мекунем. Ин ҳам дигар гузошту рафт. Гуфт, мудири маориф кунад, дигар ба пеши мо наоед."
Мудири идораи маорифи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, тасмими сохтмони мактаб бекор нашудааст, вале ба далели паҳн шудани пандемияи коронавирус ба таъхир уфтод.
Ба гуфтаи ӯ, бунёди мактаб барои хонандагони чаҳор деҳаи ҷамоати Бозорбой Буруновро як соҳибкори маҳаллӣ ба уҳда гирифтааст.
Ягона тағйироте, ки дар як соли гузашта ва дар пайи гузориши Радиои Озодӣ ба амал омад, сохтмони пули муваққатӣ дар масофаи нисбатан наздиктар аст, ки соҳибкоре сохтаву ба истифода додааст. Акнун кӯдакон мисли пешина барои расидан ба мактаб аз дохили дарё намегузаранд, аммо ба гуфтаи онҳо пул ҳам чандон бехатар нест.
Бархе аз волидон мегӯянд, ба далели дурии роҳи мактаб маҷбур шудаанд, ки муваққатан духтаронро аз мактаб бигиранд. Як сокини деҳа гуфт, "дар Интернет мебинем, ки духтаронро медузданд. Рафтему ариза навиштем, ки мо метарсем, раҳ дур аст, духтарро аз мактаб гирифтем."
Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, мактаб то соли оянда сохта мешавад, сокинону хонандагони чаҳор деҳаи бемактаб дар Ваҳдатро аз ҳоло фикри дурии роҳ дар фасли зимистон азият медиҳад.
Мегӯянд, маҷбур имсол ҳам кӯдаконро бо роҳҳои хатарнок ба мактаб фиристанд, вале Худо мегӯянд, ки солим ва бе ягон фалокат ба хона баргарданд.