вуҷуди эътирози тоҷирон кӯч додани як бахши бузурги "Бозори марказӣ"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба бозори навбунёди "Ашроф" оғоз шудааст ва рӯзи 25 ноябр, ҳангоми боздиди хабарнигори Озодӣ аз ин маҳал, алакай растаҳои сабзавотфурӯшӣ холӣ шуда буд. Тоҷирони "Бозори марказӣ" мегӯянд, ки мақомот бори онҳоро бидуни ризояташон ба бозори нав интиқол додаанд.
Ғиёсидин Ҳоҷиматов, як нозири бозор дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "савдогаронро тарсонданд, ки агар наравед, ҳар кадоматонро 800 сомонӣ ҷарима мекунем. Тарозуи занеро, ки борашро кушода буд, шикастанд. Баъзе аз мардум ночор тан доданд."
Дар бахши ордфурӯшӣ низ коргарон барои кӯч додани бори худ омодагӣ доштанд. Хайрулло Бобоев, як тоҷири орд дар "Бозори марказӣ" гуфт, бар асоси қарори раиси ҳукумат ӯ дигар ҳаққи фурӯхтани ордро дар инҷо надорад ва маҷбур аст, ба бозори "Ашроф" биравад. "Маро ба рафтан маҷбур карда истодаанд. Лекин чӣ тавр дӯконҳои шахсиамро партофта равам? Ҷонамро ба лабам оварданд," - афзуд вай.
Чаро мақомот пештар огоҳ накарданд?
Бархе аз тоҷирони бозори маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯянд, ки бо сарфи пули шахсӣ ва қарзи бонк барои худ дӯкон дуруст карда, нав барои фурӯши маҳсулоташон муштарӣ пайдо карда буданд. Аз ин рӯ, ҷои сердаромади худро тарк карда ва дар бозори нав корро аз сифр сар намудан барояшон мушкил аст. Як зани ордфурӯш аз "Бозори марказӣ" мегӯяд, "агар аз қабл огоҳ мекарданд, ин қадар сарсон намешудем. Дар бозори нав савдоямон мемурад, қарзамро чӣ тавр ба бонк бармегардонам?"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дастури ҳукумат
“Бозори марказӣ” дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир аст ва ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, аз солҳои пеш барои онҳо ҷойи умдаи хариди маҳсулоти ғизоӣ маҳсуб меёбад. Бозори нави “Ашроф” чанд сол аз ҷониби соҳибкори маҳаллие бунёд шуда, хеле бузург ва дорои иншооти муосир, роҳои васеи мумфарш ва шароити беҳтар ба назар мерасад. Вале ин бозори нав ба далели дар канори шаҳраки Росулов ҷойгир буданаш ҳанӯз фурӯшандаву харидори зиёд надорад.
Ҳамакнун мақомоти ин ноҳия бо кӯч додани тоҷирони орду ғалла, меваю сабзавот ва гӯшт талош доранд бозори навро ба бозори асосӣ табдил диҳанд. Дар ин бора раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 12 ноябр қарореро ба имзо расонида, фурӯши ин навъи маҳсулот дар “Бозори марказӣ ”-ро манъ кардааст.
Дар ин қарор, ки нусхаи он ба Радиои Озодӣ дастрас шуд, омадааст, ки манъи фурӯши маҳсулоти мазкур ва кӯч додани фурӯшандагон ба далели посухгӯ набудани бахшҳои орду ғалл ва сабзавоту мевафурӯшии “Бозори Марказӣ” ба талаботи беҳдоштиву оташнишонӣ ва тамбашавии нақлиёт дар назди бозор гирифта шудааст.
Ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов 26 ноябр бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар қарор ҳамааш навишта шудааст” ва дигар чизеро шарҳ дода наметавонад.
Соҳибмулкон: Аз қарор шикоят бурдем
Ашӯрмат Ҳоҷиматов, соҳибмулки қисмате аз “Бозори марказӣ” бо номи “Нурмамат-Ота” дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, қарори ҳукуматро ғайриқонунӣ медонад ва бо дархости бекор намудани он ба доситонии Суғд расман муроҷиат кардааст. Ӯ гуфт, “чунки худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ки ҷойҳои корӣ созед, бемалол кор кунед, фақат шароити хуби корӣ фароҳам кунед. Аммо инҳо ба мо халал мерасонанд.”
Ба гуфтаи сокинони маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов, масълаи кӯч додани фурӯшандаҳои маводи ғизоӣ, орду ғалла ва сабзавоту мевафурӯшии “Бозори Марказӣ” ба бозори нави “Ашроф” ҳанӯз соли 2013 баъди боз шудани бозори нав сар зада буд, ки билохира бар нафъи аввалӣ ҳал шуд. Вале фурӯшандагон мегӯянд, беҳтар мебуд, агар рақобати байни бозорҳо озодона сурат мегирифт ва ҳар тоҷир дар ҷои дилхоҳи худ кор мекард. Онҳо иҷборан роҳандозӣ шудани ин корро нақзи ҳуқуқ барои фаъолияти озодонаву бемамониат медонанд.