Ҷӯрабек Муродов, овозхони маъруфи тоҷик ва ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба гуфтааш шаст сол боз рӯйи саҳна асту эҳсоси хастагӣ намекунад ва ҳадафаш сарҷамъии одамону тарғиби дӯстӣ дар саросари ҷаҳон аст, ба синни 80 расид.
"Шаст сол дар саҳна. Шаст шаби эҷодӣ. "Ширу шакар" бо Мирзо Турсунзода, бо Лоиқ Шералӣ, бо чандин каси дигар. Барои Ҳофиз ба дур рафтам. Теҳрон, Кобул, Карочӣ, Деҳлӣ. 15 ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ, Амрико, Исроил. Консерт баргузор кардам. Мехоҳам, ҷавонон ҳамин корро кунанд. Баъд тоҷикро мешиносанд," – гуфт ӯ рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ.
Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, дар ин муддат садҳо тарона хонд, ки муаллифи чанд оҳанг худи ӯст. Аммо барои расидан ба ин қуллаи ҳунар дар оғоз мактаби падарро гузашт. "Падарам мегуфтанд, фарзанди ман ҳам ҳунарманд шавад. Ҷӯрабеки ман як бор дар радио суруд хонад, бе ҳасрат мемирам," – ба ёд овард ӯ.
Овозхони маъруф дар аввал мехост, омӯзгор шавад, аммо дохил нашуданаш ба ихтисоси забону адабиёт ӯро ба бахши ҳунар овард: "Мо ҳама сарҷамъ шудем, ба хешу ақрабо гуфтам, ки маро ба кор даъват карданд. Гуфтанд, ба куҷо. Гуфтам, Филармония. Пурсиданд, чӣ мешавӣ? Гуфтам, артист. Норозигӣ карда, гуфтанд, ба авлоди мо артист мумкин нест. Падарам шабона аз кор баргашта, маро дастгирӣ карданд."
Чанд насл дар Тоҷикистон бо сурудҳои Ҷӯрабек Муродов бузург шудаанд. Ӯ аз ҷумлаи ҳунармандоне аст, ки дар тамоми маҳалҳои Тоҷикистон сурудҳояшро гӯш мекунанд. Заъфарон, аз мухлисони Ҷӯрабек Муродов, мегӯяд, "ҳанӯз 10-12 сола будам, ки сурудҳояш бароям бисёр азиз шуданд. Наврас будам, шояд ба умқи маънии суруд намерасидам. Бештар садояш ҷалб карда буд. Садои хеле ширину тоҷиконааш."
Видеоро дар инҷо бинед:
"Ягон шеъру ғазалашон бетаъсир нест"
Баъзе аз ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Муродов "пухтаанд". Ба қавли овозхон Мастона Эргашева, "аслан гирем, дар Тоҷикистон мо ҳамин устодонро дида, ҳамин касбро пеша кардем. Мо ҳам гуё шогирдони ҳамон кас. Аз даҳони ҳамон кас чизе барояд, итоат кардем, амал кардем. Ягон шеъру ғазалашон бетаъсир нест. Ҳамааш таъсирбахш аст. Гуё, ки роҳи ояндаи худро аз сурудҳои Ҷӯрабек Муродов пайдо кардем."
Ӯро аз устодони бузурги шашмақомсароӣ дар Тоҷикистон номбар мекунанд. Ҳарчанд дертар ба шашмақомсароӣ рӯ овард, дар ин мактаб ҷойи пойи худро устувор ёфт. Дар маркази вилояти Суғд гуруҳи шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд”-ро таъсис дод.
Фурқати Саид, роҳбари ансамбли “Шашмақом”, гуфт, “ман, фикр мекунам, ки бояд барвақттар ба “Шашмақом” рӯй меоварданд. Садояшон, сабкашон ба “Шашмақом” наздиктар буд. Муродов, воқеан, дар радифи ҳунармандони беҳамтову гаронбаҳои шашмақомсарои тоҷик мақому манзалат доранд.”
Ҷӯрабек Муродов аз солҳои 60-уми қарни гузашта ҳамзамон бо овозхонӣ оҳангсозӣ низ кардааст. “Ҳамчун мутриби чирадаст дар қатори эҷоди худашон боз оҳангҳои композиторони бузурги тоҷикро иҷро кардаанд. Аз ҷумла, оҳангҳои Саид Ҳамроев, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Шарофиддин Сайфиддинов, Қудратулло Яҳёев, Фаттоҳ Одина. Яъне, оҳангҳои композиторони тоҷикро олӣ иҷро намуданд,” – гуфт Амирбек Мӯсоев, раиси Иттиҳоди композиторони Тоҷикистон.
