Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳлиқо аз раиси ноҳияи Фархор узр пурсид


Моҳлиқо Каримова (аз рост) дар студияи Радиои Озодӣ. Акс аз бойгонӣ
Моҳлиқо Каримова (аз рост) дар студияи Радиои Озодӣ. Акс аз бойгонӣ

Як зани солхӯрдаи фархорӣ, ки чанд сол боз бо мақомот баҳси замин дорад, мегӯяд, танҳо ба шарти маъзарат хостан аз раиси ноҳия маъмурони пулис ӯро аз боздошт раҳо кардаанд.

Моҳлиқо Каримова, як сокини Фархори вилояти Хатлон, ки чанд сол боз барои як қитъаи замин бо мақомот даст ба гиребон аст, мегӯяд, танҳо баъд аз узрхоҳӣ аз раиси ноҳия аз боздошт раҳо шудааст.

Ӯ имрӯз дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, субҳи 1 октябр, замоне ки барои додхоҳӣ ба назди бинои ҳукумати Фархор рафт, маъмурони пулис ӯро дошта, ба боздоштгоҳ бурдаанд. “Онҳо гуфтанд, фақат ба шарти он ки аз Раъно Мирзоева узр пурсам, маро раҳо мекунанд,” - афзуд ин сокини Фархор.

Хонум Каримова нақл кард, барои озодияш аз тавқифгоҳ ба узрпурсӣ розӣ шуда, ҳамин тавр, роҳ сӯи утоқи кории раиси ноҳия пеш гирифтааст: “Маҷбур шудам, ба назди раис дарояму гӯям: аз мо, хурдҳо, хато мегузараду Шумо , бузургон, гузашт кунед. Раъно Мирзоева дар ҷавоб гуфт, шумо ба ҷои модарам мешавед, рафта аз пайи зиндагии худ бошед. Агар баҳси замин доред, ба додгоҳ равед.”

Ин сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, рӯзи шанбеи гузашта ба ҳузури раиси ноҳия омада, аз ӯ посухи мусбат дарёфт накарда буд ва ба ҳамин хотир субҳи чоршанбе низ омад. Худи Раъно Мирзоева, раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ин занро ба ҳеч ваҷҳ таҳқир накарда, ба боздоштгоҳ низ нафиристодааст. Хонум Мирзоева афзуд, “ин сокини ноҳия бо як ҳамсояи худ дар масъалаи замин баҳс дорад. Ман фақат гуфтам, ки рафта, ба додгоҳ муроҷиат кунад.”

Раиси ноҳияи Фархор дар идома афзуд, “ба хотири мӯи сафеди Моҳлиқо Каримова аз деҳаи “Оби Тоҳир”-и ҷамоати Ватан 104 гектар замин барои чорвояш додам. Вале дур гуфта, қабул намекунад.” Раъно Мирзоева меафзояд, тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад, то мушкили мардум зуд ҳаллу фаслу шуда, баҳсҳои зиёде пеш наоянд ва эътимоди мардум низ ба онҳо коста нагардад.

Моҳлиқо Каримова низ пешниҳоди ҷудо кардани 104 гектар замин барои чорвояшро тасдиқ кард, вале мегӯяд, он ҷо замини санглох асту ӯ ҳамчун як зани бедастёр наметавонад коре кунад. Вай мегӯяд, дар гузашта раиси собиқи ноҳия ба ӯ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда буд, ки то ҳоло барояш надодаанд ва ӯ дар талоши гирифтани ҳамин порчаи заминё аст. Ба қавли Каримова, ҳоло дар баробари ӯ беш аз 150 сокини ҷамоати “Ватан” ва “Сафармад”-и ноҳияи Фархор низ мунтазири замини наздиҳавлигианд.

Мақомоти ноҳияи Фархор дар соли 2009-ум 14,76 гектар заминро дар маҳаллаи Шаҳртеппаи ҳамин ноҳия барои бунёди манзил ба сокинон тақсим карда буд. Аммо баъдан мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ хонда, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва идомаи сохтмони манзил дар ин заминҳоро манъ карданд.

Сокинони аз заминҳои худ маҳрумшуда ба идораҳои мухталиф ва ҳатто то президент шикоят бурданд, вале баҳси ин қазия 5 сол аст, ки тӯл мекашад. Занони фархорӣ борҳо барои додхоҳӣ ба Кохи раёсати ҷумҳур ба додситонии кулл омаданд, вале талошҳояшон то кунун натиҷае надодааст. Онҳо аз тариқи расонаҳо низ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо аз додситонии кулл ва дастгоҳи президент мактуб гирифтаанд, ки асноди заминҳои онҳо қалбакӣ будааст. Худи сокинон бар ин боваранд, ки як гурӯҳ, бо шумули мансабдорони вақти маҳаллӣ, онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд. Онҳо мегуфтанд, баҳои иштибоҳи мақомотро набояд мардум бипардозад.

Моҳлиқо Каримова чанд бор барои додхоҳӣ аз Фархор ба Душанбе омада, дар тирамоҳи соли гузашта талош кард, то ҳангоми сафари пешазинтихоботии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Фархор арзи худро мустақиман ба самъи ӯ бирасонад. Вале мақомоти интизомӣ он дафъа низ монеъи вуруди ӯ ба толори мулоқот бо президент шуданд.

XS
SM
MD
LG