Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф фурӯши ашёи мактабиро "монополия" мекунад?


Идораи маорифи Суғд дастур додааст, ки хонандагон лавозимоти мактабӣ, аз ҷумла китобу дафтар ва рӯзномаро аз мактаб харидорӣ кунанд на аз мағоза. Ин амр ба вокунишҳои мухталифи волидайн ва тоҷирон рӯ ба рӯ шудааст.

Як дастури мудири маорифи Суғд, ки гуфтааст, лавозимоти мактабии хонандагон, аз ҷумла қаламу дафтар ва рӯзнома бояд аз муассисаҳои таълимӣ харида шавад, на бозору фурӯшгоҳҳо, баҳсбарангез шудааст. Волидон мегӯянд, ин кор дахолати маҳз ба ҳаққи интихоби онҳову фарзандонашон ҳаст, аммо мақомоти идораи маориф мегӯянд, ин кор бо ризояти Вазорати маориф ва илм ва дар пайи нашри рӯзномаҳои пастсифати чинӣ сурат мегирад.

Осим Каримзода, мудири маорифи Суғд, 13 июл гуфт, соли гузашта бархе аз хонандагон рӯзномаҳои пастсифати тавлиди Чинро харида, дар нимаи сол маҷбур шудаанд, рӯзномаҳои нав бигиранд. “Аз ин ба баъд дафтару қалами хонандагонро аз ширкатҳои дохилӣ дастрас мекунем,” – афзуд ӯ.

Тайи тақрибан се сол боз мактабҳои миёнаи вилояти Суғд бо дастури идораи маориф барои хонандагону муаллимаҳои худ дар коргоҳҳои маҳаллӣ либосҳои ягона фармоиш медоданд. Ҳоло бар асоси дастури нав, ба ҷуз либоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониши онҳо низ бояд аз мактаб дастрас шавад. Шумораи умумии талабаҳои мактаб дар вилояти Суғд ҳудуди ним миллион нафарро ташкил медиҳад.

То оғози соли хониши нав дар мактабҳои Тоҷикистон якуним моҳи дигар боқӣ мондааст. Бархе аз волидон мегӯянд, ки онҳо ҳақ доранд, аз бозору фурӯшгоҳҳо дафтару қаламро ба нархи арзонтар гирифта, вақти худро сарфа намоянд, вале аз баъзе муаллимон дар бораи ҷарима шудани фарзандонашон барои ин кор таҳдид гирифтаанд. Замира Ҳамроева, сокини шаҳри Хуҷанд, ки рӯзи якуми сентябр ду фарзандашро ба мактаб хоҳад бурд, мегӯяд, як муаллим таҳдид кардааст, ки агар лавозимоти мактабиро аз бозор харанд, онҳоро ҷарима хоҳанд баст. Меҳрӣ Нозимова, мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ гуфт, ҷиҳоз ва ашёеро, ки мактаб ба талабаҳо пешниҳод мекунад, сифати паст доранд ва талабҳо онҳоро намеписанданд.

Ҳамин тавр, ин дастури нав аз ҳоло бо вокуниши манфии волидони хонандагони мактабҳои миёна ва инчунин ноширон ва тоҷирону фурӯшандагони лавозимоти мактабӣ рӯбарӯ шудааст. Бархе сокинон ин дастури идораи маорифро талоши ба “монополия”-и идораи маориф ва корхонаву ширкатҳои алоҳида табдил додани тиҷорати китобу дафтар, рӯзнома ва либоси ягона медонанд.

Вале бархе ҳам, ки шумораи онҳо зиёд нест, бар онанд, ки соҳиби либосу дафтару китобу рӯзномаи яксон намудани талабагон кори хуб аст ва бухлу ҳасудиро дар миёни талабаҳо аз байн хоҳад бурд. Орифи Комил, як сокини дигари Суғд мегӯяд, вақти бозоргардӣ надорад ва аз иқдоми идораи маориф истиқбол менамояд. Ба гуфтаи вай, ӯву ҳамсараш аз субҳ то шом кор мекунанд ва вақти хариди ашёи мактабӣ барои фарзандонашонро надоранд. Ин аст, ки пул медиҳанд ва фарзандонашон худ лавозимоти зарурии мактабиро аз муассисаи таълимӣ мехаранд.

Бобоҷони Икром, сардабири нашрияи мустақили “Варорӯд” мегӯяд, дастури идораи маорифи Суғд на танҳо ҳуқуқи ҳуқуқи интихоби сокинонро, ки ба онҳо Қонуни асосӣ додааст, балки ҳуқуқи ноширону тоҷиронро низ нақз мекунад ва рақобати озодро аз байн мебарад. Ӯ ва таҳлилгарони дигар дар минтақа бовар доранд, эҳтимол ин амр боиси баланд рафтани нархи ашёи хониш дар бозори дохилӣ низ гардад.

Вале ҷорӣ кардани фурӯши лавозимоти хониш дар мактаб беш аз дигарон тоҷирони ин навъ ашёро эҳтимоли касод шудани бозору “нимта шудани нонашон” нигарон кардааст. Дар Хуҷанд умдатарин маркази фурӯши ашёи хониш дар таҳхонаи китобхонаи марказӣ ҷой гирифтааст. Як фурӯшандаи ҷавони ин фурӯшгоҳ мегӯяд,“мо нони худро аз фурӯши ҳамин китобу дафтару қаламу рӯзнома меёбем. Ин ҷоро ба иҷора мегирем, андоз месупорем. Агар кори моро мактабҳо гиранд, мо чӣ кор кунем?”

Дар бархе навоҳии Суғд, аз ҷумла ноҳияи Ҷаббор Расулов фурӯшандаҳои лавозимоти хониш аз ин иқдоми идораи маориф ба ҳукумат шикоят бурдаанд. Онҳо гуфтанд, тиҷорати мактабҳо бозори онҳоро хоҳад кушт.

XS
SM
MD
LG