Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд талоши нокоми шикоят ба худи раисиҷумҳур


Яке аз мулоқотҳои мардум бо президент дар водии Вахш. Акс аз сомонаи president.tj
Яке аз мулоқотҳои мардум бо президент дар водии Вахш. Акс аз сомонаи president.tj

Бисёре аз сокинони водии Вахш мегӯянд, онҳоро нагузоштаанд, то шикояти худро мустақиман ба раисиҷумҳур бирасонанд. Эмомалӣ Раҳмон аз 6 октябр бо як силсиласафар дар навоҳии ин қисмати вилояти Хатлон қарор дорад.

Баъд аз он ки ҳеч яке аз раҳбарон натавонистанд мушкили Мустафо Қурбонов, сокини ноҳияи Қумсангирро ҳал кунанд, вай тасмим гирифт, ки арзашро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад.

Даҳҳо нафар мисли Мустафо низ чанд моҳ ба ин сӯ интизори сафари президент ба вилояти Хатлон буданд ва мехостанд, аз ӯро дар ҳалли мушкили худ кумак гиранд. Мустафо мегӯяд, дидор бо раисиҷумҳур охирин илоҷи ӯ буд, зеро борҳо ба раиси ноҳия мулоқот кард, аммо ниёзаш бароварда нашуд. “Як даҳон сухани президент” ба гуфтаи Мустафо, метавонист, мушкилро ҳал кунад.

Вақте ӯ роҳи дарозро тай карда ба макони мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон расид, мисли худаш мардуми зиёдеро дид, ки низ мехостанд, бо президент “дарди дил” кунанд: «Пеши раиси ноҳия ва дигар роҳбарон рафтам, вале натиҷа надод. 5 моҳ боз мо мехоҳем, бо президент мулоқот кунем, аммо кормандони милиса моро нагузоштанд, ки равему мушкиламонро гӯем. Мисли ман зиёд нафароне буданд, ки намондан наздик шавем, ки ҳама мушкили худро ба президент расонидани будем. Ман 12 километр рохро пиёда тай карда ба назди ҷаноб рафтем, вале нагузоштанд, ки ҳатто наздик шавем.»

Ҳамроҳ бо Мустафо, як сокини ноҳияи Қумсангир, ки худро Ҷунайдулло муаррифӣ кард, гуфт, вақте раиси ҷамоаташон огоҳ шуд, ки ӯ мехоҳад дар ҳузури президент аз беадолатӣ дар тақсими замин суҳбат кунад, ӯро аз ҳавлияш берун баромадан намондаанд ва пушти дараш ҳатто кормандони пулисро гузоштаанд, ки мабодо садояшро баланд кунад.

Яке аз мулоқотҳои мардум бо президент дар водии Вахш. Акс аз сомонаи president.tj
Яке аз мулоқотҳои мардум бо президент дар водии Вахш. Акс аз сомонаи president.tj

Шаҳрвандони оддӣ бар ин боваранд, ки агар мушкили онҳо дар сатҳи ноҳия ҳал нашуд, бояд ба раисиҷумҳур муроҷиат кунанд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳатман чорае барои ҳалли мушкили онҳо пайдо хоҳад кард. Ҳоло бисёри онҳо мегӯянд, барояшон имкон дода нашуд, то бо сарвари давлат зимни сафари ӯ ба навоҳии водии Вахши вилояти Хатлон, ки аз 6 октябр ба ин сӯ идома дорад, мушкилоти худро матраҳ кунанд.

Аммо Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир рӯзи 7 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баръакс президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия ба мардум хеле дастрас буд ва бо афроди зиёде сӯҳбатҳои ошкоро дошт: «Президент дар ноҳияи Қумсангир барои мардум дастрас буд . Зиёда аз 1000 нафар бо Ҷаноб салом кард ва ҳазор нафар сӯҳбат дошт, ягон мушкил набуд.»

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ бештар мегуфтанд, ки онҳо агар имкони мулоқот бо президентро медоштанд, аз ӯ як қитъа замин барои сохтани манзилро хоҳиш мекарданд.

Асима Қурумбоева, як зани танҳо, ки бо як фарзандаш иҷоранишин аст, ба Озодӣ гуфт, ки гоҳо ҳатто рӯи ҷойнамозаш дасти дуо мекушояд, ки бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунаду ба ӯ аз хунукназарии раиси ноҳия ва муовинонаш шикоят барад: «Агар президентро бубинам, баъди салому дуруд хоҳиш мекунам, ки барои мани зани танҳо як порча заминро диҳад, ки зиндагии осуда кунам ва дуо мекунам, ки дар пояш хоре нахалад ва зиндаву сарбаланд бошад.»

Яке аз мулоқотҳои мардум бо президент дар водии Вахш. Акс аз сомонаи president.tj
Яке аз мулоқотҳои мардум бо президент дар водии Вахш. Акс аз сомонаи president.tj

Ширкаткунандагони мулоқотҳо бо президент Раҳмон дар навоҳии водии Вахш мегӯянд, ба чунин вохӯриҳо танҳо афроди санҷидашуда роҳ дода мешаванд ва онҳо низ ҳушдор мегиранд, ки шикваю танқиде дар миён нагузоранд. Гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки дар ин ҳамоишҳо сухан карданд, асосан аз зиндагии хуб дар Тоҷикистон изҳори сипос кардаанд ва кадом шикоят ё дархости ҷиддие он ҷо садо надодааст.

Бахши аъзами сӯҳбатҳои мардум боз ҳам таърифу тавсиф аз шахси раисиҷумҳур будааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоташ бо мардуми ноҳияи Панҷ ҳатто маҷбур шуд, ба Нигора Соҳибова – донишҷӯи соли дувуми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, ки аз ӯ хеле ситоиш кард, “маслиҳат” бидиҳад, ки ба ҷои тавсифи раисиҷумҳур ва дигар мақомдорон бештар камбудҳои ҷомеаро ошкор ва мақомдоронро ба ҳалли онҳо маҷбур кунад.

Вале мансабдорони давлатӣ бар инанд, ки худи дидор бо раисиҷумҳур як ҳадяе барои шаҳрвандон аст, ки онҳоро “фараҳманд” мекунад. Абдуҷон Таваккалзода, раиси ноҳияи Панҷ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мардуми ноҳия бо хушнудӣ аз президент истиқбол карданд ва, ба гуфтаи ӯ, нафаре набуд, ки аз сӯҳбати оқои Раҳмон бенасиб монда бошад: «Бовар кунед, ки мардум хурсанд шуданд. Ҷаноби олӣ дар рӯзи ид ва рӯзи зодрӯзаш ба ноҳияи Панҷ ташриф овард, ки мардум хушҳол шуданд ва нафаре набуд, ки аз мушкилаш ҳарф занад. Ҳама дар сӯҳбати президет буданд.»

Боздид аз Панҷ дувумин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буд. Ӯ бори аввал ҳанӯз дар соли 1994 аз ин ноҳия дидан карда буд. Рӯзи 7 октябр Эмомалӣ Раҳмон аз навоҳии Қубодиёну Ҷиликӯл низ боздид кард.

XS
SM
MD
LG