Мардум талаб доранд, ки ҳарчи зуд дар деҳаҳои онҳо мактаб сохта шавад. Мақомот мегӯянд, ба сабаби он ки сокинони маҳаллаҳои навбунёд ҳанӯз худро сабтином накардаанд, расман шумори аҳолӣ кам аст ва сохтмони мактаб низ ба таъхир афтодааст.
"Меафтем, либосамон ифлос мешавад"
Шарофати 11-сола ҳар рӯз бо ҳамсабақонаш аз деҳаи Ҷавонони ноҳияи Ваҳдат ба деҳаи дигар ба мактабе меравад, ки дар масофаи ҳудудан 3 километр дур ва дар он сӯи рӯд қарор дорад. Шарофат мегӯяд, ҳоло ки оби дарё камтар аст, барои наздик кардани роҳ бо кумаки якдигар аз дохили он мегузаранд. Дар акси ҳол волидонашон ҷарима мешаванд ва худашон низ аз таълим дур хоҳанд монд.
«Бо вуҷуди кӯшишу эҳтиёт на ҳамеша аз дарё бо либоси хушку тоза берун мешавем. Меафтем, либосамон ифлос мешавад, пояфзоламон медарад, баъд волидон ҷанг мекунанд,» -- мегӯяд Шарофат.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ба далели набуди мактаб дар фосилаи наздик ба деҳи худ мисли Шарофат қариб 300 хонанда аз чаҳор деҳ дар ҷамоати Бозорбой Бурунови ноҳияи Ваҳдат маҷбуранд роҳи дарозу пурхатарро тай карда, ба мактабҳои дигар бираванд. Қисме аз ин хонандаҳо бо тай кардани 4 километр ба ноҳияи Файзобод мераванд ва қисми дигар бо убури дарё ва пули ларзон ба мактаби рақами 69-и воқеъ дар деҳаи ҳамсоя.
Нигаронӣ аз рӯзҳои зимистон
Пулеро, ки се фасли сол ягона роҳи кӯдакон барои расидан ба мактаб аст, хонандаҳо “пули ларзонак” ном кардаанд. Вақте дарё сероб аст, онҳо аз ин пули кӯҳнаву ба гуфтаи сокинон садамавӣ мегузаранд. Мусоҳибони мо аз ҳисоби хонандагони мактаби рақами 69 мегӯянд, махсусан дар фасли зимистон гузаштан аз пул мушкил мешавад.
Абдуваҳҳоб, яке аз хонандаҳо гуфт, “зимистон тахтаҳои пул ях мекунад ва мелағжем. Ҳама метарсанд. Симҳоро қапида мегузарем. Рӯзҳои боронӣ ва барфӣ муаллимон моро ба ин ҷо меоранд.”
Ба гуфтаи сокинону мактаббачаҳо, дар роҳ ба мактаб чандин нафар ба об афтидаву борҳо мавриди ҳамлаи сагҳо қарор гирифтаанд. Рухсора Юнусова, сокини деҳаи Ҷавонони ноҳияи Ваҳдат, ки се фарзанди мактабхон дорад, гуфт, кӯдаконро ҳар рӯз бо эҳсоси тарс ба мактаб фиристодаву то омадани онҳо сад фикру хаёл ба сараш меояд. Соли гузашта духтари мактабхони ӯ ба дарё афтод ва зуд наҷоташ додаанд.
"Сагҳо мегазанд"
“Ду нафар ӯро аз об бароварданд, вагарна аз даст мерафт. Ду писарамро саг газид. Сагҳо бисёранд. Кӯдакҳо азоб мекашанд. Зимистон аз мактаб бо сару либос ва пояфзоли тар меоянд, бемор мешаванд,” -- гуфт Рухсора Юнусова.
Бо ин ҳама мушкилот волидон намехоҳанд, фарзандонашон аз мактаб дур монанд. Аз як сӯ аз қонун метарсанд, ки онҳоро барои аз таълим дур гузоштани фарзандон ҷарима мебандад. Аз тарафи дигар мегӯянд, сиҳатии фарзандон барояшон муҳимтар аст.
Аксҳои бештар дар инҷост:
Ҳомия Табарова, соикни деҳаи Ҷавонони ноҳияи Ваҳдат, мегӯяд, баъд аз як ҳамлаи сагон дар роҳ ба мактаб духтараш муддатҳо боз бемор аст. “Чаҳор нафар аз оилаи ман аз ҷамоати Бозорбой Бурунов ба Файзобод ба мактаб мераванд. Як духтарамро якуним сол шуд табобат дорем. Аз саг тарсидааст. Гуфтанд бояд ба мактаб наравад, вале худаш мехоҳад таҳсил кунад”, -- нақл кард ӯ.
Волидону сокинони деҳот мегӯянд, барои ҳалли мушкил чанд сол боз ба мақомот муроҷиат мекунанд ва ҳар бор барояшон ваъдаи сохтмони мактаб дода мешавад.
Мавқеи мақомот
Мақомот мегӯяд, сохтмони мактаб барои хонандагони чаҳор деҳи бемактаб дар нақша ҳаст. Вайсиддин Кабиров, раиси маҳаллаи деҳаи Ҷавонон рӯзи 5-уми сентябр гуфт, “мақомот ваъда доданд, ки мактабро ба наздикӣ месозем. Вале як мушкил ин аст, ки сокинони хонаҳои навбунёд аксарият худро сабтином накардаанд. Вақте аҳолӣ бисёр аст, сохтмони мактаб ҳам тезтар мешавад. Ба сабаби он ки расман шумори аҳолӣ кам аст, мегӯянд, ба мактаб ҳоҷат нест.”
Бо ин ҳол сокинону хонандагони чанд деҳ дар ҷамоати Бозорбой Бурунови ноҳияи Ваҳдатро аз ҳоло фикри мушкилоти роҳи мактаб дар фасли зимистон азият медиҳад. Онҳо мехоҳанд, дар ҳоли ҳозир ақаллан пули ларзону садамавӣ таъмир карда шавад, то наврасон аз болои он ба дарё наафтанд.
Бино ба иттилои Вазорати маорифи кишвар имсол то моҳи сентябр дар кишвар 83 мактаб сохта ва ба истифода дода шудааст. Қарор аст, то охири сол 124 бинои таълимӣ бунёд шавад. Ба таъкиди масъулони соҳа ба далели афзоиши босуръати аҳолӣ, таъмини пурраи хонандаҳо бо мактаб мушкил аст.
Дар як сол даҳҳо ҳазор хонанда ба синфи якум мераванд. Бинобар ин, мақомот мегӯянд, якбора бартараф кардани масъала мушкил аст. Мақомот ҳоло бештар талош доранд, ки бо ҷалби соҳибкорон барои бунёди мактабҳои нав хонандаҳоро соҳиби дабистон кунанд.