Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Русия ба Тоҷикистон нерӯи бештар мефиристад?


Русия барои таҳкими нуфузаш дар Осиёи Марказӣ талошҳои ҳамаҷониба анҷом медиҳад ва ҳадафаш на танҳо "Давлати исломӣ", балки нуфузи Ғарб ва Чин дар ин минтақа аст, менависад Маркази таҳлилии Стратфор.

Дар як моҳи ахир мақомоти Русия бори панҷум аст, ки аз эҳтимоли баҳам хӯрдани вазъ дар шимоли Афғонистон ва "сироят"-и ноамниҳо дар Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳанд. Аз ҷумла, танҳо Анатолий Антонов -- муовини вазири дифои Русия бори сеюм аст, аз ҳузури нерӯҳои "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дода, ба омодагии кишвараш дар расидагӣ ба ташаннуҷи авзоъ дар минтақа таъкид мекунад.

Вай рӯзи 9 апрел дар саҳифаи Твиттери вазорати дифои Русия навиштааст, "бо ёрӣ додан ба Тоҷикистон, мо Русия ва, ҳамин тавр, кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъиро, ки муттаҳидони моянд, ҳимоят хоҳем кард."

Ин мақоми баландпояи Русия рӯзи 11 апрел дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА "Новости" гуфт, "вазъият ҳамчунин аз он лиҳоз сангинтар мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО зимни рӯйдодҳои Украина ҳамаи дастовардҳои ҳамкории худ бо Федератсияи Русияро аз байн мебаранд. Бо ин баҳона барномаҳои ҳамкорӣ ва кӯмаки якҷоя ба Афғонистон қатъ шудаанд." Дар чунин ҳолат, ба ақидаи Антонов

Анатолий Антонов
Анатолий Антонов

дурнамои вазъ дар Афғонистон бо эҳтимоли "рехтан"-и он ба Осиёи Марказӣ ба Русия ва ҳампаймонҳои он таҳдид мекунад ва ҳамчунин бад шудани вазъият дар марзи Афғонистон бо Туркманистон ба мушоҳида расидааст.

Дар ду ҳафтаи ахир нишасти намояндагони аршади Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ва сарони хадамоти амнияти кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) бо баррасии ин масъалаҳо баргузор гашта, як ҳамоиши дигари байнулмилалӣ дар нимаи дувуми моҳи апрел дар Маскав ҷараён хоҳад ёфт.

Пештар фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон генерал-майор Евгений Тубол гуфт, шумораи сарбозони ин пойгоҳ дар панҷ соли оянда ба 9000 нафар хоҳад расид. Тубол ҳамчунин аз таъмин шудани пойгоҳ бо навтарин намунаҳои силоҳи Русия хабар дод ва афзуд, вазифаи асосии пойгоҳ таъмини амнияти миллии Русия ва ҳампаймонҳои он дар Осиёи Марказӣ, мусоидат ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон "ба зидди таҷовуз аз қаламрави Афғонистон, ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ

ва ҳарбӣ дар кишвари мизбон, таъмини қабули ҷузвутомҳои Русия дар ҳудуди Тоҷикистон ҳангоми ҳалли ҳолатҳои бӯҳронӣ ва амалиёти муштарак дар ҳайати гурӯҳи якҷояи нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон аст".

Яке паси дигар мансабдорони Русия мегӯянд, "Тоҷикистон форпости мо дар мубориза бо терроризм ва чолишҳову таҳдидҳои дигар аст" ва зоҳиран, мақомоти Тоҷикистон низ аз ин эъломияҳо ҳимоят мекунанд ва мехоҳанд, аз ваъдаи Русия барои кӯмаки баробар ба 1,2 миллиард доллар таҷҳизоти ҳарбӣ истифода кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дақиқан аз чиҳо иборат будани ин кӯмак дар ҳеч куҷо гуфта намешавад.

Як манбаи наздик ба Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, то ҳанӯз ҳеч гуна феҳрасти чунин кӯмаки Русия ба Тоҷикистон таҳия нагаштааст. Манбаи дигари ҳарбӣ ба шарти зикр нашудани номаш мегӯяд, расонаҳо ваъдаи "кӯҳна"-и Русияро, ки дар арафаи имзо шудани тамдиди пойгоҳи 201 шуда буд, ҳамчун як нақша ва барномаи нав пешкаш кардаанд. Соли 2012, бо имзои ин қарордод замони ҳузури пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Аз он вақт то ҳоло на мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷиикстон нагуфтаанд, ки аз ваъдаи кӯмакҳои бузурги Маскав ба ҳарбиёни тоҷик чӣ расидааст?

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар ин пасманзар эълонҳои мақомоти Маскав дар бораи ҳифзи минтақа аз ҳамлаи Толибон ё гурӯҳи "Давлати Исломӣ" дар Тоҷикистон ҳамовозӣ пайдо мекунанд. Сарони ситодҳои кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ рӯзи 9 апрел дар як нишаст дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд гуфтанд, барои муқобила бо таҳдиди эҳтимолии созмони "Давлати исломӣ" дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд. Генерал-майор Зариф Шарифзода, сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон ин нишастро "босамар" хонд ва гуфт, мавзӯи асосӣ вазъ дар Афғонистон ва таҳдиди нерӯҳои "Давлати исломӣ" буд.

Валерий Семериков, муовини дабири кулли СПАД ё ОДКБ, фаъол шудани нерӯҳои "Давлати исломӣ"-ро дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро "таҳдиди ҷиддӣ" барои амнияти на танҳо кишварҳои узви ин созмон, балки тамоми ҷаҳон унвон кард. Ӯ дар посух ба саволи Озодӣ дар бораи он ки ин созмон чӣ чораҳои мушаххасе ҷиҳати муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии ин созмон рӯи даст гирифтааст, гуфт, "дарвоқеъ, фаъол шудани ин созмон дар марзи Тоҷикистону Афонистон ба назар мерасад ва мо ҷиҳати бартараф кардани таҳдиди он ба амнияти кишварҳои узви ин созмон омодаем ва нерӯи кофӣ дорем."

Николай Бордюжа
Николай Бордюжа

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ моҳи гузашта дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, дар сурати зарурат нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ин созмон то се рӯз ба марзи Тоҷикистон хоҳанд расид. Ин изҳороти Бордюжа норозигии Кобулро ба вуҷуд овард ва мақомҳои афғон гуфтанд, агар таҳдиде аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳаст, ҳарду ҳамсоя омодаанд муштаракан ин гурӯҳҳоро нобуд кунанд.

Аз сӯи дигар, Маркази таҳлилии Стратфор менависад, ҳарчанд Русия ба эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ дар минтақа ва вуруди гурӯҳҳои тундрав ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон ишора мекунад, дар ду даҳаи гузашта ин кишварҳо тавонистаанд, шабохуни дастаҳои ситезаҷӯро ба қаламрави худ хунсо кунанд. Ин марказ эҳтимоли "сироят"- и ноамниҳои Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ночиз мешуморад ва бар ин аст, ки Маскав хостори афзоиши нуфуз дар минтақа аст, то ба таъсири Ғарб ва Чинро, ки дар пасманзари бӯҳрони Украина рӯ ба густариш дорад, муқовимат намояд.

Вале дар ҳоле ки бӯҳрони иқтисодӣ домангири Русия буда, зарфиятҳои онро ба маротиб коҳиш додааст, иҷрои чунин нақша барои худи Маскав сангин тамом хоҳад шуд. Русия дар ин ҷо ба озмоиши бузурге рӯбарӯст ва таҳдиди гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин байн яке аз чолишҳои зиёди он ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG