Ҳудуди 30 тан аз кормандони маҳаллии пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб субҳи чоршанбеи 15-уми апрел нахуст дар дохили пойгоҳи низомии Русия ва баъдан қисмате аз онҳо дар беруни ин пойгоҳ гирди ҳам омада ва талаб доранд, ки маоши шашмоҳаашон пардохта шавад.
Марзия Умарова, яке аз коргарони маҳалли пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб чоршанбеи 15 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ба ҳайси фаррош дар ин дарун фаъолияти меҳнатӣ дорад. Ба гуфтаи хонуми Умарова, маоши се моҳи соли 2014 ва ду моҳи соли 2015 ба онҳо пардохт нашудааст. Ӯ мегӯяд, вақте кас дар мавриди маош лаб мекушояд, ба ӯ таҳдид мекунанд, ки дар ин маврид сӯҳбат накунад.
Хонуми Умарова афзуд: «Маоши мо аниқ нест. Аввал 800 сомон буд, билохира онро ба 700 сомонӣ поин бурданд, вақте пурсон шудем, гуфтанд, ки ин аз боло меояд ва хуллас чӣ хеле хоҳанд, дар масоили маош ба мо рафтор мекунанд. Ҳатто дар баъзе аз хабарномаҳои маошдиҳӣ муҳр дида намешуд. Махсусан дар ҳамин фирма мо, чор зан, кор мекунем шароитамон хело сангин аст.»
Ҳоло гуфта мешавад, шумори кормандони маҳаллӣ танҳо дар пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Кӯлоб наздик ба 100 нафар аст. Ба сурати умум дар бахшҳои ин пойгоҳ дар Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони маҳаллӣ бо корҳои тармиму поккорӣ машғуланд. Моҳонаи онҳо аз 500 то 1000 сомониро ташкил медиҳад. Бархе аз ин кормандон мегӯянд, барояшон гуфта шудааст, ки дар гирифтани дастмузд онҳо бояд то хатми низоъ дар Украина сабр кунанд.
Аммо масъулони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта гуфта буданд, ки пардохт нашудани маоши кормандони маҳаллӣ ба бӯҳрони Украина рабт надорад ва ҳеч корманди пойгоҳ ҳам чунин нагуфтааст, зеро пойгоҳ бо ширкати русии “Бит Сервис-плюс” шартнома дорад ва ин ширкат масъули пардохти музди кормандон аст.
Бозоралӣ Болтаев, як тан аз коргарони дигари ин пойгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, нахуст назди фармондеҳи пойгоҳ рафтанд ва мушкилоти пардохт нашудани моҳонаи шашмоҳаашонро матраҳ карданд ва фармондеҳ ҳам ваъда кардааст, ки ҳатман маошашон пардохт хоҳад шуд. Ба гуфтаи Болтаев, кормандони маҳаллӣ боварӣ надоранд, ки маоши онҳо пардохт мешавад, зеро ширкате бо номи “Бит Сервис-плюс”, ки онҳоро ба кор гирифтааст, бояд барҳам хӯрад.
«Ин гуна ваъдаҳо муддати як сол боз ба мо коргарон дода мешавад, вале пас аз он ки муроҷиат мекунем, раҳбари мо иваз мешавад ва бо ҳамин мушкили мо ҳалношуда мемонад. Ҳоло мо ба тамоми ниҳодҳои марбута, аз ҷумла додситонӣ дар масъалаи расидагӣ ба мушкилотамон муроҷиат кардем, аммо то кунун мушкили мо ҳал нашудааст», - гуфт мусоҳиби мо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кормандони маҳаллии пойгоҳи ҳарбии Русия тибқи шартномае кор мекунанд, ки онро филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Бит Сервис-плюс” имзо кардааст. Дафтари марказии он дар Русия ҷойгир буда, маблағҳо аз Русия ба ин ширкат ворид шуда, ба коргарони маҳаллӣ пардохт мешавад.
Фатҳуллоҳ Тиллоев, собиқ директории ширкати “Бит Сервис-плюс” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинобар пардохт накардани маоши кормандон маҳаллӣ, кори онҳо ба додгоҳ расидааст. Ӯ мегӯяд, ҳатто корхона аз худи ӯ низ қарздор аст ва маблағашро то кунун пардохт накардаанд.
Ӯ гуфт: «Аз ҳисоби ҳамин қарз прокуратураи Русия бо прокурори Тоҷикистон кор бурда истодаанд. Аслан мо филиал будем. Вале дар мавриди саривақт пардохт нашудани маош бошад, пулро Маскав гузаронидагӣ нест. Аммо дар мавриди шаш моҳ пул нагирифтани коргарон бошад, ин воқеъият надорад. Аммо ду ё се моҳа пулашона аниқ гирифтагӣ нестанд. Ҳоло бошад, ин корхона аз худи манн низ қарздор аст.»
Ҳарчанд мо талош кардем, то ба роҳбарияти нави шикати “Бит Сервис-плюс” дар тамос шавем, кормандони ин ширкат дар зангҳои пай дар пайи мо посух нагуфтанд.
Баҳси маоши кормандони ғайринизомии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон аз охири соли гузашта ба ин сӯ идома дорад. Ҳоло кормандони ин маҳаллӣ маҷбур шудаанд, ки расман ба президенти Русия Владимир Путин мактуб нависанд, то мушкилашон ҳал гарданд. Ба гуфта кормандон ҳафтае қабл боз як мактуби дигар ба вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу навиштаанд.
Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорад, ки тибқи шартномаи ду ҷониба бояд то соли 2049 дар ин ҷо бимонанд. Теъдоди низомиёни Русия дар хоки Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор нафар ҳисоб шуда, ин бузургтарин пойгоҳи Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.