Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҷавоне бо номи Қутбиддин Аъзамов барои матраҳ кардани мушкилаш аз сӯи масъулон, лақаби “девона”-ро гирифтааст.
Ин достон сарнавишти “Карим-Девона”, шоири мардумии аввали қарни 20-ро ба ёд меорад, ки ӯ низ зодаи қаламрави Тоҷикистони имрӯзӣ буд ва ба далели ашъори интиқодиаш ҳокимони вақти аморати Бухоро ӯро “девона” лақаб дода буданд.
Қутбиддин, ҷавоне, ки ғайри интизори пулис ва кормандони амният ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон наздик шудаву се маротиба бо нидои “Ҷаноби Олӣ”мехост, арзашро ба ӯ расонад, “девона” хонда шуд. Оқои Раҳмон садои ӯро шунида, амр кардааст, Қутбиддинро ба наздаш роҳ диҳанд. Вале масъулони ҳукумати ноҳияи Хуросон ӯро ба президент “девона” муаррифӣ кардаанд ва дар ниҳоят раисиҷумҳур низ аз сӯҳбат бо ӯ худдорӣ кардааст.
Раисиҷумҳур кайҳо ба Душанбе баргашт, вале лақаби “девона” ба Қутбиддин часпид. Ин ҷавонро ҳоло аксари мардум “Қутбиддин-девона” садо мекунанд, ки боис ба нороҳатии ӯ ва хонаводааш шудааст.
Қутбиддин Аъзамови 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон буда, як маъюби камбизоат ва таҳсилнокарда аст. Ӯ дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ин ноҳия дар ҳафтаи гузашта ҷуръат пайдо карда, хост, мушкили худу хонаводаашро бо раҳбари кишвар матраҳ кунад. Вай мегӯяд, мехост ошкоро дар мавриди фақру нодории хонаводааш, боло бурдани маоши нафақаи маъюбияш ва соҳиб шуданаш ба қитъаи замин барои сохтмони манзил бо президент суҳбат кунад, аммо нафақат муваффақ нашуд, балки ҳатто мавриди латту кӯб ҳам қарор гирифт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қутбиддин афзуд, “Ҷаноби олӣ!” гуфтам, ки президент шунида гуфт, монед, биёяд, арзашро бигӯяд. Вале раисҳо гуфтанд, ин як девона аст ва касали рӯҳӣ мебошад. Баъд маро аз назди президент дур бурда, латту кӯб намуданд. Ман девона нестам. Инро ҳама медонад. Агар девона мебудам, барои замин идора ба идора намерафтам.” Қутбиддин ҳамроҳ бо ҳамсару ду фарзандаш дар ҳавлие зиндагӣ мекунад, ки онҷо падару модар ва чаҳор бародари дигараш, дар маҷмӯъ, шаш оила ба сар мебарад, аммо номи онҳо дар феҳристи ниёзмандон барои дарёфти замин сабт нашудааст.
Он гуна ки Қутбиддин дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 18-солагияш, 95 дарсади пойҳояш дар ҳодисае сӯхта, аммо бо вуҷуди шаш соли бемори бистарӣ будан, то охир натавонистааст, ки худро табобат кунад ва ба по бархезад. Ҳоло ӯ маъюби гурӯҳи якум аст.
Саидакрам Аъзамов, падари Қутбиддин низ мегӯяд, писараш девона нест, вале масъулони ҳукумати ноҳия дар назди президент барои халос кардани худ аз вазъияти ногувор ӯро “девона” гуфтаанд. Ба гуфтаи ӯ, “намедонистам, ки писарам ба назди президент меравад, вале аз маҷбурӣ рафт. Аммо латту кӯбаш намудаанд ва “девона” гуфтаанд. Магар намебинанд, ки “девона” аст ё ҳушёр?”
Моҳистон Аъзамова, модари Қутбиддин, ки 12 фарзанди дигар ҳам дорад, мегӯяд, латту кӯб шудани ин фарзанди маъюбаш ӯро ором намегузорад: “Ман як модар ҳастам ва барои фарзандам нигаронам. Писари манро пури хун ба хона овардаанд ва илова бар ин девона гуфтаанд. Писари ман барои шикояташро ба президент расондан ба ин рӯз расид.”
Пас аз ин ҳодиса мардуми деҳ ба Қутбиддин “девона”-гӯён муроҷиат мекунанд, ки хеле барояш сахт мерасад. Ислом, яке аз ҳамсояҳои Қутбиддин аз деҳаи “Сомонӣ” -и ноҳияи Хуросон мегӯяд, Қутбиддин девона нест, аммо як ҳафта боз ин лақаб ба ӯ сахт часпидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ислом, Қутбиддин бо ҳама ҳамдеҳагон муносибати хуб дорад ва касе то ба ҳол аз вай шикоят накардааст.
Ҳарчанд масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон аз ин қазия изҳори бехабарӣ мекунанд, Убайдуллоҳи Файзуллоҳ - раиси ин ноҳия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат он рӯз президент бо 2 800 нафар мулоқоти хубе дошт, вале дар охир як марди “девона” пайдо шуда, мехост шикоят кунад: “Дар мулоқот ҷои нишаст набуд, вале дар вақти рафтани Ҷаноби олӣ як нафари камтар касал пайдо шуд, ки мехостааст бо президент салом кунаду нафақаашро зиёд кунад. Шикояти ҳамин касалманд барои нафақааш будааст.”
Дар ҳамин ҳол, аз бемористони бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон гуфтанд, дар феҳристи беморони рӯҳии ин минтақа нафаре бо номи Қутбиддин Аъзамов сабт нашудааст.
Баъзе аз сокинони ноҳияи Хуросон бо танз мегӯянд, пас аз сафари раиси ҷумҳур, Қутбиддин мисли “Карим-Девона”-и даврони амирӣ ном баровардааст. Карим-Девона, шоири мардумӣ ва зодаи водии Ҳисор, соли 1878 таваллуд шуда ва соли 1918 вафот кардааст. Вай шеърҳои ҳаҷвӣ менавишт ва амирону сарватмандони вақтро дар шеърҳояш танқид мекард. Ҳокимони аморат барои ҳамин ӯро “девона” эълон карда буданд.