Маҷмӯаи «Ворисони Шашмақом» аз чоп баромад

Саҳифае аз маҷмӯаи «Ворисони Шашмақом»-и Фурқат Саидзода

Дар Душанбе дар арафаи таҷлили Рӯзи Шашмақом маҷмӯаи «Ворисони Шашмақом»-и Фурқат Саидзода ба табъ расид. Саидзода раҳбари дастаи «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов мебошад.

Дар Душанбе дар арафаи таҷлили Рӯзи Шашмақом маҷмӯаи «Ворисони Шашмақом»-и Фурқат Саидзода ба табъ расид. Саидзода раҳбари дастаи «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов мебошад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ 12 май чун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад ва ин навъи мусиқии суннатӣ ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил карда шудааст.

Таҳқиқоти нав як рисолаи илмию пажуҳишӣ буда, ба навиштаи “Ховар”, дар таҳияи он инчунин ҳунаршиносон Аслиддин Низомов, Баҳриддин Мирзоев, Маҳмадуллоҳ Табарӣ ва Шаҳобиддин Ҳақназар саҳмгузор мебошанд

Китоб аз панҷ бахш иборат буда, дар он дар бораи ҳаёту фаъолияти чеҳраҳои шинохта, устодони варзидаи мусиқӣ, саромадони ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ ва муҳаққиқони мусиқии суннатӣ зикр шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Айнии мусиқии тоҷик. Ёдворае аз Акашариф ҶӯраевУстоди "Шашмақом" Абдуҷалил Ҳошимов даргузашт"Одам ба одам зинда аст..." Достони зиндагӣ ва эҷоди Ҷӯрабек Муродов. ВИДЕОТаҷлил аз 70-солагии Мастона Эргашева дар Душанбе. ВИДЕООсорхонаи Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов - нишонае аз сарвати мусиқии тоҷик. ВИДЕО"Духтари Тоҷикистон". Ёдворае аз Барно Исҳоқова. ВИДЕО