Чанде пеш 11 тан сокини ин мавзеъ бо гумони гирифтори бемории сӯхтанӣ шинохта шуда буд, вале пизишкони маҳаллӣ аз ин миён чаҳор нафарро бо ин иллат бистарӣ намуданд.
Саид Аламов, мудири яке аз шӯъбаҳои идораи вогиршиносӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар ҳоле онҳо ин мавзеёро зери назорат гирифтаанд, ки чанд ҳафта қабл сокинони он ҳайвоноти хӯрди хонагии гирифтор ба бемории сӯхтаниро нашинохта забҳ намудаанд.
Аммо, ба гуфтаи ӯ, хушбахтона, касе аз сокинони ин маҳал гӯшти чунин ҳайвонотро истеъмол накардааст. Ҷаноби Аламов меафзояд, “аз ҷониби муассисаҳои байтории ноҳия ва минтақа дар ин деҳа чораҳои бойториву санитарӣ гузаронида мешавад. Инчунин ҷойҳои забҳи ҳайвонот низ пурра безарар гардонида шуд. Хушбахтона, вазъият дар ноҳия дар нисбат ба бемории сӯхтанӣ нигаронкунанда нест”.
Ҷаноби Аламов дар идомаи сӯҳбат афзуд, ки ҳамакнун дар тамоми минтақаи Кӯлоб ҷиҳати огоҳонидани мардум аз хатари бемории сӯхтани корҳо идома доранд. Ба гуфтаи ӯ, бемории сӯхтанӣ аз қабили бемории сироятии хавфнок маҳсуб меёбад, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад.
Дар ҳамин ҳол дар пайи санҷишҳои идораи байтории минтақаи Кӯлоб низ миёни ҳайвонот бемориҳои дигар низ кашф шудааст. Вафо Салоҳев, сардори идораи байторӣ дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, зимни санҷиш наздик ба дусад ҳайвони хурд ва калони шохдори гирифтори бемории буғумдард пайдо шуд.
Тайи соли ҷорӣ барои аввалин бор аст, ки миёни ҳайвонот ва одамон дар ноҳияи Фархор бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар ноҳияи Мӯъминобод низ ду тан бо гумони гирифтор ба бемории сӯхтани бистарӣ шуда буд, вале ташхисҳо собит карданд, ки онҳо ба ин беморӣ сироят наёфтаанд.
Фавти одамон аз ҳисоби бемории ҳайвонот давоми соли ҷорӣ то ҳанӯз ба қайд гирифта нашудааст.