Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Духтари Тоҷикистон". Ёдворае аз Барно Исҳоқова. ВИДЕО


Барно Исҳоқова
Барно Исҳоқова
Вақте ки Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, бори аввал шашмақомхонии Барно Исҳоқоваро аз радио шунид, ӯро “Левичаи зан” дар шашмақом номид. Левича шашмақомхони шумораи яки яҳудиасли дарбори амирони Бухоро буд, ки ягон маҳфил бе ҳузури ӯ намегузашт.

Сарояндае аз парваришгоҳ

Барно Исҳоқова 12-уми майи соли 1927 дар шаҳри Тошканд таваллуд шуда, фарзанди якуми Берах Авроми Захариё (1903-1935) ва Роҳил (1909-1971) аст. Номи расмиаш Бахман буд, аммо дертар Барно номиданд.

Падари Барно Исҳоқова, ки дар ширкати “Торгсин”-и Тошканд соҳибкорӣ мекард, соли 1935, дар 32-солагӣ, даргузашт. Барно ва бародараш Иляро ба ятимхонаи Тошканд доданд. Модар ба тарбияи фарзандони хурдӣ машғул шуд. Ӯ дар парваришгоҳ ба сарояндагӣ сар кард ва овозааш то гӯши мақомоти радиои Тошканд расиду ӯро дар 15-солагӣ ба кор гирифтанд.

Фурқати Саид
Фурқати Саид

Фурқати Саид, овозхони шинохтаи тоҷик, гуфт, “боре устод Нериё Аминов нақл карда буданд, ман сабаб шудам, Барноро ба Душанбе (Сталинобод) овардем. Нақл карданд, ки он вақт дар шаҳри Душанбе кор мекардам, ба Тошканд рафтам, Барно дар китобхона кор мекард. Гуфтам, бо ин садои хушу бо ин ҳунарат ба Душанбе биё, якҷо кор мекунем.”

Аввалин устоди барно Исҳоқова Юнус Раҷабӣ, оҳангсоз ва донандаи хуби мусиқии классикӣ дар Узбекистон буд. Баъдан овозхон Михоэл Толмасов ҳам ба Барно Исҳоқова дарси суруд дод ва устоди дуюми Барно шумурда мешавад.

Шашмақом ва забони тоҷикӣ дар Душанбе

Худи Барно Исҳоқова дар ягон мактаби мусиқӣ таҳсил накарда буд. Роҳи ӯ ба ҳунару овозхонии касбӣ соли 1950 боз шуд. Он замон модари ду тифли хурдсол аз Самарқанд ба Душанбе ба аёдати наздикон рафт ва бо мадади писари аммааш Нериё Аминов дар назди Фазлиддин Шаҳобов, устоди мусиқи суннатии тоҷик садову ҳунари худро намоиш дод.

Шаҳобов, ки ҳамроҳ бо Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев ва ҳунарварони дигар саргарми ташкили ансамбли нави “Шашмақом” буд, ба ҳунари Исҳоқова баҳои баланд дод ва ӯро ба кор дар радиои давлатии Тоҷикистон даъват кард.

София Бадалбоева
София Бадалбоева

Ба қавли София Бадалбоева, духтари Барно Исҳоқова, “вақте худораҳматии Шаҳобов ба хонаи мо омада модарамро суруд ёд медоданд, ман хурд будам ва аз наздашон дур намешудам. Ман ҳам суруд ёд мегирифтам, умуман дар хонаамон доим сурудхонӣ буд.”

Барно Исҳоқова гуфта буд, яке аз аввалин кори ӯ пас аз кӯчидан ба Душанбе омӯзиши забони адабии тоҷикӣ буд. Ӯ, ки дар Тошканд бештар ба узбекӣ суруд мехонду дар хона бо лаҳҷаи яҳудиҳои Бухоро гап мезад, дар баробари мусиқӣ, омӯзиши забонро василаи муҳими даст ёфтан ба сатҳи касбии овозхонӣ донист.

"Пардаҳои баландтарини сурудро бе мушкил мегирифтанд"

Садои қавиву форамаш Барно Исҳоқоваро зуд дар миёни доираи васеи мардуми тоҷик маъруф кард ва баъди панҷ соли ба Душанбе кӯчиданаш дар соли 1955 аввалин унвони баланди ҳунарӣ - Артисти хидматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравиро ба даст овард. Барно Исҳоқоваро намунаи беҳтарини иҷрои замонавии таронаҳои классикӣ эътироф карда буданд.

Мастона Эргашева
Мастона Эргашева

Мастона Эргашева, ҳунарманди тоҷик, мегӯяд, “дар ҳақиқат мактаби Барно Исҳоқова буд, ки мо ба ҳамин дараҷаҳои баланди унвонҳо расидем. Ва аз соли 2003 то ин ҷониб дар Консерваторияи миллӣ ман маҳз бо сабки Барно Исҳоқова ба шогирдонам дарс медиҳам. Фикр мекунам, имрӯз ва дар оянда низ сабки сарояндагии Барно Исҳоқова гум намешавад. Сабки ҷолиби он кас дар он ҷо буд, ки диапазони овозашон хеле калон буд, хеле баланд буд, пардаҳои баландтарини сурудро бемалол, бе ягон мушкилӣ мегирифтанд.”

Барно Исҳоқова соли 1977 ба нафақа баромад ва корро ба ҳайси устоди овозхонии классикӣ дар донишгоҳ идома дод, унвони профессорро соҳиб шуд ва то замони тарки Тоҷикистон карданаш дар соли 1991 шогирд тарбия кард.

"Хонаи касе сӯзад, ки оташи ҷангро дар Тоҷикистон барафрӯхт"

Ба нақли духтараш – София Бадалбоева, ки бо касби кимиёшинос ва корманди Пажӯҳишгоҳи кимиёи Тоҷикистон аз модар ҳунари шашмақомхониро омӯхтааст, модараш устоди сахтгир буд ва ҳама талабот ва қоидаҳои иҷрои оҳангро сахт назорат мекард. Бо София то охири умр аз саҳнаҳои Исроилу Амрико ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ мекарданд.

“Мегуфтанд, ки Исроил нағз, лекин санъат надорад. Дар ин ҷо санъат дорои аҳамияти давлатӣ нест. Шахсӣ мебошад. Ният мекарданд, ки ман бояд Тоҷикистон рафта, бо фарзандонам як консерти осмонкаф карда диҳам, сад афсӯс, ки ин нияташон ҷомаи амал напӯшид,” – гуфт София Бадалбоева, духтари Барно Исҳоқова.

ВИДЕОРО ДАР ИНҶО БИНЕД:

Ёде аз Барно Исҳоқова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:33 0:00

Барно Исҳоқова дар як мусоҳибааш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Тоҷикистонро ватани азизи худ медонад ва дуо карда буд, “хонааш сӯзад касеро, ки дар Тоҷикистон оташи ҷангро шӯълавар кард”.

Сафари ҳунарӣ ба шаҳри Рамлӣ, ки як ҳафта баъди бистарӣ шуданаш дар беморхона барпо шуд, охирин консерти Барно Исҳоқова гардид. Ӯ дар 74-солагӣ, 9 сентябри соли 2001, рӯзе, ки дар Тоҷикистон 10-солагии ҷашни истиқлолро таҷлил мекарданд, даргузашт. Баъди сараш кӯчаеро дар шаҳри Петах Тикваи Исроил ба номи Барно Исҳоқова гузоштанд.

XS
SM
MD
LG