Махфират Саидраҳмонова як зани деҳқон аст, ки дар баробари ҳосили пахтаву сабзавот, ҳамасола аз боғи хоҷагияш меваи хушку тар ҳам ба даст меорад. Аммо вай мегӯяд, меваҳои ҷамъ кардаашонро бо сабаби набуди як корхонаи мушаххас ва ҳам мушкили молӣ, аз нархи бозор хеле арзонтар мефурӯшад.
Намунаи ҳосили имсолаи боғи ин деҳқонзан рӯзи 20 ноябр дар ҳошияи Ҳамоиши занони соҳибкор дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд. Таваҷҷӯҳи меҳмонони хориҷӣ дар ин намоишгоҳ ҳам, тавре ба назар мерасид, бештар ба маҳсулоти боғи Махфират Саидраҳмонова буд.
Ба гуфтаи Махфират Саидраҳмонова, вай аз боғаш солона беш аз 6 тонна зардолу ва бодому чормағз ба даст меорад. Вай мегӯяд, ки ҳар кило зардолуи боғашро имсол бо қимати 2,5 сомонӣ ва ҳар кило бодомро 12 сомонӣ фурӯхтааст. Ҳол онки нархи як кило зардолу дар бозор 6 сомонӣ ва қимати як кило бодом то 40 сомонист. Чунин фарқи бузург байни нархи деҳқон ва нархи бозор аз омилҳоест, ки монеи рушди фаъолияти Саидраҳмонова ва соҳибкорони дигаре мисли вай шудааст.
Дар баробари Махфират Саидраҳмонова, даҳҳо соҳибкорзани дигар дар ҳамоиши занони соҳибкор маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунари дастии худро ба намоиш гузоштанд. Раъно Қосимова, соҳибкор ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Парастор” ҳам мегӯяд, ягона макони муаррифӣ ва фурӯши маҳсулоти дастбофти вай ҳамингуна намоишгоҳҳо аст. Бо вуҷуди ин, вай боварӣ дорад, ки харидорон рӯзе ба суроғи онҳо меоянд.
Фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва қоғазбозии аз ҳад зиёд дар роҳи оғози тиҷорат ва ҳамин тавр вуҷуди шумори зиёди идораҳои тафтишотиву назоратӣ, ки ҳар кадомаш аз соҳибкор, аз ҷумла аз занони соҳибкор ҳаққи худро тамаъ мекунанд, аз монеҳои умдаи рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Вале созмонҳои байналмилалие, ки занони тоҷикро ба соҳибкорӣ ташвиқ мекунанд, мегӯянд, сарчашмаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки занон метавонанд аз онҳо истифода баранд. Аз ҷумла аз тариқи ёриҳои билоивази созмонҳои байналмилалӣ. Онҳо мегӯянд, ки мутаассифона, занон аз ин сарчашмаҳои молӣ кам истифода мебаранд ва ё ҳатто дар бораашон маълумот надоранд.
Ба назари Лесли Ҳэйден, кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон, "занони соҳибкор нисбат ба мардони соҳибкор бештар фикр мекунанд, ки дар роҳи фаъолияти онҳо монеаҳо вуҷуд дорад. Аммо занон тиҷоратро хубтар пеш мебаранд. Барои занон ҳоло шароит тавассути барномаҳои мо бештар аст, то тиҷорати худро пеш баранд. Хусусан бо истифода аз барномаҳои USAID, ки барои онҳо гранту маблағҳо ҷудо мекунад."
Ҳарчанд соҳибкорзанон аз мушкилоти фаровон дар роҳи фаъолиятиҳои худ шикоят мекунанд, аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар солҳои ахир сафи занони соҳибкор афзудааст.
Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир 160 000 зан дар Тоҷикистон машғули соҳибкорианд. Аз ин шумор 126 000 нафар ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд.