Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Тоҷикистон форпости мост


Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов
Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов

Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов ба вазири дифои Тоҷикистон ваъда додааст, ки Русия барои таҳким ва таъмини нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар тамоми кумаки лозимро хоҳад расонд.

Муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов, ки бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон шудааст, рӯзи 27 январ дар мулоқот бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо гуфт, вазорати дифои Русия бо расондани кумак ба нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалан амнияти худи Русияро қавитар мекунад. Хабаргузории русии ТАСС аз қавли Антонов иқтибос кардааст, ки дар Душанбе аз ҷумла гуфтааст: “Мо мӯътақидем, ки бо таҳкими Тоҷикистону таҳкими нирӯҳои мусаллаҳаш, мо амнияти Русияро таҳким мебахшем.”

Ба ақидаи ин мақоми баландпояи нирӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар вазорати дифои он кишвар умури равобити байналмилалиро бар ӯҳда дорад, “ алтернативаи дигаре, ба ҷуз аз ҳамкорӣ ва рушди мушорикат надорем, чунки ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия дар рӯбарӯи айни чолишҳо қарор гирифтаанд.”

Анатолий Антонов, бино ба гузориши ТАСС, суханони вазири дифои Русия Сергей Шойгуро ба ҳамтои тоҷикаш расондааст, ки гуфтааст: “Хоҳиш мекунам, дар ояндаи наздик барои таҳкими бештари нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тамоми кори мумкинро анҷом диҳед.”

Антонов гуфт, Маскав дарк мекунад, ки “Тоҷикистон форпости мо дар мубориза бо терроризм ва чолишҳову таҳдидҳои дигар аст” ва вазорати дифои Русия “тамоми кори аз дасташ меомадаро хоҳад кард, то нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурқувват, қудратманд, пурҳаракат, ҳирфаӣ ва муҷаҳҳаз бо таслиҳот ва техникаи низомии муосир бошад.”

Шералӣ Мирзо бо генерали амрикоӣ Вилям Фрезер
Шералӣ Мирзо бо генерали амрикоӣ Вилям Фрезер

Генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ба навбати худ дар ин мулоқот бо Анатолий Антонов ба зарурати омодагӣ барои муқобила ба таҳдидҳои нав таъкид кардааст: “Дар пасманзари ончи ки дар дунё мегузарад – аз Украина то кишварҳои араб, таҳримот ва мушкилоти дигар – ман фикр мекунам, ки моро зарур аст, то ба расидагӣ ба ончи ки мегузарад, омода шавем.”

Шералӣ Мирзо ҳамчунин гуфт, артиши Тоҷикистон бояд ба мардуми ҳам ин кишвар ҳам ба мардуми Русия замонат бидиҳад, ки “амнияти онҳо ба таври мустаҳкам таъмин шудааст.” Ӯ аз Русия барои кумакҳое, ки ба Тоҷикистон мерасонад, изҳори сипос кард.

Анатолий Антонов - муовини вазири дифои Русия бо сафари серӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 27 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, талоши Русия барои таҳкими нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба он марбут донист, ки Тоҷикистон сипари ҷанубии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, Русия ҳамеша талош кардааст, то аз амнияти кишварҳои узв ҳимоят кунад. Ҷаноби Маҳмиадалиев афзуд, “Тоҷикистон сарҳади ҷанубии кишварҳои ИДМ аст ва бо Русия ва дигар кишварҳое, ки санаду созишномаҳое, ки ба имзо расидааст, ҷиҳати кумак ба ни руҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба тадриҷ амалӣ шавад.”

Ҷаноби Маҳмадалиев мегӯяд, ҷониби Русия омодаи кумак барои навсозии ниргҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, вале ҳанӯз миқдори маблағ ва таҷҳизоти ироашаванда мушаххас нест. Аммо сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон афзуд, ки ҳайате, ки ҳамроҳи Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия ба Тоҷикистон омадааст, ниёзҳои ҷониби Тоҷикистонро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳад.

Иддае аз таҳлилгарони умури низомӣ, ба сароҳат изҳори омодагии ҷониби Русия барои кумак ба нируҳои мусаллаҳ ва он ҳам комилан мудерниза кардани Артиши Тоҷикистонро маншаи нигаронии мақомоти Тоҷикистон ва Русия аз фаъолиятҳои терористии гуруҳҳое чун “Давлати исломӣ”, Толибон ва ғайра дар бархе аз кишварҳои минтақа ва ҳатто, Афғонистон, ки ҳамсояи Тоҷикистон аст, медонанд.

Генерал Нуралишоҳ Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бар и н бовар аст, ки Русия ҳатман ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард, Зеро ба гуфтаи ҷаноби Назаров, “таҳдидҳое, ки вуҷуд дорад, хеле воқеӣ ва ҷиддӣ мебошанд ва бояд нодида гирфта нашавад. Иттилооте дар робита ба таҷаммуъи нируҳо дар шимоли Афғонистон ва ҳамчунин “провакатсияҳое, ки марз дар ин авохир сурат мегирад, водор месозад, то нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ба хусус марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мустаҳкам карда шавад.”

Ҳатто генерал Нуралишоҳ Назаров, ки замоне ҷонибдори берун шудани марзбонони рус аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон буд ва ин амр ҳам дар соли 2005 анҷом шуд, ҳамакнун мегӯяд, вазъи феълӣ дар ҷаҳон ва минтақа эҳтимол дорад, дубора марзбоонони русро ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон биорад.

