Ҳалокати як омӯзгор дар Саратоғи Айнӣ бо нишонаҳои сӯхтанӣ

Бофти вируси сӯхтанӣ

Як сокини ноҳияи Айнӣ ба эҳтимоли зиёд аз бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) фавтида, 4 сокини дигари ин маҳал ва 2 сокини Панҷакент бо нишонаҳои ин беморӣ бистарӣ шудаанд.
Насиб Икромов, муовини сардори Маркази беҳдошт ва вогиршиносии вилояти Суғд рӯзи 16 июл ба Озодӣ гуфт, бемории сӯхтанӣ ба ҷавони подабон ва 3 сокини бо ҳам хешу табори деҳаи Саратоғи ноҳияи Айнӣ аз як гови гирифтори ин беморӣ сироят кардааст. Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир, беморон таҳти назорати табибон қарор доранд, вале таҳдиди сӯхтани ба ҳаёти онҳо ҳанӯз рафъ нашудааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бурузи эҳтимолии сӯхтанӣ дар шимоли Тоҷикистон



Маркази беҳдошт ва вогиршиносии Суғд мегӯяд, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории сӯхтанӣ дар ноҳияҳои Айниву Панҷакент чораву тадбирҳои тиббиву беҳдоштӣ ва байторӣ рӯйи даст гирифта шудаанд. Ба гуфтаи Насиб Икромов, маҳсулоти чорпо таҳти ташхис қарор гирифта, ба қайдгириву эмкунии саросарии чорворо ба роҳ мондаанд.

Соли гузашта дар бораи як мавриди эҳтимолии сирояти сӯхтанӣ дар рустои Навбулоқи ноҳияи Шӯрообод ва 8 мавриди эҳтимолии печидан ба ин маризӣ дар рустои Ғофилободи ноҳияи Нуробод гузориш шуда буд. Дар соли 2011 аз ин беморӣ дар ноҳияи Ҳисор чанд нафар, аз ҷумла се пизишке, ки афроди мубтало ба сӯхтаниро табобат мекарданд, даргузаштанд. Дар солҳои 2009 ва 2010 дар бораи бурузи бемории сӯхтанӣ дар Навгилеми Исфара ва дар ноҳияи Фархор низ гузоришҳое ба даст расида буд.

Сӯхтанӣ, ки бо номи сиёҳзахм, карбункул ва дар русӣ ҳамчун сибирская язва ҳам маъруф аст, як навъи хатарноки бемории сироятии чорвои хонагиву ваҳшист, ки ба одам низ сироят карда метавонад. Сӯхтанӣ маъмулан дар пӯсти инсон ё чорво реш давонда, дар як муддати кӯтоҳ маризро аз пой меафтонад ва ҳатто метавонад ба марг бирасонад. Дар аҳди қадим ин бемории қаттол бо номи "персидский огонь" ("сӯзоки форсӣ") низ маъруф будааст.