Унвон, номаҳои беимзо ва имтиҳон
Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ҳунари Ҷӯрабек Муродов аз сӯи ҳукумати вақт қадр шуда буд. Ҳарчанд, ба гуфти ӯ, ин тақдир бо заҳматҳои зиёд даст дод:
"Умуман дар бораи ҷоизаву унвон фикр накардаам. Унвонҳое, ки ба ман насиб шудааст, бовар кунед, худи раҳбарияти ҷумҳурӣ пешниҳод карданд. Фақат ҳангоми гирифтани унвони Артисти халқии СССР шаш моҳ номаҳои беимзо навиштанд, ки чаро маълумоти олии мусиқӣ надорад, вале Артисти халқии СССР мешавад. Як бор гардонданд. Ҷумҳурӣ дуюм дафъа пешниҳод кард. Ман имтиҳон супоридам. Ягон кас имтиҳон насупоридааст. Ба 18 забон 24 суруд хондам. Дар 16 сол артисти хидматнишондодаи Тоҷикистон, артисти халқии Тоҷикистон шудам ва ҷоизаи ба номи Рӯдакиро гирифтам."
"Ман на поезд оварда метавонам, на самолёт"
Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи ҳунармандоне аст, ки замоне вориди сиёсат шуда буд. Вакили порлумони вақти Тоҷикистон буд, дар рақобатҳои сиёсии ҷомеа ширкат дошт, аммо мегӯяд, ба ин роҳ ғайриихтиёр ворид гашт. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, худи зиндагӣ ва ҳазорон нафарро бо суруду мусиқӣ шефта кардан ҳам сиёсат аст.
"Мо 17 довталаб будем. Мақсад доштанд, ки Ҷӯрабек Муродов нагузарад. Ман бисёрии онҳоро мешинохтам. Инҳо баромада мегуфтанд, “ман роҳ месозам”, “ман самолёт меорам”. Ман дар охир баромада мегуфтам, “халқи азиз, ман ҳамон Ҷӯрабек Муродов, ҳамон сурудхон, ҳамон навозанда. Ман на поезд оварда метавонам, на самолёт. Беҳтарин сурудҳоро тайёр карда мехонам. Хоҳед овоз диҳед, ман ҳамин қадар сол ба Шумо овоз додам-ку”. Механдиданд. Дар байни 17 кас ман бурд кардам,” – нақл кард ӯ.
Аммо сиёсат низ Ҷӯрабек Муродовро натавонист, аз саҳнаи ҳунар дур кунад, баръакс, ба гуфтаи Умед Бобохонов, мудири кулли “Азия-Плюс”, ӯ ба сафири бузурги фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон табдил шуд. Бобохонов рӯзи 17-уми декабр ва ҳангоми супурдани ҷоизаи “Тарона” ба Ҷӯрабек Муродов дар Душанбе гуфт, “ман фикр мекунам, ки Шуморо бояд имрӯз сафири кабири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаҳон гӯем. Чунки дар тамоми ҷаҳон дар Ҳиндустону Покистон, дар Афғонистону Амрико, Олмону Фаронса Тоҷикистонро аз ҷумла барои таронаҳои Шумо мешиносанд.”
Худаш ҳам пинҳон намедорад, ки дар бисёре аз гӯшаҳои дунё дӯстону ҳамнишинҳои зиёде дорад. Аз ҷумла, дар Узбекистону Исроилу Амрико. Муҳаббаташро ба яҳудиёни бухороӣ низ гуфт: "Ин миллатгароӣ нест, ман намояндагони ҳамаи миллатҳоро дӯст медорам. Бародарону хоҳарони яҳудии азиз дар замони Шӯравӣ ва истиқлол “Шашмақом” ва сурудҳои тоҷикиро дар Амрико, Австрия, Исроил таблиғ мекунанд. Чӣ тавр онҳоро наметавон дӯст дошт? Магар барои чунин заҳматҳояшон хурсанд намешавед? Афсӯс, ки онҳо кам монда истодаанд."
Аз чаҳор писари Ҷӯрабек Муродов кӯчактарини онҳо, Ҷонибек, пайрави падар шудааст. Ӯ дар миёни насли ҷавон маҳбубият дорад. Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, аз эҷоду овозхонӣ хаста нашудааст, аммо бисёр мехоҳад, ки насли ҷавон низ фарҳангу ҳунари пешиниёнро дар мақоми боло ҳифз кунанду бе шикасту рехт ба ояндагон ба мерос гузоранд. Ҳунаре, ки ба гуфтааш, пайваста ба ҳамбастагӣ ва оромишу боло бардоштани қадри одамӣ даъват кардааст.
Гуфтугӯ