Чун ба таъкиди вай ҳарчанд марзбонони тоҷик дар ҳифзу ҳимоячи марзу буми хеш қодиранд, аммо Русия ҳатман метавонад дар мубориза алайҳи тероризм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба Тоҷикистон кумаки амалӣ кунад.

Аммо Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ талоши ахир Русия барои мутсаҳкам кардани нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба рақобатҳои геополитикӣ рабт медиҳад.

Ҷаноби Ҷалилов мегӯяд, “ҳам аз ҷиҳати геополитикӣ ва геостратегӣ Русия ҳисс карда истодааст, ки агар чун пештара ба ваъдаҳояш дар заминаи кумак ба Тоҷикистон вафо накунад, Тоҷикистонро аз даст хоҳад дод. Ин табиист. Чун сиёсат манфиат аст. Тоҷикистон чандин маротиба ба умеди кумаки Русия шуда манфиатҳои худро бохт. Ба ин далел ин маротиба Русия агар Тоҷикистонро аз даст диҳад, барояш бохт хоҳад шуд. Чун дигар кишварҳои абарқудрат, назири Амрико, Чин ва ҳатто Ҳинд низ дар талоши тақвияти ҳузури низомии худ дар минтақа, ба хусус Тоҷикистонанд.”

Ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-фании Тоҷикистон ва Русия дар даврони истиқлол таърихи беш аз 20-сола дорад ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ асосан бо таҷҳизоти ҳарбии Русия фаъолият мекунанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон бо зикри се самти муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Русия ба тарбияи кадрҳои низомӣ барои артиши Тоҷикистон, расондани кӯмакҳои техникӣ ё фаннӣ ва табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зидди терористӣ таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар нишасти сарони созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Сочии Русия ваъдаи кумаки раҳбарони ин созмон ба тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ёддовар шуда буд. Раҳбарони СПАД низ дар ин нишаст тасмим ба кӯмак ба Тоҷикистонро карда буданд.

Дар гузашта низ чунин ваъдаҳое аз ҷониби масъулони СПАД ва раҳбарияти Русия барои тақвияти марзи 1370-километрии Тоҷикистон бо Афғонистон шуда буд, ки охирони он тахсиси маблағи 200 миллион доллар барои навсозии артиши Тоҷикистон аз сӯи Русия аст. Аммо нозирони умур мегӯянд, ки ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон, ки барои чанд даҳсолаи дигар тамдид шудааст, то андозае Русияро дар заминаи ироаи кумакҳояш ба Тоҷикистон ваъдахилоф кардааст.

Гуфта мешавад, муовини вазири дифои Русия дар ин сафар бо фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ ошно хоҳад шуд. Ин пойгоҳ бо зери 7000 аскару афсар ва гарнизонҳояш дар Душанбею Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои заминии артиши Русия ба шумор меравад.

Нирӯҳои пойгоҳи 201 ҳангоми тамрин
Нирӯҳои пойгоҳи 201 ҳангоми тамрин

Сафари Антонов дар ҳоле сурат мегирад, ки аз 3 ваъдаи асосии дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон додаи Маскав дуяш – ироаи сабукиҳо ба муҳоҷирони тоҷик ва лағви боҷи содиротӣ аз фурӯши маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон – қисман иҷро шуда, танҳо ваъдаи то 200 миллион доллар кумак ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳҳо ва техникаи низомӣ ҳамчунон дар ҳаво муаллақ боқӣ мондааст. Ва зоҳиран як мавзӯи асосии матрӯҳа дар мулоқотҳои Антонов дар Душанбе роҳҳои иҷрои ҳамин ваъда хоҳад буд.

Мавзӯи таъмину таҳкими нирӯҳои низомиву амниятии Тоҷикистон дар пасманзари таҳаввулоте, чун хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон ва дигарбора сар баровардани таҳдиди ҷангиёни исломӣ ва созмонҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ”, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ ва амсоли ин, доғтар шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон, як манбаи асосии таҳдиди ҷангиёни исломӣ 1370 километр марзи мустақим дорад, ки қад-қади рӯди Омӯ( дар саргаҳаш – Панҷ) мегузарад ва бино бар релефи мураккаби аксаран кӯҳистониаш хуб ҳифозат намешавад.

Замир Кобулов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон моҳе пеш ҳушдор дода буд, ки бино ба маълумоти дарёфтии мақомоти иктишофии Русия, ҷангиёни исломӣ дар Афғонистон барои убури марз ва густариши ҷабҳаи муборизаҳои худ ба кишварҳоли Осиёи Марказӣ дар ду самт – марзи Тоҷикистон ва марзи Афғонистон – “платсдарм” сохтаанд ва мақомоти давлатҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, низ аз ин хабар доранд.

Бархе расонаҳо ва сиёсатмадорони Русия чанд вақт боз тавони нирӯҳои Тоҷикистон барои муқобила бо таҳдиди ҷангиёни исломиро зери суол бурда, пешниҳод медиҳанд, ки бояд нирӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд. Душанбе аммо мегӯяд, тавони ҳифозати мустақилонаи ин марзҳоро дорад ва дар ин роҳ аз муттаҳидонаш ва пеш аз ҳама аз Маскав ёриҳои низомӣ мехоҳад, на эъзоми марзбонҳояш ба лаби Омӯро.

XS
SM
MD
LG