Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 70 миллиард ёрии Русия ба артиши Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бархе аз расонаҳои русӣ навиштанд, ин ёрӣ барои мубориза бо "Давлати исломӣ"-ст. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин кумакҳои Русия дар чорчӯби як қарордодест, ки соли 2014 имзо шудааст.

Расонаҳои Русия рӯзи ҷумъа аз 70 миллиард рубл, муодили 1 милларду 230 миллион доллар ёрии ҳарбии ин кишвар ба артиши Тоҷикистон хабар доданд. Нашрияи "КоммерсантЪ" бо такя ба манобеи худ дар вазорати дифои Русия навишт, ин кумак солҳои наздик ба ҷониби Тоҷикистон ироа шуда, аз силоҳи оташфишон, муҳиммоти ҷангии нерӯҳои ҳарбии ҳавоӣ, артиллерия, таҷҳизоти алоқа, системаи мушакии зидди ҳавопаймо иборат аст.

Фақат дар бахши ҷустуҷӯи "Яндекс" дар ин бора то ҳоло бештар аз 120 хабар пайдо шудааст ва баъзе аз расонаҳои русӣ гуфтаанд, ин кумакҳои низомии Маскав барои ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ст. Дар ҳоле ки ин хабар дар пайи сафари Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ба Душанбе ва сӯҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳамкории ҷонибҳо ва хатари “Давлати исломӣ” аз сӯи Афғонистон нашр гардид.

Ӯ рӯзи панҷшанбе дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, “вобаста ба бесуботӣ дар Афғонистон, ки дар баробари гурӯҳҳои ифротии ҳаракати исломии Узбакистон ва Ал-Қоида акнун “Давлати исломӣ” ҳам реша медавонад, мо дар мавриди тавсеаи кумакҳои низомиву фаннӣ ба Тоҷикистон сӯҳбат кардем.”

Аммо масъулони вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ин ёрии Русия дар чорчӯби барномаи азнавсозӣ ё муҷаҳҳазгардонии артиши Тоҷикистон сурат мегирад, ки тобистони соли 2014 миёни Душанбе ва Маскав ба имзо расидааст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи шанбеи 4 апрел гуфт, “барномаи азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз се марҳила иборат аст. Лекин татбиқи амалии ин барнома ҳанӯз пурра сурат нагирифтааст. Танҳо дар ҳамин сол як гуруҳи хурди мутахассисонро дар пойгоҳи 201-и Русия дар кишвар омода карданду бас.”

Маҳмадалиев афзуд, ҳанӯз артиши Тоҷикистон кумаки нақде дар доираи ин барнома аз Русия нагирифтааст ва маълум нест, ин 70 миллиард рубли гуфтаи Маскав низ аз ёрии моддӣ иборат аст, ё техникӣ. “Агар дақиқ шавад, ҳатман хабардор мекунем,”-таъкид дошт ӯ

Дар мавриди он ки бисёре аз расонаҳои Русия ҳадс мезананд, ин ёриҳо барои мубориза бо гуруҳи “Давлати исломӣ” ва ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, сухангӯи вазорати дифоъ гуфт: “Азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳ, ки шуд, ҳадаф пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳост. Вале ин ёриҳо махсус барои мубориза бо “Давлати исломӣ” ном надорад. Мо дарвозаи ҷанубӣ барои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳисоб мешавем ва ин кумакҳо барои ҳимоят аз ин дарвоза аст.”

Пештар аз ин, Игор Лякин-Фролов - сафири Русия дар Душанбе аз афзоиши ҷангиён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори ташвиш карда, гуфта буд, Маскав тамоми талошашро барои ҳифзи ин хатти марз хоҳад кард. Фролов, ки рӯзи 20 январи соли ҷорӣ дар натиҷагирии фаъолияти яксолаи пойгоҳи 201-и Русия ва вазифаҳояш дар соли 2015 дар Душанбе сӯҳбат мекард, афзуд, “марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади ягонаи кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба шумор рафта, назорату таҳкими он хусусан дар ин шабурӯзе, ки аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ҷангӣ дар он сӯи марз хабарҳои ташвишбарангез мерасад, муҳим аст.”

Изҳороти сафири Русия дар Тоҷикистон дар мавриди таҳдиди ҷангиён дар ҳоле садо дод, ки мақомоти амниятии Афғонистон низ аз ҳузури афзояндаи гурӯҳҳое, ки ҳамакнун худро ҷузве аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” медонанд, ҳушдор додаанд. Мақомоти Афғонистон тахмин мекунанд, шояд тамоми гурӯҳҳои тундрав ба оҳистагӣ бо супурдани байъат парчамҳои худро ба парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” иваз кунанд.

Ҳарчанд бархе аз мақомҳои Тоҷикистон вуҷуди чунин хатарро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, изҳороти ахир аксаран воҳимаанд ва онҳо аз мардум хоста буданд, ки бо оромиш ба зиндагии рӯзмарраи худ идома бахшанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис дода ва мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар ҳайати ин созмони тундрави мазҳабӣ беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла то 300 нафар аз Тоҷикистон, меҷанганд. Ин ҷангиён, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон чандин бор таҳдид кардаанд, ки “ҷиҳод”-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд намешавад, балки дар оянда ба Осиёи Марказӣ ҳам густариш дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG