Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мададхоҳӣ дар сари роҳ аз президент. Ногаҳонӣ, ё роҳи нави таблиғот? ВИДЕО


Пешвозгирӣ аз раиси ҷумҳур дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар. 22-юми сентябри 2020
Пешвозгирӣ аз раиси ҷумҳур дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар. 22-юми сентябри 2020

Ҳангоми сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон як духтари ҷавон дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар аз ӯ ёрӣ хост ва ин баҳсро доғ кард, ки то куҷо чунин мададхоҳӣ ногаҳонӣ аст ва то куҷо сохта.

Мақомот мегӯянд, ҳодисаҳо тасодуфиянд, чун аз пеш дар борааш чизе намедонистанд. Бархе аз коршиносон ба самимӣ будани саҳнаҳо шубҳа доранд, дар ҳоле ки ба қавли онҳо дар чунин сафарҳо наздик шудан ба раиси ҷумҳурӣ саҳл нест.

Дар як моҳи ахир бори дувум аст, ки духтарони ҷавон дар ҷараёни сафари президент ба ноҳияҳо ба таври, ба гуфтаи масъулон, ногаҳонӣ аз ӯ кумак мехоҳанд.

Ҳодисаи аввал рӯзи 12-уми сентябр дар Панҷакент рух дод. Баъд аз даҳ рӯзи он Дилноза Давлатова, духтари ҷавон аз ноҳияи Кушониён, ҳангоми пешвози президент дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба Эмомалӣ Раҳмон аз мушкили бехонагӣ шикоят кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22-юми сентябр ба маркази вилояти Хатлон рафт. Дар фурудгоҳ ба ҷуз аз намояндагони ҳукумати вилоят, гуруҳе аз духтарони ҷавон ба пешвози президент омада буданд ва дар саҳни фурудгоҳ мерақсиданд. Дар миёни онҳо Дилноза Давлатова, хонандаи синфи 11-ум аз мактаби рақами 26-и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ҳам будааст.

Икром Қараев, мудири мактаб ба Радиои Озодӣ, гуфт, шикояти Дилноза Давлатова аз бехонагӣ аст. Ба қавли ӯ, духтари ҷавон ҳамроҳ бо модараш дар ҷамоати Бӯстонқалъа иҷоранишин аст ва падараш солҳо пеш аз онҳо ҷудо шудааст.

“Духтар бо ягон нафар маслиҳат накардааст. Модараш ҳам дар ин бора намедонад. Аз ҳукумати вилоят ба хонаи онҳо омада, бо модараш суҳбат кардаанд”, -- нақл кард ӯ.

Талошҳои мо барои суҳбат бо Дилноза Давлатова то ин дам бенатиҷа буд. Модараш мегӯяд, то ҳол намедонад, ки чаро Дилноза ин корро кард.

Боз як наврас аз Президенти Тоҷикистон кумак хостааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Тоҷиннисо Қосимова корманди бемористони вилоятии Хатлон аст ва рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол пурра намедонад, дар фурудгоҳ чӣ гузашт. “Модараш ҳастам, мепурсам, чизе намегӯяд. Мегӯяд, ин роз байни ману ҷаноб аст, ман дарди диламро гуфтам, мактубамро додам. Ман вазнинии зиндагиро ба уҳдаи худ мегирам ва ба фарзандон чизе намегӯям”, -- гуфт модари Дилноза Давлатова.

Мақомоти вилояти Хатлон моил нестанд, ки дар бораи ҷузъиёти шикояти Дилноза Давлатова ба президент суҳбат кунанд. Дилафрӯз Маҳмадалиева, муовини раиси ноҳияи Кушониён, гуфт, гуруҳи корӣ ташкил шудааст ва “чӣ дархосту кумаке мехоҳанд, аз тарафи раиси ноҳия расонда мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми хоҳиши духтар иҷро шавад.”

Дар моҳи сентябр бори дувум аст, ки сокинон дар ҷараёни сафари президент аз Эмомалӣ Раҳмон талаби кумак мекунанд ва ба қавли мақомот ба мушкили онҳо расидагӣ мешавад. Рӯзи 12-уми сентябр аснои сафари президент ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Хосият – хонандаи синфи 10-ум пеши роҳи корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмонро гирифта, номаи додашро ба ӯ расондааст.

Гузориш аз бойгонӣ:

Хосият Олишова мактубашро ба Президенти Тоҷикистон расонд ва кумак дарёфт намуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:53 0:00

Бархе аз коршиносон чунин шикоятҳоро аз қабл саҳнасозишуда медонанд, ҳарчанд мақомот ба самимиву табиӣ будани онҳо таъкид доранд. Ба қавли таҳлилгарон, ҳатто агар ин саҳнаҳо воқеӣ ҳастанд, нишон медиҳанд, ки низоми расидагӣ ба мушкили шаҳрвандон дар зинаҳои поёнӣ дуруст кор намекунад.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, ки дар хориҷ кору зиндагӣ мекунад, гуфт, «Шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, бо ҳар роҳе ба назди президент раванд. Чун онҳо ҳама зинаҳои дигарро гузаштаанд ва ягон натиҷа надодааст. Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки президент ёрӣ кард, ҳол онки раиси ҷумҳур масъалаи хурдеро ҳал кард ва ба як оилаи камбизоат ёрӣ дод. Дар ҳоле ки нисфи кишвар дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд."

Маъмулан президент дар ҷараёни сафарҳояш ба минатқаҳои гуногуни Тоҷикистон бо сокинон суҳбатҳо анҷом медиҳад, вале дар бештари маврид онҳо танҳо аз мадҳу сано иборатанд.

Мунтақидон ҳам мегӯянд, ба мулоқоти президент аксаран онҳое роҳ меёбанд, ки аз пеш омода шудаанд. Мақомот инро рад мекунанд ва мегӯянд, ҳадаф аз сафарҳои раиси ҷумҳурӣ ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум аст ва чизе сохта нест.

XS
SM
MD
LG