Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурӯҷи бемории сӯхтанӣ дар Исфара


Идораи назорати байтории вилояти Суғд мегӯяд, ки дар ноҳияи Исфара бемории сӯхтанӣ миёни гов ва одамон хуруҷ кардааст.

Сатторов Абдурауф, сардори идораи мазкур, гуфт, ки 3 нафар мубталои ин беморӣ бо нишонаҳои он дар пӯсти баданашон бистарӣ карда шудаанд ва як гови бемор нобуд карда, ҷасади он бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ сӯзонида шудааст. Бархе аз манобеъи расмӣ теъдоди афроди гирифтор ба сӯхтаниро дар маҳали мазкур 8 – 10 нафар мехонанд.

Ба гуфтаи А. Сатторов, идораи назорати байторӣ дар ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара, ки сӯхтанӣ дар ҳамин мавзеъ сар задааст, маҳдудият-карантин эълон кардааст. Ба гуфтаи мутахассисин, сӯхтанӣ ба одамон аз гов сироят кардааст, аз ин рӯ харидуфурӯши он ва баровардани он аз ин маҳал манъ карда шудааст. Ҳамзамон, ҳама говҳои хоҷагиҳо ва сокинони ин маҳал мавриди воксинзанӣ қарор гирифтааст.

А. Сатторов афзуд, ки сабаби хурӯҷи бемории сӯхтанӣ дар ҷамоати Навгилем ҳанӯз дақиқ маълум карда нашудааст, вале эҳтимол, ин беморӣ аз ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ҳаммарз бо ноҳияи Исфара гузашта бошад. Бар пояи гузориши расмии ҳукумати Қирғизистон, ба навиштаи хабаргузориҳои интернетии ин кишвар, аз ҷумла «Акипресс», ахиран дар вилоятҳои ин кишвар 42 нафар бемори сӯхтанӣ, аз ҷумла 6 тан дар вилояти Ботканд ба қайд гирифта шудаанд.


XS
SM
MD
LG